Ташаккули фарҳанг, маънавиёт, тарбия ва сифатҳои ахлоқии  хонандагон дар Китобхона

хонандагон дар КитобхонаДар марҳилаи муосири инкишофи ҷомеа дарки мафҳуми фарҳанги миллӣ бе омӯзиши амиқи масъалаҳои фарҳанг, маънавиёт, маориф ва ақидаҳои маорифпарварии гузаштагон имконнопазир аст. Арзишҳои фарҳангии халқи куҳанбунёди тоҷик, мероси маънавии ӯ дар давоми ҳазорсолаҳо манбаи пуриқтидори маънавиёти халқҳои Шарқ ба ҳисоб мераванд.

Қобили зикр аст, ки мероси бою гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик собит месозад, ки тарбияи ҷавонон, пеш аз ҳама, аз фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, ахлоқи баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро хислатҳои олии инсонӣ-олиҳимматӣ, дӯстӣ, росткорӣ, поквиҷдонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Олимон дуруст қайд кардаанд, ки “Китобихтирои башар, манбаи нуру зиё аст. Он раҳнамои беғаразу хирадгустарест, ки ҳамагонро ба пиндору рафтору кирдори нек хидоят менамояд ва самтҳои гуногуни зиндагиро мунаввар мекунад. Китоб ба инсон чавонмардӣ, шуҷоат, вафодорӣ озодагӣ, нангу номус меомӯзонад. Китоб инсонро ба арзишҳои маънавӣ ороста мегардонад”.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 26 декабри соли 2019 дар қатори масоили муҳими давлатӣ, инчунин, ба раванди таълиму тарбия, китобхон гаштани толибилмон, донищшҷӯён дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ дода, чунин таъкид карданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми фарҳангӣ табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён аз замони қадим тавассути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд. Зеро ба ҳамаи мо маълум аст, ки “Китобхона ин маҳзани китобҳо, муассисаи мааданию маърифатӣ, илмию ёридиҳанда буда, истифодаи оммавии маҳсули матбуот ва ҳатто дастхатҳоро фаро мегирад. Китобхонаҳо бо гирд овардан, маҳфуз доштан, ташфиқот намудан ба мутолиакунандагон машғуланд. Мақсад аз таъсис додани китохонаҳо дар рӯҳи инсондӯстӣ тарбия намудани инсон, баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ, маъданӣ ва ба омӯзиши мустақилонаи онҳо мадад расондан аст. Бояд таъкид сохт, ки вазифаи китобонаҳо мувофиқи таркиби фонди китоб ва методҳои корӣ ба ду навъи асосӣ ҷудо мешаванд: а) Китобхонҳои оммавӣ; б)Китобхонҳои илмӣ ва махсус. Китобхонҳои оммавӣ барои аз худ кардани назарияи маърифатнокӣ, баланд бардоштани маълумоти сиёсӣ, касбӣ ва умумии оммаи васеи меҳнаткашон хизмат мерасонанд… Китобхонаҳои илмӣ ва махсус ба олимону мутахассисони соҳаҳои гуногуни фан, хоҷагии халқ ва маданият, инчунин, ба мактабҳои олӣ ва миёна хизмат мерасонанд. Фаъолияти ҳамаи намудҳои китобхона, пеш аз ҳама, аз пур кардан ва ташкил намудани фонди китоб иборат буда, инчунин, ба мутолиакунандагон хизмат расонидан аст”.

Қобили қайд аст, ки китоб рукни бузурги саодати инсонӣ мебошад. Барои ҳамин ҳам, пиру барно дар ҳалли ин ва ё он мушкилоте ё афзун намудани савияи дониши худ ба китоб муроҷиат мекунанд.Чи хеле, ки маълум аст, китоб ганҷи бебаҳо буда,барои донишомӯзии инсон аҳамияти калон дарад, ки бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ моҳияти китобро дар ташаккули одамият чунин баён кардааст.

Зи доноён бувад ин нуқта машҳур,
Ки дониш дар кутуб, доност дар гӯр.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, бузургони халқи тоҷик маҳз тавассути мутолиа ва таълифи осори пурарзиш ба мақсад расидаанд. Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ҷумҳурии Соҳибистиқлоли мо садҳо китобхонаҳо дари худро ба хонандагон кушода, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сафи китобхонон бисёр шавад. Бояд қайд кард, ки дар оилае, ки китобхонӣ арзиш дорад, фарзандон бомаърифату доно ба воя мерасанд. Имрӯз, ки талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона аст, бояд кушиш намоем, ки ҳар як оила барои наслҳо маърифати китобхониро биомӯзанд, то ки оянда дар ҷомеа мавқеи худро дарёбанд ва барои таҳкими давлати соҳибистиқлоламон корҳои арзандаро ба сомон расонанд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Аз ин рӯ дониш фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меояд.

Бояд қайд кард, ки яке аз вазифаҳои асосӣ ва масъулияттноки мураббиёни муасиссаҳои томактабӣ низ дар замири тарбиятгирандагон ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани завқи китобхонӣ дар тарбиягирандагон мебошад. Инчунин мо, омӯзгорони мактабҳои умумӣ, миёна ва олиро лозим аст, ки дар зеҳни тарбиятгирандагон, мактаббачагон, донишҷӯёни худ ақидаи устуворро роҷеъ ба он, ки инсон метавонад фақат тавассути китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисоди мамолики зиёд ошно гардад, ҷой диҳем. Онҳо бояд амиқан ва огоҳона дарк карда тавонанд, ки маҳз китоб ҳамсафари ҷонии ҳар як инсон мебошад.

Маълум аст, ки адабиёти бой ва фарҳанги халқи тоҷик чеҳраҳои зиёди адабиро ба ҷаҳони илму адабӣ эҳдо намудааст, ки намоёнтаринашон устод Абуабдуллло Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор мебошанд, ки намунаи олии суханофарони ҷомеа буданд.

Қобили зикр аст, ки китоб ҳамчун чашмаи донишу маърифат дар тарғиби мероси гузаштагони мо нақши муҳим дорад. Чи хеле, ки дар матбуоти даври қайд карда шуд, ҳар сол 4-уми сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи китоб таҷлил мегардад, ки ин ба насли наврас ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбат мерасонад. Ҳамчунин, баргузории озмӯни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо амри Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони ҷиддиеро ба бор овард. Тамоми аҳли ҷомеа, асосан, рӯ ба китобхонӣ оварданд, ки ин албатта, баҳри маърифатнокшавии инсон аҳамияти басе калон дорад.

Ҷамила ҲОМИДОВА,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёти хориҷӣ