Ҳунармандони олам. Ален Делон

Ален Делон 8 ноябри соли 1935 дар Со наздики Порис ба дунё омадааст. Актёри фаронсавӣ. Солҳои 1952-55 дар хидмати ҳарбӣ. Хангоми  ҷанг дар Хиндухитой дар лашкари десант хидмат мекарл. Дар синамо аз соли 1957 («Хангоме ки зан мудохила мекард»).

Соли 1960 филми «зери офтоби дурахшон»-и Р. Клеман ба Делон шўҳрат овард. Ҳамон сол дар филми «Рокко ва бародарони ў»-и Л. Висконти ў нақши Роккоро бозид.

Беҳтарин нақшҳои бозидаи Делон: даллол Пйеро («Гирифтани офтоб», коргардон М.Антониони), княз Танкреди («Бабр», коргардон Висконти).

 Қомату андоми зебо, нигоҳи асроромез, рафтору кирдори табиӣ ба Делон имкон дод, нақшҳои мухталиф, аз баҳодурони  романтикӣ ва қаҳрамонони адабиёти клсассикӣ то роҳзанҳоро офарад: «Таббиб», «Самурай», «Катли Троский», «Профессор», «Месйе Кляйн», «Се касро бояд нест кард», «Мошинаи Рақс», «Бозгашти  Казановҳо» ва ғ.

Делон чунин дар филмҳои Л. Малл (новеллаи «Уилям Уилсон», дар филми «Се  қадами беҳуда»),  Кристиан Жак («Лолаи сиёҳ»), Б. Блие («Таърихи мо»), А. А. Алов ва В. В. Наумов («Теҳрон-43», 1980), Ж. Л. Годар («Мавҷи нав») нақшҳо офаридааст.

Делон коргардони филмҳои «Барои ҷони полис» (1981) ва «Ромнашаванда»(1983) мебошад. Аз соли 1968 ба ҳайси таҳиякунанда низ фаъолият дорад. Делон таҳиягари 30 филм мебошад.

Делон инчунин дар театр дар  намоишномаҳои «Афсўс ,ки ў фоҳиша аст»-и Ч. Форд, «Тағйироти ҷузъии пурасрор»-и Э. Э. Шмитт, «Теппаҳои русӣ»-и Э. Ассу (пиеса махсус барои Делон навишта шудааст) ва телевизион (силсилафилмҳои телевизионии «Саг», «Зорро») нақшҳо офаридааст. Баъд аз танаффуси шашсола, соли 2006 дар филми мазҳакавии «Астерикс дар Бозиҳои олимпӣ»-и Т. Лангман ва Ф. Форесте  нақш офарид. Барои беҳтарин нақши мардона бо мукофоти «Сезар» (1985), ҳамчунин бо ордени Легиони фахрӣ сарфароз  гардидааст.

Муаллиф: Ш. Ҷўраев

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – Ҷ.5. – С. 478.

Таҳияи Шаҳнозаи Шеравган

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.