“Шоҳасари мумтоз” лоиҳа-барномаи нави телевизионӣ, ки “Шоҳнома”-ро муаррифӣ мекунад

Шоҳасари мумтозШуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо телевизиони “Илм ва табиат” барномаи нави телевизиониро таҳия намуд, ки аз шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба наврасон қисса мекунад ва ҳар бахшу қисматҳои асар бо навбат дар силсилабарномаи “Шоҳасари мумтоз” мавриди суҳбат қарор хоҳад гирифт.

Баъд аз зӯҳри дирӯз дар яке аз толорҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ нашри аввали барнома сабт карда шуд. Муаллиф ва ровии барнома Абдуғаюр Саломов– сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ барномаро оғоз намуда, аз нақш ва мақоми асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” сухан рон.. Ҷараёни барномаи “Шоҳасари мумтоз” бо қироати порчаҳои назми ва таҳлили онҳо аз ҷониби хонандагон сурат гирифт. Дар бахши дигар аз “Шоҳнома”-и насрӣ, ки Сотим Улуғзода баргардон кардааст, порчаҳо аз корномаҳои Рустам, Суҳроб, Гурдофарид, Таҳмина ва ғайра қироат шуд.

Шоҳасари мумтозБояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ (935 – 1020) яке аз шоҳкорҳои бузурги адабиёти ҷаҳон буда, дар радифи беҳтарин офаридаҳои башар қарор дорад.

Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офаридани ин китоби нодир сарф намудааст. Ӯ ин асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркази тоҷикон – Сомониён дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ ва таҳдиди аҷнабиёну ишғолгарон аз ҳам пошида буд.

Барномаи аввали “Шоҳасари мумтоз” бо иштироки шираткунандагони фаъол ва ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сабт шуд.

Бино ба навиштаи устод Айнӣ «Шоҳнома»-ро Исо бинни Исфаҳонӣ дар шакли наср ба арабӣ тарҷума кардааст, ки ин тарҷума дар соли 679 ҳиҷрӣ ба аныом расидааст. Дуюмин забоне, ки ин китоб тарҷума шудааст, туркист ва ин корро асри ХVII Тотор — Алӣ Афандӣ ба анҷом расонидааст. “Шоҳнома” дар байни туркзабонони Осиёи Миёна хеле шуҳрат ёфта, аз аввали садаи ХVIII онро ӯзбекҳо низ ба забони худ мехонданд. Аврупоиён аз рӯзғор ва асари Фирдавсӣ барвақт воқиф буданд, вале онҳо ба истиқболи Фирдавсӣ замоне оғўш кушоданд, ки дар адабиёт услуби романтизм таҳким меёфт. Нахустин бор аз тарафи шарқшиносӣ англис У. Ҷонс (с.1774) тарҷума шуд. Аз байни русҳо М. Лозинский, М. Дяконов ва У. С. Бону барои тарҷумаи «Шоҳнома» қувва озмудаанд.

Шоҳасари мумтозБояд гуфт, ки «Шоҳнома» аз тамоми ҳамосаҳои хурду бузурги қаҳрамони ва миллии мардумони гуногун ба он имтиёз дорад, ки танҳо ба нақлу тасвири рӯзғори қаҳрамонон иқтифо наварзида, ҳар ҷое, ки раво дидааст, ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи худро баён кардааст. Фалсафаи шоир бештар ба сурати панду андарзҳо роҷеъ ба масоили гуногуни зиндагӣ ифода ёфтааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш бояд “Шоҳнома” – и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.

Барномаи “Шоҳасари мумтоз”-ро рӯзҳои наздик аз тариқи телевизиони “Илм ва табиат” метавонед тамошо кунед.

Наргис НАЗАРЗОДА