Тақдими васоили техникӣ ба шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби USAID
Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи лоиҳаи “Биё ҳамроҳ бихонем”, ки давоми шаш моҳ бо шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар Китобхонаи миллӣ ҳамкорӣ дошт, таҷҳизотҳои техникӣ ва дигар лавозимоти заруриро ба шуъбаи мазкур туҳфа кард. Гуфта шуд, ки мақсад аз ин иқдом дастгирии маъюбон ва беҳтар гардонидани шароиту имконот барои омӯзиш ва аз барнамоии маҳоратҳои махсуси онҳо мебошад.
Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар Китобхонаи миллӣ Саодат Набиева гуфт, ки воқеан давоми шаш моҳе, ки мо дар доираи лоиҳаи “Биё ҳамроҳ бихонем” бо ин Агентии бонуфуз ҳамкорӣ доштем, кӯмакҳои зиёде карданд, китобҳои махсус барои нобиноён дар шакли чопӣ ва электронӣ ба шуъбаи мо тақдим гардид.
Имрӯз ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд 2 адад ноутбук, 6 адад планшет, монитор HP, проектор, экрани проектор, 5 адад гушмонак, лазер барои рӯнамоӣ, рафи китоб барои намоиш, рафи китобмонии оҳанин, ҷевон барои файлҳо ва дигар лавозимотро супориданд, ки хонандагони мо аз онҳо истифода баранд.
Бояд гуфт, шуъбаи мазкур аз ҷумлаи шуъбаҳои асосии хидматрасонӣ дар Китобхона маҳсуб ёфта, пайваста барои беҳбуди дастрасии хонандагонаш ба китоб талош мекунад.
Наргис Назарзода