Шамсиддин Карим: «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»

Шамсиддин КаримДар ин рисола масъалаҳои марбут ба ташаккул ва ҷараёни  инкишофи созмонҳои  ғайридавлатӣ (СҒД) ва нақши онҳо дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳамчун самтҳои асосии фаъолият  ва роҳу равиши ҳамкориҳои иҷтимоии онҳо дар раванди эъмори ҷомеаи шаҳрвандии кишвар арзёбӣ ва натиҷагирӣ шудааст.

Тадқиқоти мазкур бо истифода  аз сарчашмаҳои мухталиф анҷом дода шуда, ба аҳли ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, таърихшиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони СҒД ва умуман доираи васеи хонандагони иштиёқманд  пешниҳод шудааст.

Китоб бо ин сарсухани басо пурмуҳтавои профессор Абдунабӣ Сатторзода чоп шудааст:

Муаллифи рисолае,  ки шумо,  хонандагони гиромӣ, дар даст доред, аз ҷумлаи касонест,  ки собиқаи  зиёд  ва  бобарори кор  дар созмонҳои ғайридавлатии ватанӣ ва хориҷӣ дорад, солҳои охир бо омӯзиши ҷанбаҳои назарӣ ва амалии масъалаи басо муҳими  ташаккул  ва  такомули  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул  мебошад.

Шамсиддин Каримов бовар бар он дорад, ки огоҳонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои баробар ва босамар ҷараён гирифтани бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи хеш ҳадафи ниҳоӣ қарор додааст, мусоидат хоҳад  намуд. Ва бо мақсади амалӣ гардонидани ин бовар ӯ таърихи пайдоиши мафҳум ва андешаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, таърихи таҳаввули тадриҷии онҳоро аз даврони қадим то рӯзгори кунунӣ пайгирӣ кардааст ва ба баёни мулоҳизаву мушоҳидаҳои илмию амалие дар бораи асосҳои онтологӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи шаҳрванӣ муваффақ шудааст, ки басо омӯзанда ва ибратбахш мебошад.

Бино бар шаҳодати муҳаққиқ дар илми муосир аввалин нафаре, ки мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро ҳамчун истилоҳи илмӣ ба кор бурда буд, мутафаккири асри XVII англис Томас Гоббс ба шумор меравад. Агарчи ин падидаи иҷтимоӣ, тавре ки аз бисёрҳазорсолаи ҷомеаи башарӣ дар Шарқ ва Ғарб  бармеояд, хеле ва хеле  пештар зуҳур дошт ва таваҷӯҳи андешамандоне чун Афлотун, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалии Сино, Низомии Ганҷавӣ, Хоҷа Насриддини Тӯсӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Томас Мур, Компанило, Фаронсис Бекон ва Аҳмади Донишро ба худ ҷалб намуда буд. Онҳо  аз он бо номҳои «мадинаи фозил», «утопиё» (ормоншаҳр)», «шаҳри офтоб», «атлантсиси ҷадид», «шаҳри зебоӣ», «мадинаи одила», «шаҳри некӣ», «фаромӯшхона» ва ғайра ёд овардаанд.

Мадинаи фозила (одила) ё ормоншаҳре, ки саромадони илму адаби Шарқу Ғарб бунёдашро орзу намудаанд, ҷоест, ки дар он барои бошандагонаш беҳрӯзӣ ва саодати  комил таъмин буда, онҳо  озоданд, ҳама бо ҳам баробаранд, тамоми корҳояшонро ба маслиҳату машварат ҳаллу фасл менамоянд ва ғайра. Агар  дуруст мулоҳиза шавад, метавон дид, ки дар он ҷомеаи камоли матлуб хусусиятҳои аслӣ ва зотии ҷомеаи шаҳрвандии муосир ба назар мерасад. Ва ин худ далели мӯътамади он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун  падидаи иҷтимоӣ  на шарқӣ асту на ғарбӣ, балки умумиинсонист. Аз ин рӯ, онҳое ки бо даъвоҳои бебунёд ва ғайриилмии хеш бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро, ки рукни асосии ҷомеаи демократӣ мебошад, дар кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон рад карданӣ мешаванд, ҳақ нестанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ на ҷомеаи феодалӣ, на ҷомеаи капиталистӣ, на ҷомеаи сотсиалистӣ ва на ҷомеаи коммунистӣ (болшевекӣ), балки ҷомеаи инсонӣ мебошад.

Яке аз рукнҳои асосӣ ва маъмули ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) мебошад. Ва азбаски СҒД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи иҷтимоии нав ба шумор меравад, Шамсиддин Каримов таҳқиқи хешро  дар замина  аз баёни муфассали мафҳуми «созмонҳои ғайридавлатӣ» дар низоми ҳуқуқи байналмиллалӣ, таҷрибаи ҷаҳонӣ ва қонунгузории Тоҷикистон оғоз намуда, сипас фаслҳои ҷудогонаи рисолаашро ба баррасии ҷанбаҳои истилоҳии ин мафҳум, шароитҳои таърихию сиёсӣ ва мушкилоти раванди ташаккул ва рушди СҒД дар Тоҷикистон ва махсусятҳои ин раванди такомул аз нигоҳи ташкиливу ҳуқуқӣ ва мақоми онҳо дар низоми сиёсию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус гардонидааст. Арзиши фавқулодаи ин фаслу бобҳо дар он аст, ки чунин таҳқиқот дар кишвари мо бори нахуст анҷом ёфтааст. Мушоҳидаву мулоҳиза ва натичагириҳои муҳаққиқ дар замина ҳама нав мебошанд.

Ташхис ва таҳлили самтҳои асосии фаъолият ва ҳамкориҳои иҷтимоии СҒД, ки шумораашон имрӯз дар ҷумҳурӣ  дар ҳудуди  2 ҳазор аст, ки  дигар  аз корҳои арзишмандест, ки Шамсиддин Каримов дар рисолааш ба анҷом расонидааст. Аз рӯйи  навиштаҳои  муаллиф,  самтҳои асосии фаъолият ва ҳамкориҳои иҷтимоии СҒД Тоҷикистон марбут ба соҳаҳои таълим ва маърифати шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқи инсон, таҳкими раванди сулҳ ва пешгирии низоъҳо, муносибатҳои гендерӣ, иҷтимоъ ва иқтисод, беҳдошти саломатӣ ва муҳити зист буда, онҳо бо сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмиллалӣ  ва минтақаӣ ҳамкориҳои судманд  доранд.

Шиносоии комил бо маводи илмии мавҷуда, гирдоварии маводи амалии фаровон ва донистани забонҳои хориҷӣ ба муҳаққиқ  имкон додааст, ки асари ба сатҳи илми муосир мувофиқ ва ҷавобгӯйро  биофаранд.

Имони комил дорам, ки рисолаи Шамсиддин Каримов «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» баробари  чоп шуданаш мавриди таваҷҷӯҳ  ва истифодаи  ҷомеашиносон, сиёсатштносон ва коршиносони ватанию хориҷӣ, таърихшиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони СҒД ва ниҳодҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчун устодон ва шогирдони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ  ва  алоқамандони сершумор хоҳад гардид.

Хонандагон китоби Шамсиддин Каримов «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун  ниҳоди  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ пайдо намоянд.

Адиба Мардонзода,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.