Устод Мирзо Турсунзода бештар бо хати форсй менавиштанд
Овони кўдакию наврасии устод Мирзо Турсунзода ба даврае рост омад, ки замони инқилоб буд. Нооромиҳои давр, қаҳтию гуруснагиҳо, касалии вабо, азобу машаққати як писарбачаи деҳотиро бештар мекарданд. Вале дар дили кучаки ў шўълаи умеду орзу ҳеч гоҳ хомўш намешуд. Чун ў ба синни 6-солагӣ расид, дар мактаби кўҳнаи Қаратоғ дар назди домулло хонд. Аз таҳти дил, бо меҳру муҳаббат хати форсиро омўхт. Ин ҷо бояд тазаккур дод, ки хати форсӣ баҳри сайқал ёфтани фикри кўдак, инкишофи нутқи даҳонӣ ва хатии ў мусоидат мекунад. Ана ҳамин омўзиши амиқи алифбои форсӣ ҳам дар мактаби кўҳна ва ҳам дар мактаби нав ба Мирзо Турсунзода имкон дод, ки дар тўли умр аз мушкилиҳои хеле зиёд бо сарбаландӣ гузарад.
Ин ҷо зикр кардан ба маврид аст, ки устод Мирзо Турсунзода тўли тамоми умр бештар бо хати форсӣ менавишт. Яке аз шарикдарсони устод Мирзо Турсунзода шодравон Иброҳим Азим ёдовар шуда буд: «Дар мактаби кўҳнаву нави Қаратоғ мо чор нафар дўстони ҷонӣ будем. Банда, Мирзоҷон, Раҳими Ҷўшонӣ, Муҳаммад Имомов.
Мирзоҷон дорои зеҳни хуб, ҳофизаи қавӣ ва бачаи хеле зирак буд. Ў тез «зеру забари», хати форсиро хуб омўхт. Ў ҳатто дар як муддати кўтоҳ китобхон шуда буд. Вай ғазалҳои зиёдро аз Ҳофиз аз ёд медонист ва онҳоро бурро мехонд».
Ин ҷо ёдовар шудан ба маврид аст, ки Иброҳим Азим – шарикдарси устод то охири умр суруд мехонд, китобҳои ў низ бо хати форсӣ буд.
Дастнависҳои маҳфузмондаи устод дар рўи мизи кориаш бо хати форсӣ аст. Тибқи иттиллои шоҳидон, агар устод мехостанд босуръат нависанд, ба хати форсӣ менавиштанд, агар оҳиста бошад, бо хати сирилик.
Баъдтар дар муддати даҳ сол ( солҳои 1929-1939) ду маротиба иваз шудани алифбо, ҷорӣ шудани забони рус чун забони расмии-коргузорӣ натавонист пеши роҳи ин ташнаи роҳи илму дониш, донишҷўи ҳақиқӣ, шоири ҷавон, рўзноманигори дақиқназар, шахси ҷасур, фидокори роҳи тараққиёти ҷумҳурии ҷавони тоҷиконро гирад. Ў саддҳои ба таври сунъӣ эҷодкардаи душманонро нотарсона шикаст ва равона шуд ба сўи ояндаи дурахшон!
Баъдтар, дар солҳои 50-60-и қарни гузашта устод Турсунзода ҳамчун шоир ва шахсияти бузурги ҷамъиятию давлатӣ ба камол расид. Худи ў, ба шахсияти беназир табдил ёфт. Дар ҳамин вақт чун низоми сотсиалистӣ ташаккул меёфт, баъзе шахсоне пайдо шуданд, ки кулли анъанаву русуми замони пешинаро нав кардан мехостанд. Ҳатто шахсоне пайдо шуданд, ки шеъри шоирони классикро чун шеърҳои мадҳиявӣ несту нобуд карданӣ мешуданд.
Устод Мирзо Турсунзода котеъона ва бо ҷоннисориҳо ва пофишориҳои қаҳрамонона ба онҳо фаҳмонда тавонист, ки ҳатто як байти классиконро нест кардан гуноҳи азим аст. Ў тавонист на танҳо ашъори ниёгонро аз нобудшавӣ нигоҳ дорад, балки дар таҳияву нашри осори шоирони чун устод А.Рўдакӣ, А.Ҷомӣ ва тарҷумаи осори онҳо ба забонҳои дигар саҳми арзанда гузорад.
Ҳунарманди маҳбуб Ҷўрабек Муродов ёдовар мешавад: «Дар шаҳри Маскав ман борҳо шоҳид будам, ки ба назди мизи устод Мирзо Турсунзода дарҳол шахсиятҳои бузург, шоирону олимони маъруф ҷамъ меомаданд ва устод ба гули сари сабади маҳфил табдил меёфтанд. Устод байтеро аз ашъори классикони форсу тоҷик хонда, тарҷума ва маънидод мекарданд. Ҳама ба маҳорати баланди забондонӣ, нотиқии устод қоил мешуданд, кафкўбӣ мекарданд. Ман фахр мекардам, ки тоҷикон чунин фарзонафарзанди ҷаҳонӣ доранд».
Шоир ва нависандаи бузург Расул Ғамзатов ёдовар мешавад: «Дар Эрон Мирзоро бисёр мешуд, ки сухан гўяд ва забондонон ба ў гуфтанд, ки лаҳҷааш ба лаҳҷаи мардуми Шероз каробат дорад. Шероз бошад, ватани шоирони бузург Саъдӣ ва Ҳофиз аст. Мо мазори онҳо, қабри Умари Хайём, Фирдавсӣ, Соиб ва бисёр дигар шоирони форсу тоҷикро зиёрат кардем. Дар китобхонаҳои Эрон дастхати осори гузаштагони бузурги худро бо эҳтиёт ва эҳтироми беандоза хеле варақ мезад… Баъд аз сари онҳо шоири форсу тоҷик шудан душвор аст,-гуфта буд боре Мирзо ба ман»
Шоири бузурги Покистон Файз Аҳмади Файз менависад: «…Дар ҳама ҷо ўро дўст медоранд. Ў ба забони классикии форсӣ яъне, тоҷикӣ сухан мегуфт ва менавишт, ки вай забони шеъру ғазал буд.
Зи ту омўхтам, халқи ҷаҳонро ҳифзи ҷон кардан
Китоби дўстиро дилнишин кардан ба имоят».
Дар ҳақиқат устод Мирзо Турсунзода чун шоир, ҳамчун сарвари шоирону адибони Тоҷикистон, ҳамчун роҳбари ҳаракати сулҳхоҳони Осиё ва Африко, ҳамчун мунодии сулҳу амният хизмати арзандаи инсонию шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро карда тавонист. Вале сафарҳои аз ҳад зиёди хориҷӣ, баъзан дили устодро озурда ва ба саломатии ў таъсири манфӣ ҳам мерасонд. Ин вазъиятро ў дар шеъри «Илоҷам чист?» тасвир кардааст:
Туро ман ёд кардам кўҳсори ман илоҷам чист?
Шудам дур аз канори ту диёри ман илоҷам чист?
…Гузар доранд аз ҳар суй одамҳои бегона,
Куҷо монданд он хешу табори ман, илоҷам чист?
Аз вафоти устод Мирзо Турсунзода беш аз 40 сол сипарӣ гардид. Вале ашъори ҷовидонаи ў ҳамқадами замон аст. Тавре, ки академик устод Кароматулло Олимов нақл карданд, соли 2010 дар як ҷаласаи бонуфуз дар Ҷумҳурии Покистон баъди суханронӣ як шеъри ба устод Мирзо Турсунзода бахшидаашонро қироат мекунанд. Аҳли толор баъди шунидани номи мунодии сулҳу амният устод Мирзо Турсунзода аз ҷой хеста кафкубӣ мекунанд.
Кору пайкори шоири бузурги тоҷик устод Мирзо Турсунзода имрўз ҳам дар хориҷи кишвар маълуму машҳур аст. Дар худи Ватани азизамон-Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзодаро дар тамоми манотиқи кишвар дўст медоранд ва аз ашъори абадзиндаи ў пурсамар истифода мебаранд.
Аз китоби “МИРЗО ТУРСУНЗОДА. Куллиёти ашъор”, нашри дуюм Душанбе, 2021
Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос.