Вохӯрии довталабони Озмун бо шоирону нависандагони маъруфи кишвар
Имрӯз (27.11.2025) дар Китобхонаи миллӣ дар доираи барномаи ҷалби иштирокчиёни даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе вохӯрии довталабон бо адибони шинохтаи тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил довталабони даври ниҳоии Озмун ва шоирону нависандогоне, ки осори онҳо дар Низомномаи Озмун барои иштирокдорон пешниҳод гардидааст, иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи маҳфил Муҳаммадиқбол Атозода, муовини директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, ҳамаи иштирокдоронро муборак бод гуфт. Муовини директори Китобхонаи миллӣ ба ҳар як довталаб, ки ба Озмуни китоб омадаанд, бо хушнудӣ ва эҳтироми зиёд таъкид дошт, ки инҷо касе мағлуб нест. Ҳар яки Шумо, ки то ин давр омадааст, алакай мувафақ аст ва барояш роҳи маънавиёту маърифат боз мегардад.
Дар идомаи маҳфил Толиб Луқмон, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба сухан баромада тамоми ҳозиринро шодбош намуд. Қайд гардид, ки бо ибтикороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маҳфилу чорабиниҳо, ки барои довталабон ташкил карда мешавад, имкон фароҳам меорад, то хонандагон бо муалифони осори мутолиакардаи худ аз наздик ошно гардида, ба суолҳои худ посух гиранд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад, ки аз пуркортарину маъруфтарин адибони кишвар аст, бо довталабон аз хусусиятҳои жанрии қиссаҳо сухан гуфт. Нависанда иброз дошт, ки бояд ҳар як китобе, ки мутолеа мекунед, бо диққат ба ҷузъиётҳо назар андозед, чун ҳадафи муаллиф метавонад бо ҳамин ҷузъҳои худтарин муайян гардад.
Ато Мирхоҷа, шоир ва нависанда шинохта, ки муаллифи бисёр китобҳои бачагона низ аст, ба довталабон аз хусуси он ки чи гуна бояд китобро барои мутолеа интихоб намоянд, сухан гуфт
Устод Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон низ дар идомаи маҳфил ба довталабон маслиҳатҳои худро ироа кард.
Равшани Махсумзод, нависанда ва рӯзноманигор, ҳамчунин таъкид намуд,ки барои омодагӣ ба чунин Озмунҳо интихоби дурусти китоб вобаста ба синну сол нақши хеле калон мебозад.
Сироҷиддин Икромӣ, аз нависандагони дигари сермаҳсул ва муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар маҳфил ширкат карда, ба довталабон тавсияҳо пешниҳод намуд.
Дар қисмати дигари маҳфил довталабон суолу пешниҳодҳои худро вобаста ба роман, ҳикоя, повест ва қиссаву достонҳои аз бар намудаи худ ба муолифони онҳо гуфтугӯ карданд. Ҳамчунин, қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби довталабон ба маҳфил намои дигар бахшид.
Бояд гуфт, вохӯрии мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Китобхонаи миллӣ ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи он ошноии бештар бо осори насриву назмии адибони муосири тоҷик мебошад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.