Шарҳи истилоҳ. Китобдор кист?
Китобдор, маъмури китобхона; масъули корҳои идорӣ ва фарҳангии китобхона; мутахассиси умури китобдорӣ; шахсе, ки нигоҳдорӣ, феҳристнависӣ, радабандии китобҳо ва дигар хадамоти китобхонавиро анҷом медиҳад.
Касби китобдор тақрибан 4 ҳазор сол пеш бо пайдоиш ва рушди нахустин китобхонаҳо дар Шарқи Қадим (Байнаннаҳрайн, Миср, Чин, Юнон, Рум ва Эрони Қадим) ташаккул ёфтааст.
Аввалин китобдорон котибону коҳинон буданд, ки вазифаи ҷамъоварию нигоҳдории лавҳаҳои гилӣ (баъдан тӯмори қиртосӣ, пӯст ва китобҳои коғазӣ)-ро ба зимма доштанд. Дар гузашта китобдорро китобчӣ ё китобхоначӣ мегуфтанд ва ин касб танҳо ба мардон мансуб буд.
Дар аҳди қадим ва асрҳои миёна китобдорон афроди соҳибмақому соҳибқалам, соҳиби китобхона ва масъули пешниҳоди хадамоти китобхонавӣ (гирдоварии манбаъҳои аслӣ, феҳристнависӣ, ба хонандагон дастрас кардан, ба амонат додани китобҳо ва ғ.) буда, дониши густурда ва дар шинохти мундариҷаи махзани китоб (тасҳеҳ, рӯнависӣ, таксир ва тарҷимаи китобҳои нодир), тавсияи он ба хонанда маҳорати баланд доштанд. Машҳуртарин китобдорони аҳди қадим Каллимах, Эратосфен, Батламиюс ва дигарон буданд.
Китобдор дар асрҳои 14-15 аз ҷумлаи касбҳои маъмул буд. Дар аҳди Темуриён ва асрҳои баъдӣ китобдорон афроди маъруф, донишманд, мутарҷим ва хушнависони номдор буданд (масалан, Аҳмади Дониш китобдори дарбори амири Бухоро буд). Баъзе китобдорони китобхонаҳои шахсӣ хадамоти китобдориро худашон таснифу таҳия мекарданд.
Дар гузашта барои тайёр кардани китобдори касбӣ муассисаи махсуси таълимӣ вуҷуд надошт. Китобдоронро аз ҳисоби афроди донишманд интихоб ё бо усули суннатии «устод-шогирд» (дар ҷараёни кор дар китобхона) тайёр мекарданд. Дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон мактабҳои миёнаи махсус ва олии китобдорӣ, аз ҷумла: техникуми китобдорӣ (1934); шуъбаи китобдории факултаи санъати назди Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло ДДОТ; 1967), ҳоло факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода таъсис ёфт, ки барои тарбияи китобдорони касбӣ мусоидат мекунанд.
Заҳмати китобдор бо унвони Китобдори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешуд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ. 10. – С. 174.
Муаллиф М. Нурова
Адабиёт
Сулаймонӣ, С., Шерматов, Ҷ. Таърих, тамоюл ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон (Аз оғоз то ибтидои садаи XX). – Душанбе, 2009.
Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе, 2010.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ