Шарифмурод Холмирзоев: Мехоҳам ба насли наврас бигӯям, ки синну сол монеа барои китобхонӣ нест

Шарифмурод ХолмирзоевОзмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад ва чуноне ки медонем ба анҷом расидани он рӯзҳои башумор мондаанд. Озмун миёни довталабони гурӯҳи чорум (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун) давом дорад ва мо борҳо шоҳиди он гаштаем, ки хондани китоб ва аз худ намудани ғазалу рубоӣ баро пиру барнои кишвар сол ба солу рӯз ба рӯз ривоҷ ёфта истодааст.

Холмирзоев Шарифмурод 74 сол дошта, яке аз бузурсолтарин нафаронест, ки дар Озмуни имсола иштирок намудааст. Шарифмурод Холмирзоев нафақахӯр буда, ҳамзамон роҳбари маҳфили “Китобдустон”-и МТМУ № 16 деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ  мебошад. Ӯ соли чорум аст дар озмуни пуршараф ва муҷаллои  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамасола таҳти сарпарастии Президенти маҳбуби кишвар  баргузор мешавад, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ширкат меварзад. Ногуфта намонад, ки Холмирзоев Шарифмурод ду соли аввали иштирокаш бо гирифтани ҷойи ифтихорӣ бо Ифтихорномаи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардида, соли сеюм аст, ки то ба даври ниҳоии Озмун роҳ меёбад.

Роҳбари маҳфили “Китобдустон”-и МТМУ № 16 деҳаи Шаватки Боло тайёрии пухта дида бо хондан ва азбар намудани зиёда аз 27 роман, 50 ҳикоя, 30 қисса, 10 очерк, асарҳои драммавию ёддоштӣ ва ҳамчунин  120 ғазал, 130 рубоӣ, 8 достон омадааст.

Аслан Холмирзоев  Шарифмурод бо ихтисоси химия ва биология донишгоҳро хатм карда бошад ҳам, хондан ва аз худ намудани китоб ва шеъру ғазалро аз овони ҷавонӣ завқи зиёд дошт. Ин буд, ки ӯ набераи худро роҳнамоӣ намуд ва соли гузашта наберааш Холмирзоева Шаҳдия дар номинатсия адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ  соҳиби ҷойи намоён дар даври ниҳоӣ гашт. “Аз тарафи дигар,- мегӯяд Холмирзоев, – мехостам бо иштироки худ насли наврасро ба китоб хондан водор кардаву намуна бошам, зеро синну сол монеаи  мутолиа намудани китоб буда наметавонад”.

Ба хотири ҷалби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳфили Китобдуст ташкил намудааст, ки 30 нафар аъзо дорад. Соли равон заҳматҳои Холмирзоев натиҷаи хуб дод: 10 нафар шогирди ӯ дар даври ноҳиявӣ ва 4 нафар дар даври вилоятӣ ва 1 нафар аз шогирдонаш ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаву боиси хушҳолии Холмирзоев Шарифмурод  гаштааст.

Ба ақидаи Холмирзоев барои ба пуртоқатӣ, мардонагиву диловарӣ даъъват намудани хонандагон пеш аз ҳама рӯ ба асарҳои  Садриддин Айнӣ меорем, бахусус “Ёддоштҳо”, зеро ҳаёт ва машаққатҳои нависанда хонандагонро ба қадри зиндагии осоишта расидан меомӯзад.

Шарифмурод Холмирзоев аъзои Китобхонаи миллӣ аст аз роҳбарият ва кормандони Китобхона барои фароҳам овардани шароити хуб ва муомилаи хуш бо муштариёнашон арзи сипос менамояд.

Мо ба ин иштирокчии бузургсолу ҷавондили Озмун муваффақият хоҳонем.

Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа