Гулчеҳра Маҳмадизода меҳмони маҳфили “Дар сӯҳбати адиб”

фуругШӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ моҳе як мартаба ин маҳфилро барпо менамояд ва ба он адибони маъруфи бачаҳо даъват мешаванд. Дирӯз меҳмони навбатии маҳфил нависандаи маҳбуби кӯдакон Гулчеҳра Маҳмадизода бо бачаҳо сӯҳбати гарме дошт. Хонандагони асарҳои Гулчеҳра Маҳмадизода аз нависандаи дӯстдоштаашон дар атрофи ҳикояву қиссаҳо ва афсонаҳои адиб ва рӯзгори ӯ зарф заданд.

Аз таърихи ҳикояи “Кабутари сулҳ” ва “Ғалаби Ситора“, ки ҳаётӣ ҳастанд ва аз зиндагии  нависанда навишта шудааст, то даврони бачагиву китобҳои дӯстдошта ва нақшаҳои кории ӯ барои оянда дар маҳфил сӯҳбат шуд.

Атрофи “Кабутари сулҳ” нависанда ба наврасон чунин ҳикоя кард:  Вақте набераҳои ман ба хонаи ман меоянд, кӯшиш мекунанд ки беодобӣ накунанд. Рӯзе набераҳоям омаданду шӯру мағал барпо гашт ва якбора сару садо хомуш шуд.

“Одатан вақти эҷод кардани ман онҳо хомӯш мешаванд, то ман эҷод кунам. Ҳоло эҷод намекунам, чаро бачаҳо хомӯшанд?”,-аз дил гузарондам ман.

Ба ҳавлӣ баромадам, ки кабутаре мелангад. Набераи хурдиам, ки аз ҳама раҳмдил аст, барои кабӯтар чунон гиря дорад, ки ба қалам намеояд. Бародару хоҳараш гуфтанд гиря накун, ки бибиам гумон мекунад мо туро задем.  Гуфтам якҷо онро табобат мекунем. Бобояшон табиб аст.  То аз кор омадани ӯ телефон карда пурсиданд, ки ба кабӯтар  чӣ дору молем?  Агар идомаашро донистан хоҳед, китобро гиреду хонед. Он кабӯтарро кабутари сулҳ ном кардем. Мақсади ман аз ин ҳикоя  табиат, ҳайвонотро, парандаҳоро дӯст доштан аст.

махфилГулчеҳра Маҳмадизода хотироти даврони бачагиашро ба хонандагони фаъоли шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон нақл кард, то барои онҳо дарси ибрат шавад.

Дар ноҳияи Фархор, ки ман зиндагӣ мекардам, ғайр аз китобхонаи мактаб 3 китобхонаи умумӣ доштем. Дар ҳар се китобхона аъзо будам.

Аз китобхонаҳо китоб мегирифтам, мехондаму бармегардонам. Ҳамсинфонам аз ман китоб мегирифтанд. Мегуфтам худатон рафта аъзо шаведу китоб бигиред. Аммо онҳо аз ман китоб мегирифтанд. Ҳамин тавр як китобро гум кардем. Китобдор зани рус буд. Чанд маротиба ба хона телефон кард, ман аз тарс ин ҳодисаро ба падару модарам нагуфтам. Ва ба китобхона ҳам нарафтам.

Он кас ба ҷои кори падарам рафтанду гуфтанд духтарат китобро гум кардаасту боз ба китобхона намеояд. Бегоҳ падарам аз кор ба хона омаданду ранҷидахотир буданд. Тарафи ман нигоҳ карданду гуфтанд вақте ки китоб гирифтӣ, эҳтиёт кун. Китобдор ба ҷои кори ман омада буд. Вақте ки ту китобро гум кардӣ, чӣ қадар бачаҳо аз хондани китоб дур шуданд.  Онҳо низ мехостанд ин китобро бихонанд. Ту гуноҳ кардӣ. Гуфтам дугонаам Зулайхо аз ман гирифта бурд, аз ӯ Баҳодур гирфтааст, аз Баҳодур Истам гирифтааст… Ҳамин хел китоб гум шудааст. Гуфт биё китобфурӯшӣ равем.

Он китобро наёфтем, падарам  ба ҷои он китоб дигарро харид. Тарсида рафтам, ки китобдор апаи Рая қабул намекунад. Китобдор зани хуб буданд, гуфтанд гуноҳ кардӣ, аз гуноҳат гузаштам. Ва китобро гирифтанд.

Шумо низ бачаҳои азиз китобро аз китобхона гирфтед, гум накунед. Гуноҳ аст. Ҳамсолони шумо аз хондани он дур мемонанд. Дар баъзе китобхонаҳо аз ҳамон китоби гирифтаи шумо як нусха аст. Ин таъкиди нависандаи писандидаи бачаҳо беҷиҳат набуд ва натанҳо ин, дигар тавсияҳо малиҳатҳо ва насиҳатҳои ӯ ба наврасон коргар ба назар мерасид.

Сӯҳбат бисёр самимӣ ва бо шавқу шӯр ҷараён гирфт, маълум буд ки бачаҳо омодагии ҷиддӣ ба ин маҳфил дидаанд. Инро аз чашмони онҳо, бо завқ гӯш кардану суол доданҳояшон ташхис кард. Ҳатто се хонандаи шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон аз ноҳияи Ҳисор ба хотири ширкат дар ин маҳфил омаданд, ки онҳоро бародарашон оварда буд ва рафти барномаро бо наворбардор сабт мекард. Хоҳишмандони ин маҳфил ҳар замон ба сардори шуъба занг зада мепурсиданд, ки маҳфили навбатӣ кай аст, то онҳо бехабар намонанд.

Ин адиби маъруф ба суоли дигари хонандагонаш кадом ҳикояҳои шумо воқеӣ ҳастанд, ӯ чунин ҷавоб гуфт: аксари ҳикояҳои ман воқеиянд. Каме бофт доранд, руҷуи лирикӣ доранд, аммо аксарияташон аз рӯзгор гирифта шудаанд. Вақте бача китоби воқеиро мехонад, ба дилаш наздик аст.

Гулчеҳра Маҳмадизода ба бачаҳо атрофи китобҳо бисёр ҳарфҳои хуб гуфт ва иброз дошт, ки ман китобҳои зиёдро дӯст медорам, ҳар китоберо ки ба даст бигирам, кӯшиш мекунам онро то охир бихонам. Бисёриҳо китобро аввал сар мекунанд, баъд мепартоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҳфили гузаштаи ин шӯъба нависандаи хуби кӯдакон Маҳбуба Неъматзода аз шаҳри бостонии Самарқанд ташриф оварда буд.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.