Шуарои Эрон. Нусрати Раҳмонӣ

Шуарои ЭронНусрати Раҳмонӣ дар соли 1929 дар Теҳрон ба дунё омад. Таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро дар мадрасаи «Носири Хусрав» ва дабиристони «Адиб» ба поён расонид ва чанде низ вориди ҳунаркадаи наққошӣ шуда, зери назари Аббос Котузиён наққошӣ омўхт ва сипас ба мадрасаи почтаву телеграф рафт ва дар он вазоратхона ба кор пардохт. Дар оғози ҷавонӣ бо Пажмони Бахтиёрӣ дўстӣ дошт ва Пажимони Бахтиёрӣ дар шеъру шоирӣ ўро роҳнамоӣ мекард. Вай дар оғози шоирӣ ашъорашро бо номи мустаори «Н-чирик» дар ҳафтаномаҳо ва маҷаллоти адабии он даврон, монанди: «Умеди Эрон», «Сапеду сиёҳ», «Иттилооти ҳафтагӣ» ва ғайра мунташир кард ва низ масули саҳафоти адабии он маҷаллот буд.

Шеърҳои Нусрат Раҳмонӣ лаҳне талх ва дардолуд доранд ва палидиҳо ва табоҳиҳои домангири иҷтимоиро ба тасвир мекашанд. Аз дидгоҳи ў зиндагӣ сар то ба по сиёҳу чиркин аст. Худи вай шеърашро «сиёҳ» меномид. Ба ҳар ҳол шеъри вай саршор аз эҳсосоти шикастхўрда аст. Забонаш сода ва гоҳ дар ҳадде кўю барзан ва омиёна аст. Вай нахустин шоири баъд аз Машрута аст, ки вожаҳо ва истилоҳоти кўча ва бозорро вориди шеъри нав намуд. Ў муътақид буд, ки ҳеҷ шоире дар тамоми лаҳзаҳои зиндагии худ шоир нест, танҳо дар порае аз лаҳзаҳо шоир мешавад. Аммо он дам шоири ростине хоҳад буд, ки бар тораки ному овоз по ниҳода, аз накбату ному нанг раҳоӣ ёбад.

Нусрати Раҳмонӣ пас аз Таваллулӣ намояндаи романизми сиёҳи солҳои 1951-1961 аст ва ҷумла шоирони дилмурдаи пас аз кудато алайҳи доктор Муҳаммад  Мусаддиқ – нахуствазири Эрон, аст,  ки бо руҳе саркашу исёнгар ва бепарво ашъори талху газандаву навмедгунаҳое суруд ва руҳи захмдидаву орзуҳо ва ормонҳои барбодрафтаро бо ҳасрат дар шеърҳояш ба тасвир кашид. Раҳмонӣ бо интишори осоре чун «Кўч», «Кавир», «Тарма», «Меъёд дар лаҷан» нишон  дод, ки зеҳну зоиқае лабрез аз ишқҳову нафратҳо ва хотироти фардиву ҷамъӣ дорад, ки дастмояи тиҷорати айнии ў аз лояҳои заррини ҷомеа аст.

Нусрат Раҳмонӣ дар се маҷмуаи аввали худ мутаассир аз фазои адабии ҳоким бар он солҳо қолаби чаҳорпораро баргузид ва баъдҳо ба шеваҳои нимоӣ ва фаронимоӣ рўй овард ва рафта- рафта дар осори баъдияш ҳамчун «Ҳариқи бод» ва «Дарв» кўшид, ки ба яъси сода ва бепирояи худ лаҳне ҳамосӣ ва амиқи фалсафӣ бибахшад.

Дар ниҳоят дар бораи Нусрат Раҳмонӣ метавон гуфт, ки вай аз ҷумлаи шуарое муваффақи муосир аст, ки дар шеър низ таъсигузор буд.

Вай дар соли 2000 даргузашт.

Аз ҷумла осори ў: «Кўч», «Кавир», «Тарма». «Меъёд дар лаҷан», «Ҳариқи бод», «Дарав», «Шамшер машуқаи қалам», «Пиёла даври дигар зад», «Ва зиндагӣ номаш», «Марде, ки дар ғубор гум шуд» ва маҷмўае аз мақолоту навиштаҳои пароканда.

Намуна аз сурудаҳои ӯ:

САЛОМ БАР  ҒАМ

Ба сўгвории мўят салом бар ғам бод,

Сиёҳчашми ҳарфи манӣ, ғамат кам бод

Ниҳоли хотира аз санги гўр мерўяд,

Шукўҳи марги азизон ҳарими мотам бод!

Ба гиряҳои ғарибонаи туам савганд,

Ки шавкарон зи лабат беҳ зи оби замзам бод!

Чӣ кўдакона бар афсун гузашт бовари ман,

Фасонаи абаси зиндагӣ дар ин дам бод!

Дар оҳи ташналабон гар сароб мерақсад,

Зи ашки сўхтагон достони шабнам бод!

                           ГИРЯ

Биё-биё, ки чу абри баҳор гиря кунем,

Ба домани сияҳи рўзгор гиря кунем.

Ба рўзи гиря басе ханда кардаем, ки ҳол

Ба ҷои ханда дар ин шоми тор гиря кунем.

Чӣ шаҳри ғамзадае, боз нест майкадае.

Барои муҳтасиби ин диёр гиря кунем.

Зи дасти худ ба сутўҳ омадем, вой афсус,

Маҷол нест, ки аз дасти ёр гиря кунем.

Ба кори ишқ, биё,  май кашему ханда занем,

Ба ҷои шеър, биё, зор-зор  гиря кунем.

                     ТОВАЛ

Баҳор мавсими гул нест,

Баҳор фасли ҷудоиву борони хун аст.

Баҳор буд, ки лола рўид аз дили санг,

Баҳор нест мавсими хирман.

Баҳор буд, ки дарди маро дарав карданд,

Баҳор мавсими  оғоз ҳеҷ гоҳ набуд.

Баҳор нуқтаи фарҷоми бесаранҷомист,

Баҳор  буд, ки гаҳвора гўри ёрон шуд.

Ман аз тааҳҳуди гаҳвораҳову гўристон

Ғамину хунинам,

Агарчи медонам,

Ки нест таҷриба ҳаргиз тамомати меъёр.

Ба ман нигоҳ макун,

Зи лошаам бигзар.

Чаҳор товали чиркин,

Чаҳор ҷайби бузург

Бидўз бар кафанат, сукут кун бигзар

Вагарна ин туву ин ман.

Вагарна ин туву ин марзҳои вайронӣ,

Баҳор буд, ки ман мондаму пушаймонӣ.

Ба ман нигоҳ макун.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.