«ҲУДУД-УЛ-ОЛАМ»
«ҲУДУД-УЛ-ОЛАМ»
Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам», ки номи комили он «Ҳудуд-ул-олам мина-л – Машриқ ила-л – Мағриб» аст, дақиқ маълум нест, аммо аз ҷониби таърихшиносон ғолибан ба Ибни Фариғун нисбат дода мешавад. Аҳамияти хоссаи ин китобро Б. Ғафуров ва В. Бартолд қайд кардаанд.
«Ҳудуд-ул-олам» аслан рисолаи ҷуғрофӣ аст вале дар он ба ҷуз инъикоси мавқеияти ҷуғрофии шаҳру шаҳракҳо, навоҳиву минтақаҳо, кишвару мамлакатҳо боз матолиби фаровони таърихиву мардумшиносӣ дарҷ гардидаанд, ки хонандаро бо вазъи зиндагии мардуми манотиқи мухталифи олам ошно месозанд.
«Ҳудуд-ул-олам» дар радифи бузургтарин сарватҳои маънавии тоҷикон қарор дошта, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дорад. Аз он дар тӯли солҳои зиёд ҷуғрофиёшиносон, муаррихон, бостоншиносон, ҳавосанҷон, маъданшиносон, забоншиносон ва дигарон истифода намудаанд.