Суҳбат бо наққоши мониқалам Сабзалӣ Муродзодаи Шариф бахшида ба зодрӯзаш

Сабзалӣ Муродзодаи ШарифАз мушкилоти рассомӣ, ишқи аввалу охир, баҳс бо Набиеву дӯстӣ бо Маҳкамов, нома ба Эмомалӣ Раҳмон, ҷӯрааш чинори танҳо, ёде аз Лоиқу Сайф Раҳим…

Бахши дуюм

ГИРЯИ ЗАНЕ АЗ ДИДАНИ АСАРИ «СИЁҲУ САФЕД»

Дўстам Нур Табаров як рўз занг зад, ки дар маҷаллае навиштаанд, зане ҳини тамошои асари «Илтиҷои модар» гиря кардааст. Яъне пайванди меҳри модар ба воситаи асари ман ба ин зан таъсир расондааст.

Боз мо рассомон менолем, ки мардуми мо санъати рассомиро дарк намекунанд, ба асарҳои рассомон он қадар таваҷҷўҳ надоранд. Охир нависанда, оҳангсоз, рассом, қалби миллатанд ва вақте ин дил асар меофарад, ба дили мардум ҷо мешавад. Дардеро, ки ў иброз медорад, албатта ба мардум таъсир мекунад.

Албатта, мардуми мо дар бораи санъати рассомӣ маълумоти камтар доранд. Ин ҳунар нозукиҳое дорад, ки бояд миёни мардум фаҳмонда шавад ва таблиғи асари санъатро бояд аз хонавода ва кўдакистонҳо оғоз кард.

– Аввалин асаратон чӣ гуна ба намоиш роҳ ёфт?

– Аввалин асаре, ки дар ҷавониям офаридам ва онро осорхона харид, дар васфи анорбоғи бобоям буд. Аз ман хостанд, ки бобоямро унвондор тасвир намоям, аммо ман мехостам, ки дар рӯҳияи вай ҷасорату бузургияшро нишон диҳам. Ин болотар аз нишону унвонҳои давлатист. Ин асарамро ба намоиш роҳ надоданд, ки бароям як зарба буд.

Бисёр ҷавонон дилшикаставу рӯҳафтода шуда, баъзеяшон тарки ин касб намуданд. Лекин ман ва дўстонам таслим нашудем. Хирагӣ мекарадем, дар суханрониҳоямон аз минбарҳо андешаҳоямонро рӯирост мегуфтем, ки барои ин корамон моро бад ҳам медиданд.

Боре гуфтед ман то ҳол танқид мешунавам. Чаро?

– Бо танқид баҷуръат шудам ва то ҳол танқид мешунавам. Бо чунин муносибат обутоб ёфтам. Барои ҳамин ҳамеша  шогирдонамро мегӯям, ки пурсабр бошед, мушоҳидакор бошед, аз интиқод натарсед. Ҳар қадар танқид кунанд, ҳамон қадар устувор мешавед. Интиқоде ҳаст, ки метавон ба он чандон таваҷҷуҳ накард, интиқоде ҳаст, ки бояд сари он андешид.

РАШК, БАХИЛӢ ВА БОЗ ЧИЗҲОИ ДИГАР

– Чаро ҳамеша шуморо пешпо медоданд, садди роҳатон мешуданд?

– Бахилӣ ҳам буд, рашк ҳам буд. Зеро насли мо композитсияҳое тасвир мекард, ки онҳо ҳайрон мемонданд. Мо саводи касбии олӣ доштем. Замона дигар шуда буд, стереотипҳо аз байн рафта буд. Шахсан худам ба ҳар коре даст мезадам, бо баҳра аз донишам даст мезадам.

Маош гирифта, нисфашро ба фарзандонам мегузоштаму нисфи дигарашро роҳкиро карда, ягон асарамро бо худ мегирифтаму ба Шӯрои бадеии Маскав мебурдам. Он ҷо намоиши умумииттифоқӣ баргузор мешуд. Ҳамаи ҷумҳуриҳо ширкат менамуданд. Маҷаллаҳои маъруф аз қабили “Творчество”, “Искусство” дар бораи асарҳои ман мақолаҳо чоп мекарданд. Баъд дар Тоҷикистон хабар меёфтанд  ва маро даъват мекарданд, танбеҳ медоданд, ки чаро бидуни иҷозаи мо асарҳоятро Маскав бурдӣ? Мегуфтам шумо маро роҳ намедиҳед, чӣ кор кунам? Он ҷо озодист, ҷавононро дастгирӣ мекарданд.

Дар ҳақиқат ҳам Маскав ҷавононро бисёр кӯмак менамуд. Роҳи маро Москав боз кард. Бо ман шартномаҳо мебастанд, баъд дар Тоҷикистон хабар меёфтанд.

Садди роҳи ҷавонони дигар низ мешуданд. Иншоотҳоро низ ба мо ҷавонон намедоданд. Ягон рассоми калонсол иншоотро ба номи худ мегирифт, мо ҳамроҳаш кор мекардем. Баъд мо дар пленуму ҷаласаҳо даъво ва ҳуқуқҳоямонро талаб мекардем, онҳо мегуфтанд, ки инҳо ҷанҷолиянд, миллатгароанд. Маро бори аввал ҳамон солҳо миллатчӣ гуфтанд.

Аз сензураи айёми шўравӣ бигўед.

– Дар асарам бо номи «Гусел дар меҳмонӣ» мӯйсафедеро тасвир кардам, ки писарашро, ки савори асб аст, бо дуо гусел мекунад. Он замон сензура сахт буд. Ибодат Раҳимова (Худо раҳматаш кунад) гуфт медонед, ки идеологияи ҳозира дуо доданро иҷоза намедиҳад. Гуфтам падар ба писараш дуо дода истодааст. Маро модарам (падар надоштам) ва бобоям ҳамин хел дастонашонро бардошта дуо додаанд. Маро дар хона ҳамин хел тарбия додаанд. Чаро дар хона манъ нест, дар асар мамнуъ бошад? Ў гуфт бояд динро таблиғ накунем.

Ин дин нест, урфу одати мост. Моро дар таърихи КПСС омӯзонданд, ки ҷиҳатҳои реализми сотсиалистиро риоя намоем, он чиро, ки мебинем мешунавем, тасвир кунем. Яъне воқеанигор бошем. Мо –ку ҳамин корро мекунем, гуфтам.

– Мавзуи асарҳоятонро аз куҷо пайдо мекунед?

– Ҳар чизе барои офариниши асаре такон мешавад. Масалан, марги Бобоҷон Ғафуров маро водошт, ки рўи асар. “Ҳамеша зиндаанд” ҷиддӣ кор кунам. Марги Маҳмудҷон Воҳидов низ, ки ҷўра будем ва ҳамчунин моро тарк намудани устод МирзоТурсунзода. Муддати як сол ҳарсеашон дунёи моро тарк карданду ба абадият пайвастанд. Инҳо сутунҳои миллат буданд. Асари «Ҳамеша зиндаанд» ҳамон ҷо пайдо шуд.

БАҲС БО РАҲМОН НАБИЕВ, ДӮСТӢ БО ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ

– Баҳсатон бо Раҳмон Набиев аз куҷо шуруъ шуд ба куҷо кашид?

– Бо Раҳмон Набиевич барои бинои Сирк баҳс кардем. Он вақт ӯ Сарвазири кишвар буд. Шакли ҳайвонҳое, ки барои даромадгоҳи бинои Сирк аз мис сохта будам, ба он кас маъқул нашудааст, гуфтаст бардоред инро. Ман набудам. Бояд дар ҳузури муаллиф инро мегуфт ва далелашро мефаҳмонд.

Вохӯрдем. Тупаланг бардоштам. Гуфтам чаро заҳмати маро бе машварати ман аз байн бурдед?  Ман шабҳо нахобида, бо машаққат эҷод кардам. Маош ку надодед, ақаллан дар ҳузури ман мефаҳмондед, ки чаро маҳсули ҳунарамро аз байн бурдед.

Бори дигар мулоқот кардем. Эҳтиромона гуфтам тасвири офаридаам аз шӯрои бадеӣ гузаштааст, муаллифи ин иншоот-меъмор қабул кардааст. Чаро шумо иҷозат надодед? Посух дод:

-Меъморат дигар. Мақоми ман баланд. Бояд ман қабул кунам. Рав, ба куҷое шикоят мекунӣ, кардан гир, -гуфт.

Бори дуюм соли 1990 дар театри Лоҳутӣ вохўрдем. Он вақт президент шуданӣ буд. Ин пеш азинтихобот буд.

Асари сегонаи монументалӣ «Фазои вақту замон» дар пешдолони театри Лоҳутӣ овезон аст. Як назар андохту пурсид: Ин чӣ? Исо Абдурашидов, роҳбари онвақтаи театр гуфтанд ин асарҳои офаридаи ин кас (ба ман ишора карда). Ба тасвирҳои бари девор нигоҳ карду бом ан салом кард. Моҳияти асарро барояш фаҳмондам. Бо вуҷуд гуфт, ки инро мардум намефаҳманд. Гуфтам аллакай дар борааш дар рӯзномаҳо навиштанд, аз ҷониби  мардум пазироии хуб шудаст. Ва гуфтам: Раҳмон Набиевич як бор маҳсули заҳматамро написандидаву бидуни маслиҳату машварат канда партофтед, ин бор қанотамро нашиканед, ки гапи бисёр мешунавед. Пуштам бақувват шудагӣ. Асарҳои зиёд офаридам. Ин яке аз асарҳои охирам аст. Суханам писандаш омад, хандиду ҳамдигарро оғӯш гирифтем. Ҳақ ҳамеша ҳақ аст охир.

БАХШИ АВВАЛИ СУҲБАТ 

– Бо сарвазири вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов ҳамкорӣ ва муносибати хубу дўстона доштед. Ҳатто ўро дар китобатон «ҳимоятгари мо» гуфтед. Қиссаи дўст шуданатон чӣ гуна аст?

– Бо ягон нафар узви дастаи мо ҳаргиз бо овози роҳбарӣ гап намезад. Гуё ҳамкорамон бошад. Вақте дар иншооти Кохи Борбад дар мавриди сохтмон «ҷаласа» мешуд, кор ё муҳокимаи иншоот анҷом меёфт, ҳамаро ҷавоб медод, ғайр аз ману ҳамкорам Валимад Одинаев ва меъмор. Менишастему ў аз сидқи дил гап мезад. Мегуфт ин тавр бояд кард, он тавр бояд кард, чӣ фикрҳо доред? Аз ҷо мехесту палтову мӯзаҳои корияшро мепўшид, ки либосҳояш пури лой мешуд. Коргар буд, фидоӣ буд. Ҳамроҳ ин тарафу он тараф мегаштем, маслиҳатҳо мепурсидам, ҳеч гоҳ намегуфт ман роҳбарам. Қаҳҳор Маҳкамов бисёр роҳбари хоксор ва самимӣ буд. Ин хислатҳояш маро бо ў наздик кард.

Котиби аввал буд, ҳамсарам Нозигулро ў ба кор қабул карда буд. Айёми сар задани воқеаҳои нангин Нозигул дар он ҷо кор мекард. Нафаре аз мухолифин бо номи Сабзаалӣ Шарифов, ки дар радио кор мекардааст,  аз Қаҳҳор Маҳкамов  талаби истеъфо намуда, бар зидди ў бархостааст.

Қаҳҳор Маҳкамов ёварашро даъват карда, гуфтааст, ки охир ман Сабзаалӣ Шарифовро мешиносам, наход ў чунин рафтор кунад?

Вақте мефаҳмад, ки завҷаам дар он ҷо кор мекунад, мегўяд, ўро пурсед. Нозигул мегўяд иштибоҳ кардед, шавҳари ман ақидаи мустаҳкам дорад. Ў як эҷодкор аст, ки ба сиёсат таваҷҷўҳ надорад.

Баъдан Нозигул бо коре назди Қаҳҳор Маҳкамов медарояд.

-Қаҳҳор Маҳкамович дилатон дур рафт а?-мепурсад занам бо шўхӣ. Мардаки ман ин хел одам нест.

-Медонам. Шавҳаратро хуб мешиносаму яке дилам дур рафт, кӣ медонад, ҳозир ҳодисаҳое шудаистодааст, ки…,- мегўяд ў.

Аз байн солҳо гузашт. Ў аз вазифа рафт.

Ҳарду аз як ҷой нафақа мегирифтем. Боре дар навбати нафақа истода будам, ки ҳама ба сўе нигаристанд. Ман ҳам ба ҳамон тараф нигоҳ кардам. Дидам, Қаҳҳор Маҳкамов аст. Навбатамро ба ў додам ва ба муҳосиб гуфтам нафақаи ўро бенавбат бидиҳад. Ў гуфт чаро ин корро кардӣ?

(Идома дорад)

Суҳбати Раҳима Аъзам