Ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадоев ба Китобхонаи миллӣ 36 номгӯ китобҳои нави худро тақдим намуд.
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, баранди ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Ҳошим Гадоев 36 номгӯ асарҳои тозанашри худро ба теъдоди 100 адад ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Аз ин миқдор 15-тояш ба забони русӣ мебошанд. Аз ҷумла «Гамлет», «Он прав», «Бустон», «Воспоминания», «Тишина», «Хождение по лезвиям».
«Қулла ва асрори ў», «Наҷотдиҳанда», «Оё мо Ҳошим Гадоро мешиносем?», «Андеша кун», «Ў аз табори мо буд», «Ёддоштҳо» , «Ту куҷоӣ?», «Куҳистонӣ», «Тоқат то кай?» аз дигар асарҳои ин ҳунарпешаи мумтозу забардаст аст, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расид ва пас аз коркард дар дастраси истифодабарандагон қарор хоҳад гирифт.
Гуфтанист, ки соли гузашта ин ҳунарпешаи маъруф ба Китобхонаи миллӣ 600 китоби худро ҳадя намуда буд.
Ҳошим Гадоев Артисти халқии Иттиҳоди Шғравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Рўдакӣ, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, доктори Фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Русия, профессор, коргардон, нависанда ва омўзгор буда, дар саҳнаи театр беш аз 150 ва дар синамо беш аз 50 нақш офаридааст.
Ҳошим Гадоев ҳоло пурмаҳсултарин адиби кишвар аст. Ҳамасола аз нашри даҳҳо номгӯ китоби ӯ хабар дода мешавад.
Раҳима БОБОЕВА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.