Таассуроти меҳмонон баъд аз тамошои Китобхона дар рӯзи Дарҳои боз

Саҳни бинои Китобхонаи миллӣ имрӯз низ аз меҳмонони зиёд холӣ набуд. Дар рӯзи дуюми чорабинии Рӯзи Дарҳои боз низ меҳмонони зиёд ҷамъ омада, бо хатсайри муайяннамудаи роҳбаладон – аз осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, инчунин аз толорҳои электронӣ, тиб, фалсафа, толори хониш ва қисми феҳристнигорӣ ва дар ошёнаи аввали бино аз шуъбаҳои кӯдакон, шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ҳунар ва қисмати бақайдгирии шаҳрвандон барои аъзо шудан ба Китобхонаи миллӣ дидан намуданд.

Тибқи омори дастрасгардида дар рӯзи аввали чорабинӣ ба Китобхонаи миллӣ зиёда аз 3 ҳазор меҳмон ворид гардида, ба шароити мавҷуда шинос гардиданд, қисмати зиёди онҳо аъзои Китобхонаи миллӣ шуда, таассуроти худро дар суҳбатҳо баён намуданд. Дар умум, фаъолони ин ҳамоиш донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи санъат ва дизайни Тоҷикистон мебошанд.

Барои онҳо асосан мусаввараи безаволи устод Сабзаали Шарифӣ, ки дар ошёнаи сеюми бино қарор дорад ва онро рассоми машҳур дар муддати қариб 20 сол офаридааст, ҷолиб буд ва онҳо суолҳои худро аз масъулони Китобхона пурсон мешуданд. Дар ошёнаи дуюми бино толорҳои хониши электронӣ ва толори тиб ва табиатшиносӣ, ки махсус барои муҳассилини риштаи тиб омода гардидааст, диққати онҳоро ҷалб намуд.

Толори тиб ва табиатшиносӣ, ки бо адабиётҳои махсуси ин соҳа муҷаҳҳаз гардидааст, бароямон бисёр писанд омад, инчунин толори хониши электронӣ, ки тамоми компютерҳо бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд” – қайд намуд Фарҳод Сайдалиев, донишҷўйи соли аввали Донишгоҳи тиббӣ, ки бори аввал ба Китобхонаи миллӣ дар рӯзи Дарҳои боз омада буд. Ҳамзамон, ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, ки “Мо метавонем ба Китобхонаи миллӣ омада, аз ин ва дигар толорҳои хониш истифода намоем. Миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки барои мо ҷавонон чунин шароитҳоро фароҳам овардаанд”

Меҳрон Раҳмонов донишҷўи дигари ҳамин донишгоҳ, ки мехоҳад дар озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намояд, аз шароитҳои ин толор ба мо чунин гуфт: “Бори аввал аст, ки ба Китобхона омадем ва хушбахтона, дар Рӯзи Дарҳои боз мо тавонистем аз тамоми махзанҳои илмии Китобхона огоҳӣ пайдо намоем. Ман бештар ба толори хониш барои иштирокдорони озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таваҷуҳ намудам, ки воқеан ҳамаи китобҳои тавсиянамуда дар ин толор мавҷуд ҳастанд. Мо баъди аъзо шудан метавонем аз ин махзан ба таври васеъ барои мукаммалгардонии дониши худ ва ояндаамон истифода намоем”

Мадина Урунова донишҷў ва Чинигул Муратова омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ба даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – дар оинаи таърих” роҳ ёфтаанд, аз мавҷудияти чунин толорҳо изҳори хурсандӣ намуда, қайд карданд, ки минбаъд аз ин хазинаи безаволи илм барои васеънамоии дониши хеш ва ғолибият дар озмун истифода намоянд.

Донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро осорхонаи китобҳои нодир ва дастхатҳои Шарқи Китобхонаи миллӣ ва китобҳои хурдҳаҷм ва таърихи қадимадоштаи он ба ваҷд оварда буд, ки барои бори аввал ба ин толор ворид гардидан, шодӣ мекарданд. Онҳо мегуянд: “Тасаввури мо дар бораи Китобхонаи миллӣ то ин андоза набуд. Минбаъд барои ҳарчи хубтар ошноӣ пайдо намудан бо махзанҳои илмӣ ва сайқал додани дониши хеш омаду рафти худро бештар хоҳем намуд.

Дар ин рўз, ҳамзамон Кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеъи он, вазорату идораҳои дигари кишвар аз меҳмонони дигари ин чорабинӣ буданд, ки дар баробари толорҳои Китобхона аз намоиши китоб – китобҳои бачагона, адабиёти ҷаҳон, қомусномаҳо ва луғатҳо, адабиёти библиографӣ, китобҳои нодир, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ва техникӣ ошноӣ пайдо намуданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ бахши асосии ин чорабинӣ маҳсуб шуда, дар он либосҳои миллӣ, лавозимоти ороишӣ ва дигар ашёҳои зебо аз сангҳои қимматбаҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Қисмати дигари ин маъракаро ҳунари рассомии донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъат ва дизайни Тоҷикистон зеби дигар бахшида буд. Толибилмони ин макон, Китобхонаи миллӣ, осорхона ва дигар мавзеъҳои таърихиро дар муддати кӯтоҳ тасвир намуда, ҳунари баланди худро нишон доданд.

Мафтуна ном донишҷўйи соли аввали Донишгоҳи давлатии санъант ва дизайни Тоҷикистон дар ин чорабинӣ тасвири Осорхонаи миллиро кашида, дар баробари дигарон ҳунари худро ба намоиш гузошт. Ӯ мегӯяд: “Ба рассомӣ аз хурди шавқу ҳаваси зиёд доштам ва хостам дар ин намоиш низ ширкат варзам, умед дорем ин гуна чорабиниҳо зиёд гарданд ва мо тавонем ҳунару истеъдоди худро нишон диҳем”.

Қайд бояд кард, ки  Рӯзи  Дарҳои боз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар арафа ва рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, меҳмонони зиёд ташриф меоваранд. Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо нишон додани фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик ва ҷалби бештари сокинон ба китобу китобхонӣ ва боло бурдани маърифаи омма мебошад.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.