Солҳои рушди илмҳои табиатшиносиву риёзӣ. Ду Дили кафтар
Дили кафтар, як навъи ангури маҳаллӣ; селексияи халқист. Дар ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Деваштич ва вилоятҳои Самарқанду Қашқадарёи Ўзбекистон парвариш меёбад. Кундаи ток ва навдаҳояш сабзи зардча, навдаҳои наврустааш сабзи равшан ва ҷилодор, навдаҳои расидааш дорчинии кушод. Баргаш миёнаҳаҷм (андозааш 15х16 см), гирда, 5-парра, серчок ва ҷилодор, рўяш суфта ё тўр-тўр, баргҳои наврустаи нўги навдааш сурхча.
Нимаи моҳи май гул карда, аввалҳои август мепазад. Гулаш дуҷинса, хўшааш калон, (андозааш 22х12 см, вазнаш 300-350 г), махрутшакл, думчааш зудшикан. Ғужбаш калони лўнда (6,0 г, вазни 100-тоаш 386-470 г), сурхтоб, мумпардаи нафис ва се дона тухм дорад.
Ғужмаш сахт, дилааш сершира ва қарсосӣ. Дар таркиби ангури расидааш 23-24% қанд ва 5 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Давраи нашваш 145-165 рўз. Токаш баъди 2-3 соли шинондан самар меорад. 28-35 дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ буда, аз ҳар га токзори он 140-280 сентнер ҳосил меғундоранд.
Барои тархўрӣ ва хушконидан мувофиқ аст. Аз касалиҳои занбўруғӣ осеб мебинад.
Дили кафтари сиёҳ
Дили кафтари сиёҳ, як навъ ангури маҳаллӣ. Асосан дар деҳаҳои Ёва ва Исфисори ноҳияи Хуҷанд парвариш меёбад. Аз ҷиҳати тавсифи ботаникӣ ва шакли баргу хўша ба дили кафтар шабоҳат дорад.
Хўшааш зич, рангаш сурхи сиёҳтоб, мумпардааш ғафси кабудча. Токаш зудсабз буда, 45-50 дарсади навдаҳояш самар меоранд.
Ба сармо, касалии гарда тобовар аст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 605.
Муаллифон: Ҳ. Маҳмадқулов, Х. Эмомов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.