Ташрифи намояндагони JICA ба Китобхонаи миллӣ

Имрўз қабл аз зўҳр аз Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ҷаноби Акиҳиро Окамото (Akihiro Okamoto) ва хонум Мисато Оҳара (Misato Ohara) ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро аз дари даромадгоҳ муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Раҷабзода Салима ва муовини Директор Маҳмудов Гадобег пешвоз гирифтанд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор  Файзализода  Ҷумахон Хол ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷопон ёдовар гардид ва ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи китобу китобдорӣ масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

 Пас аз анчоми мулоқот меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзаалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.

 Баъдан, роҳбалад меҳмононро бо Осорхонаи китоб, ки дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, шинос намуд. Намояндагони ҷопонӣ инчунин, аз маҳзанҳои китобхона ва технологияҳои шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ – иттилоотӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Фарзонаи Мирзо