Толибҷон Бобоев: “Ҳунар ва сарнавишти мо”
Ин китоб соли 2025 бо сарсухани ҳунаршинос ва рӯзноманигори варзида Муҳаммадуллоҳи Табарӣ чоп шудааст. Тавре аз ин сарсухан мехонем, номи ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толибҷон Бобоев ба кулли алоқамандони театри ҷумҳурӣ ошност. Ӯро бо нақшҳои дар саҳна офаридааш, интермедияҳои ҷаззоби ҳаҷвӣ ва фаъолияти хуби маъмуриаш мешиносанд. Ҳамчунин, ӯ дорои қалами равон ҳам ҳаст. Аз оғози фаъолияти эҷодиаш ба намоишҳои театрӣ тақриз навишта, аз ҳаёти ҳунарии кишвар хабару гузоришҳо таҳия мекард.
Солҳои охир ин офаридаҳояшро ҷамъ карда, чанд китоби барои таъриху назария ва амалияи театр заруриро интишор намуд. Маҷмӯаи нави ӯ иборат аз портретҳои эҷодии офаридааш, хотираву ёддоштҳояш иборат мебошад. Ҳамчунин, дар маҷмӯа маълумоти зиёде дар бораи худи муаллиф низ ҷамъ оварда шудааст.
Маҷмӯа барои мутахассисони соҳа ва кулли ихлосмандони театр пешбинӣ шудааст.
Китоби аввалин, китоби шарӽиӽолӣ “Бобоев Толибҷон Ғаниевич” ном дошта, соли 2018 китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумӽуриявии ба номи Мирсаид Миршакар тавассути нашриёти “Истеъдод” рӯйи чоп овардааст. Китоб иборат аз 143 саӽифа буда, аз 25 мақола ва шеърӽо дар васфи Толибҷон Бобоев мебошад.
Инчунин, аз ӽамкориӽои эҷодӣ, нақшӽои офаридааш дар театрӽои ба номи С. Вализода ва Вл. Маяковский, санаӽои муӽими ӽаёт ва фаъолияти ӽунарӣ, сафарӽои ӽунариаш дар дохил ва хориҷи кишвар, таҷлил ва гузаронидани чорабиниӽои мухталифи фарӽангии сатӽи вилоятиву ҷумӽуриявӣ ва байналмилалӣ маълумоти саӽеӽ оварда шудааст.
Аз ӽама кори хубу назаррас дар ин китоб он аст, ки аз осори чопии Толибҷон Бобоев (китоб, мақола, тақриз, портретӽои эҷодӣ, навидӽои фарӽангӣ) феӽрист ва кумакфеӽристӽои алифбоии асарӽо ва ашхос бо ду забон – забони тоҷикӣ ва русӣ номгӯй бо теъдоди 589 адад пешниӽод шудааст, ки ин барои бештару хубтар ошноӣ пайдо намудан бо муаллиф кумак хоӽанд расонд.
Китоби дуввуми эшон “Толиби ӽунар” ном дошта, он соли 2018 аз ҷониби нашриёти “Адиб” нашр гардида, 472 саӽифаро дар бар гирифтааст. Китоб аз маҷмӯи мақола, мусоӽибаӽо, шеърӽо ва хотирот аз ӽаёт ва фаъолияти Толибҷон Бобоев иборат буда, дар он 182 матлаб бо забонӽои тоҷикӣ ва русӣ ҷой ёфтааст. Мақолаю тақриз ва суханӽо бо қалами олимону адибон ва рӯзноманигорону ӽамкасбон, амсоли Соӽиб Табаров, Иброӽим Усмонов, Аламхон Кучаров, Муӽаммадуллоӽ Табарӣ, Ҷонибек Асрориён, Баӽора Хуррамова, Сафармуӽаммад Айюбӣ, Ҷумъа Қуддус, Марям Исоева, Имомназар Холназар, Хурсанд Ҷумаев, Сафар Аюбзодаи Маӽзун, Сафар Амирхон, Нозирҷон Ёдгорӣ, Файзи Ашӯр, Шарифҷон Ҳакимзода, Бобоҷон Абдулвоӽидов, Хушназар Майбалиев, Шамсиддин Орумбекзода, Мирзоватан Миров, Тағоймурод Розиқов, Аӽмадшоӽ Улфатшоев, Қиёмиддин Чақалзода, Нурулло Абдулло, Давлат Убайдуллоев, Шавқат Халилов, Ортиқ Қодир, Лутфулло Давлатзода, Зиё Олимӣ, Восеъ Мусо, Вадим Михалёв, Амалхонум Ҳоҷиева, Татяна Кузменко ва ғайраӽо навишта шудаанд.
Ба китоб пешгуфтор ва охирсухани мунаққиди театр, санъатшинос, номзади илмӽои таърих, нависанда ва рӯзноманигори варзида Муӽаммадуллоӽ Табарӣ шукӯӽу ӽашамати дигаре бахшидааст. Ин китобро як навъ дастури раӽнамо барои аӽли ӽунар пазируфтан мумкин аст.
Китоби саюми Толибҷон Бобоев “Директори театр. Мушоӽида, мулоӽиза ва қайдӽо” мебошад, ки он соли 2019 аз ҷониби нашриёти “Истеъдод” нашр гардид. Он аз 112 саӽифа иборат мебошад. Муаллиф дар он аз дидаву шунида ва заӽматӽои анқариб шашсолаи хеш дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маӽмудҷон Воӽидов ба хонандагон ӽикоят мекунад. Китоб аслан, барои ӽаводорони санъати театрӣ ва кормандони муассисаӽои ӽунарӣ навишта шудааст.
Китоби ба тозагӣ эҷодкардаи муаллифи мо Толибҷон Бобоев “Мактаби бачагонаи мусиқии шаӽри Кӯлоб” унвон дорад, ки дар арафаи чоп аст. Шояд хонандаи мо дар ӽайрат монад, ки эшон чӣ иртиботе дорад ба ин мактаб. Дар ин мактаб Толибҷон Бобоев саводи мусиқиро аз устодони ин боргоӽи мусиқӣ Давлат Қурбонов, Ҳамза Кибарова, Абдусамад Абдураӽмонов аз бар намуда, бо ихтиёри худ ва бо даъвати дил аз таъсисёбӣ то комёбиӽову умуман, фаъолияти ин муассисаи таълимӣ то имрӯз ӽикоят кардааст. Муаллифи ин китоб гуфтанист, ки мактабӽои бачагонаи мусиқӣ дар ба воя расидани мутахассисони зинаи аввал басо нақши муӽим бозидаанд ва хоӽанд бозид.
Қариб аксарияти санъаткорони баландихтисоси касбии кишварамон дастпарварони ана ӽамин мактабӽоянд.
Яке аз жанрӽои дӯстдоштаи Бобоев портрети эҷодӣ мебошад. Ба саволе ки чаро ба иншои портретӽои эҷодӣ таваҷҷуӽӣ зиёд дорӣ, дар як суӽбат худи Толибҷон Бобоев чунин посух дода: “Ба сарнавишт ва ӽаёту зиндагии касе ошно шудан, бо саӽифаӽои эҷодаш аз наздик огаӽӣ ёфтан корест басо мушкил. Ман ин чизро хуб медонам. Аммо ин кор басо гуворост ва кайфияте ӽам дорад. Чунки ту бо як шахсияте сару кор мегирӣ, ки вай ба ту ӽам як олам неру мебахшад. Бахусус, вақте ки аз олами ботиниаш, аз кору пайкораш, аз сирру асрори эҷодиаш ба ту пайк медиӽад, ту олам–олам маънӣ мебардорӣ ва инро ба хонанда ва алоқамандони ӽунараш мерасонӣ… Ана барои чӣ баъзан ва гоӽ–гоӽе аз эҷоди баъзе ӽамкасбон бо омадани илӽом портретӽои эҷодӣ менависам”.
Хоҳишмандон китоби Толибҷон Бобоев “Ҳунар ва сарнавишти мо”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи корманди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар Руҳафзои Ҳасанзод
Теги: адабиёт доир ба фарҳанг