Ширкат ва суханронии Директори Китобхонаи миллӣ дар Конфронси байналмилалии «LIBWAY— 2024: Илм, технология ва иттилоот дар китобхонаҳо”
18 марти соли 2024 дар шаҳри Новосибирск Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «LIBWAY— 2024: Илм, технология ва иттилоот дар китобхонаҳо” ба кори худ оғоз кард. Ин конфронс аз ҷониби шуъбаии Сибирии Академияи илмҳои Русия (АИР), Китобхонаи расмии илмӣ-техникии Русия, Маркази байналмилалии компютерии Маркази илмии Федералии илмӣ-таҳқиқотии институти пажӯҳишҳои системавии АИР, Бахши илмҳои махсус, илмӣ-техникӣ ва китобхонаҳои Анҷумани китобхонаҳои Русия, Ассотсиатсияи дастгирӣ ва рушди китобхонаҳои академии Сибир, Клуби русиёӣ дар Харбин, Маркази илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши робитаҳои Русияву Чин “Харбин” ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии “Муколамаи Русия-Балкан” ташкил карда шудааст ва қарор аст то 22-уми марти соли равон идома кунад.
Дар ин ҳамоиш Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ширкат ва дар мавзӯи “Манобеъи электронии КМТ: иқтидор ва стратегияи рушд” суханронӣ кард.
Профессор Ҷумахон Файзализода аз ҷумла гуфт: Дар робита ба дигаргунии рақамии ҷаҳонӣ ҳама ҷанбаҳои умумии зиндагии умумӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои китобхонаӣ ва иттилоърасонӣ ва ҳамчунин печидагиву ноҳамоҳангии равандҳои геополитикӣ дар ҷаҳон, таҳкими зиддиятҳои иттилоотии байнидавлатӣ, масъалаҳои ҳамкории байни китобхонаҳои мо рӯз то рӯз меафзояд. Ташаккули консепсияи нави рушди китобхонашиносӣ соҳаи иттилоотӣ, амиқсозии ҳамкорӣ ва табодули таҷриба ҷиҳати таҳияи стратегияи нав, ки ба китобхонаҳои мо ва кормандони китобхонаҳо имкон медиҳад бомуваффақият ба муҳити рақамии муосир ворид шаванд, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҳоло вазифаи аслӣ ин аст, ки таҷрибаи андӯхтаро аз даст надиҳем, тамоми неъматҳои беҳтарини китобдориро нигоҳ дорем ва ба коҳиши сифати хидматрасонӣ дар китобхонаҳо ва иттилоърасонӣ роҳ надиҳем.
Сарвари Китобхонаи миллӣ афзуд: Дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ нақши муҳим доранд. Тавсеъаи сареъи онҳо мунҷар ба афзоиши давомдори ҳаҷми иттилоот шудааст. Дар ин замина василаҳои анъанавии иттилоърасонӣ ҷойро барои воситаҳои ояндадор холӣ мекунанд ва ин воситаҳо ҳамон захираҳои электронӣ мебошанд. Шакли электронии муаррифии дониш чандрасонаӣ аст, ки имкон медиҳад шаклҳои мухталифи иттилоот – матн, тасвир, садо, филмҳо, базаҳои маълумот, хидматҳои интерактивӣ ва ғайра ба ҳам оварда шаванд.
Профессор Ҷумахон Файзализод дар ҷойи дигар аз суханрониаш бо таваҷҷуҳ ба афзудани талабот ба васоли электронии таблиғи китоб иброз дошт, ки бар асоси ин, имрӯз вазифаи асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ба корбар новобаста аз дур буданаш дастрасии мувофиқ ва ҳамаҷониба ба захираҳои он, инчунин ба иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамияти ҷаҳонидошта ва дар сатҳи ҷаҳонӣ истифодашаванда саривақт пешниҳод шавад. Хушбахтона, Китобхонаи миллӣ дар айни замон ин гуна зарфиятҳо ва иқтидор дорад. Захоири электронии Китобхонаи миллӣ имкон медиҳад, ки ин гуна фаъолиятҳо роҳандозӣ шаванд. Технологияи ташаккули фонд, тарзи нигаҳдории он, инчунин шакли хидматрасонй ба истифодабарандагон тағйир меёбад.
Ба андешаи профессор Файзализода ба истифода дода шудани бинои нави Китобхонаи миллӣ дар соли 2012 ба Китобхонаи миллӣ имкон дод, ки зарфиятҳои худро дар эҷоди захираҳои электронӣ васеъ намояд. Вай афзуд: Дар Китобхона системаи нави автоматикунонидашудаи иттилоотӣ дар асоси барномаи китобхонаии «ALEPH» ҷорӣ карда шудааст, ки дар ҷаҳон як таҷрибаи пазируфташуда аст. Айни замон барои хонандагони Китобхона 230 истгоҳи автоматикунонидашуда (AWS) эҷод шудааст.
Воситаи муҳими ифшои фондҳои китобхонаҳои китобхонаҳои миллӣ каталогҳои электронӣ ва дигар системаҳои ҷустуҷӯии электронӣ мебошанд, ки садҳо ва ҳазорҳо сабтҳои библиографиро дар бар мегиранд.
Сарвари Китобхонаи миллӣ дар ин суханронӣ аз ҷумла гуфт: Ҳоло дар феҳристи электронии КМТ беш аз 713 ҳазор тавсифи библиографии китобҳои мавзӯъҳои гуногун мавҷуд аст. Он мунтазам тафтиш ва таҳрир карда мешавад.
Илова бар ин, дар Китобхонаи миллӣ системаи ҷустуҷӯии электронии «Библиограф» таъсис дода шудааст, ки корбарон имкон доранд, ки бо ёрии он бо 250 ҳазор (дақиқтараш 249217) сабти библиографии мақолаҳои 45 рӯзномаву маҷаллаҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ шинос шаванд.
Толори Захираҳои электронӣ ба корбарон ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумот, маводи таълимӣ ва илмӣ пешниҳод менамояд. Ин толор 170 ҷойи нишаст дорад ва бо навтарин абзори техникӣ муҷаҳҳаз аст.
Профессор Ҷумахон Файзализода сомонаи Китобхонаи миллиро як манбаъи муътамади дигари иттилоърасонӣ тавсиф кард ва гуфт: Ин сомона бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ фаъол аст ва аз манбаъҳои муҳими захираҳои электронӣ ба шумор меравад. Танҳо дар соли 2023 теъдоди боздидҳо ба сомонаи Китобхонаи миллӣ беш аз 223 ҳазор (дақиқтараш 223 150) нафарро ташкил додааст.
Гуфтанист, ки ин Конфронси ёдшуда дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 300-солагии Академияи илмҳои Русия гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории конфронс: муҳокима ва ҷамъбасти масъалаҳои мубрами рӯз, таҷриба ва тадқиқот дар соҳаи робитаҳои илмӣ ва ташкили илм, фарҳанги китоб ва фаъолияти китобхонаю иттилоотӣ мебошад.
Б.Шафеъ