Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар шаҳри Порис
Имрӯз, 7 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Пориси Фаронса Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ифтитоҳ шуд.
Маросими тантанавиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшид.
Ҳадаф аз баргузории конфронс пос доштани хотири Мавлоно Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандонро аз тамоми гӯшаи канори олам гирди ҳам омадаанд.
Дар Конфронс Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иштирок дорад.