Тафреҳ. Ғазали хуби баҳорӣ аз Хоҷа Ҳофиз
Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,
Ки дар дастaт ба ҷуз соғар набошад.
Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад.
Ғанимат дону май хӯр дар гулистон,
Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.
Аё пур лаъл карда ҷоми зарин,
Бубахшо бар касе к-аш зар набошад.
Биё эй шайху аз хумхонаи мо,
Шаробе хӯр, ки дар Кавсар набошад.
Бишӯй авроқ, агар ҳамдарси мойӣ,
Ки илми ишқ дар дафтар набошад.
Зи ман бинюшу дил дар шоҳидӣ банд,
Ки ҳуснаш бастаи зевар набошад.
Шаробе бе хуморам бахш, ё Раб,
Ки бо вай ҳеч дарди сар набошад.
Ман аз ҷон бандаи султон Увайсам
Агарчи ёдаш аз чокар набошад.
Ба тоҷи оламорояш, ки хуршед,
Чунин зебандаи афсар набошад.
Касе гирад хато бар назми Ҳофиз,
Ки ҳечаш лутф дар гавҳар набошад.