Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ

Шуъба дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  20 марти соли 2012 таъсис шудааст.

Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:

– омӯзиш ва таҳлили рушди соҳаи китобдорӣ;

– мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии китобхона ва сохторҳои зертобеи он;

– таҳлил ва арзёбии ҳолати воқеии биною иншооти китобхона ва истифодаи самараноки он;

– омӯзиш ва пешниҳоди роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи пояи моддию техникии китобхона;

– тарҳрезӣ, таҳия ва татбиқи низоми дархостҳои кормандон ва чораҳои системаҳои далеловарии кормандон ва чораҳои инкишофи иҷтимоӣ;

– мусоидат намудан ба баландшавии захираҳои маблағ, захираҳои маводи китобхона ва иқтисодиёт, ҷалб намудани маблағҳои ғайрибуҷетӣ;

– ташвиқу тағриби фаъолияти китобхона ва бахшу шуъбаҳои он дар матбуот, радио ва телевизион;

– гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ, маркетингӣ оид ба омӯхтани талаботи иттилоотӣ ва истифодабарии китобхона, муайян намудани хизматрасонӣ ва маҳсулоти он, омӯзиши андешаи мардум оид ба кори китобхона ва сифати хизматрасонии он;

– мунтазам муайян намудани номгӯи хизматрасонӣ ва маҳсулоти иттилоотӣ;

– таъсис ва ҳамоҳангсозии хизматрасони иттилоотӣ-китобхонагӣ ва дигар намуди хизматрасонии пулакӣ дар асоси созишнома (якҷо бо шуъбаҳои китобхона) ташкил ва тарғиботи маҳсулоти чопии рекламавии китобхона (дохилӣ ва берунӣ).

 

 

Реҷаи кории шуъба:                                                          аз соати 800 то 1700

Рӯзҳои корӣ:                                                                        душанбеҷумъа

Навбатдор дар маркази нусхабардорӣ:                      шанбе ва якшанбе

Сардори шуъба:                                                                  Манонзода Абубакр Манон

Телефон барои тамос:                                                      221-04-10