Як дастнависи ғазалиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар соли (.1257 ҳ/қ ) дар китобати Мулло Муҳаммади Саҳҳоф

hoja-ofizi-sherozyДар доираи ташаббуси ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дарёфту харидории китобҳои дастнавис, инчунин китобҳои чопи сангии илмиву фарҳангии ниёгонамон, ки аз қадим ба мо мерос гузоштанд, онро қадрдонӣ ва маҳфуз бояд дошт. Аз ҷумла, ҳукумати кишвар дар ин самт пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар оянда ин падидаро боз ҳам тарақиву инкишоф хоҳад дод, Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушду равнақи ин соҳа, барномаҳои қабули дарозмуддати сармоягузориро ба роҳ монда, тибқи ин барномаҳои тасдиқшуда аз мардум нусхаҳои нодиру ноёбро ҷамоварӣ ва харидорӣ карда истодааст. Ва ин дастовардҳои муҳимро Ҳукумати кишвар ба фонди шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ тақдим менамояд, ки ин ганҷина барои миллати тоҷик дар оянда хеле хизмати шоёну бузург ва фаромушнашаванда маҳсуб меёбад.

Хушбахтона имрӯзҳо, тибқи ин барномаи қабулшуда, дар Китобхонаи миллӣ зиёда аз 2750 китобҳои дастхат аз асрҳои 13 то 18, инчунин тақрибан 2500 китобҳои чопи сангӣ харидорӣ шуда, дар махзанҳои махсуси шуъба маҳфуз дошта шудааст.

hoja-ofizi-sherozyМесазад, ки барои муаррифии ин нусхаҳои ноёб мақолаҳое дар ҳаҷми хӯрд баҳри мутахассисони соҳа ва инчунин оммаи мардум маълумоти дақиқу назаррас пешниҳод намоем, ки барои ба даст овардани ин ганҷинаҳои нодир бештар дар даврони Тоҷикистони соҳибистиқлоли азизамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудаст. Ва барои  эҳё намудани ин ганҷинаҳои нодир яке аз нусхаи дастнависро, ки бо номи “Ғазалиёти Ҳофиз” маълум шудааст, таҳқиқот ва пешниҳод хоҳем кард.

Ин нусха мукаммал буда, аз анвоъи ғазал, дубайтӣ, маснавӣ, мухаммас, қитъа ва рўбоиёт дар ҳаҷми 229 варақ мебошад. Бояд зикр намуд, ки муқаддима ва оғози китобҳои кӯҳан ҳамааш бо “Бисмиллоҳ” шурўъ мешуданд, зеро дар он замон талабот ва шакли китобнависӣ ҳамин гуна амалро тақозо мекард .

Аввалу оғози китоб бо номи ҳамон мисраъҳои шеърии Хоҷа Ҳофиз оғоз мешавад:

Ало ё айюҳассоқӣ адир каъсан ва новилҳо,

Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо

Анҷоми матн бошад ин гуна:

Не давлати дунё ба ситам мегузарад,

Не лаззати шодӣ ба алам мегузарад,

Не ҳафтҳазорсола шодии ҷаҳон,

Ин меҳнати якдурўза ғам мегузарад.

Ғазалҳо  дар  ду сутун китобат шуда дар ҳар як саҳифа   11 сатр  ҷой дода шудааст. Навъи хат насталиқи зебо ва хоно буда, навъи коғаз хўқандӣ мебошад.

Тамоми ашъори шоир дар дохили ҷадвали рангаш қирмизӣ ва байтҳои охири ҳар ғазал ва дигар анвои шеърӣ низ бо ранги сурх навишта шудааст.

Котиб дар анҷомаи нусха санаи китобати нусхаро соли 1257 ҳ/қ. ки  баробар ба соли 1841  мелодӣ мебошад, зикр намудааст.

Матни колофон чунин аст:

Таммат ал-китоб, Шуд ба тавфиқи Худои лояном, Ин китобат рўзи чаҳоршанбе тамом. Санаи 1257

hoja-ofizi-sherozyДар бадрақаи оғози китоб салоти шариф, ки мусаммо ба Салоти танҷино ва дар саҳифаи баъдӣ як рубоӣ ва ҳадиси Пайғамбар навишта шудааст. Дар бадрақаҳои охири нусха низ якчанд шеърҳо аз муаллифони номаълум навишта шудааст. Дар варақи 68-ум як қитъа ва як ғазал ба шоир Убайдӣ, инчунин дар ҳошияи варақи 174-ум низ порчаҳои шеърие, ки ба Хоҷа Ҳофиз марбут нест, китобат шудааст.

Даффатайни нусха ранги сурху ҷигарӣ дошта, турунҷ ва ду сартурунҷ дорад, инчунин бо нақшу нигори зебо оро дода шудааст. Дар сартурунҷҳо номи Мулло Муҳаммади Саҳҳоф ҳаккокӣ шудааст.

Аз аввал то охири нусха назар андохта, ягон мўҳре ба чашм нарасид. Вазъи нусха хуб аст ва ба таъмири ҷиддӣ ниёз надорад.

Андозаи нусха 26,6х15,4 см. буда, андозаи матн 17,9х 10,1 см. мебошад.

Ва ин як маълумоти мухтасар дар бораи китоби Хоҷа Хофизи Шерозӣ буда, хеле қиммати баланд ва нусхаи зебои мунаққашро дар худ инъикос менамояд, ки ин албатта аз заҳмату ҳунарҳои котиб  вобастаги амиқ дорад. Ва ин гуна китоб дар фонди Китобхонаи миллӣ хеле зиёд нигоҳдорӣ карда мешвад, ки соҳибтамаддуну соҳибфарҳангии миллити тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад намуд.

Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ, сардори
шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир