Як ишораи Абулқосим Лоҳутӣ дар бораи сабаби иншои достони «Тоҷу байрақ»

Абулқосим Лоҳутӣ ва Максим ГоркийШоири маъруфи тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ иқрор шуда буд, ки достони “Тоҷу байрақ”-и худро бо исрори адиби шинохта Максим Горкий эҷод кард. Лоҳутӣ 19 июни соли 1936 ба сӯги Максим Горкий мақола навишта буд ва рӯзномаи “Тоҷикистон Советӣ” 8 сентябри соли 1987 онро чоп кард. Дар ҳамин мақола қиссаи эҷоди достони “Тоҷу байрақ” омадааст. Ин мақоларо, ки бидуни шак барои Лоҳутишиносон муҳим аст, баъди 36 соли чопаш бознашр мекунем.

НОБИҒАИ ФУРЎТАН

Ҳанўз дарду доғи талафоти сангин аз дилу димоғаон нарафта, ҳанўз аз марги нобаҳангоми Горкий он қадар манъус нашудаю таскин наёфтаем, ки роҷеъ ба зиндагиномаи ў ёддоште иборат аз чанд сатре, ки байни ҳам иртиботи мантиқӣ дошта бошанд, навишта кунем.

Баъзе манозири мунфариду пароканда дар хотироти сахт таконхўрдаи мо як лаҳза падид омада, боз паси андешаи ин ки ў дигар ҷовидон дар байни мо нест, нопадид мегардад.

Пеши назар табассумҳои хиҷолатомези тифлона ва чеҳраи ҳаяҷону изтироболудаи Горкии соҳибҷашн дар Театри Калон ба ҷилва меояд. Ҳамон рўз ифтихори дидани дидори ин нобиғаи фурўтан, ки кайҳо дар орзуяш будаму диққатамро сахт ҷалб мекард, ба ман даст дод. Маҳз кадом авсофи Горкий диққати маро мутаваҷҷеҳ месохт? Қабл аз ҳама фаъолиятҳои инқилобии ў, ки саршор аз заҳмату талошҳо ва ҳаяҷону изтироб аст. Садои ин марди муборизи матин дар осораш, дар сатрҳои ростинаш, ки ҳосили дида ва ранҷу заҳматҳои шахсиаш буда, ин ҳамаро дар ҷисму ҷони хеш идроку эҳсос карда, дар худ нишоне аз зоҳирбинии фориғболонаш берангу берўҳ надорад, танинадоз аст. Ва ниҳоят, он нафрату адовати ҷасуронаи вай, ки тавассути ин амалаш чоплусию тамаллуқкориҳои ҷаҳони буржуазӣ – душмани қаттоли СССР-ро сахт такон додаю ошкор кард ва он ҷасорату матонати оромонаи ў, ки тавассути он ба амалиёти девонавору заҳрогини вай сахт муқобилат мекард, ки ин кирдори онон аз сабаби ошкоро сўи ўрдугоҳи Шўравӣ гузаштани Горкий рух дода буд. Ҳамин амалу тасмими охирин Горкий моро водор кард, ки дар шеъри тамсилие («Ба Максим Горкий» Ю. А.) ўро ба шери жаён мушобеҳ донам, ки аз ғиреви талхаафканаш галаи сагони ҳамлавар «гурезону ларзону ав- авкунон», «зўза кашида» худро ба ҳар ҷониб мезананд. Оё ба касе боре рух додааст, ки фикри муҳиме дар ҳузури ў гуфта аз ҷониби вай гарм истиқбол нашуда бошад? Не, ў филҳол он андешаро ба ҷон пазируфта дастгирӣ мекард ва то замоне, ки дар дили шахси соҳибандеша умеди амалӣ кардани онро сахт ҷой медиҳад, ором намешуд.

Боре, пас аз муҳоҷират аз Осиёи Миёна, аз як воқеаи сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистонро, ки маро сахт муассир сохта буд, ба ў нақл кардам. Горкий дар худ ҷўшид «Шумо бояд ҳатман дар ин хусус достоне иншо кунед», – гуфт ў ва ҳар бор, ки маро дар ҷаласаҳо медид, албатта, аз он хусус пурсон мекард: «Ҳа, оё Шумо ба иншои достон шурўъ кардед?». Филҷумла, воқеан ҳам достони ман таҳти  унвони «Тоҷу байрақ» аз рўи кор омад. Ақлу ҳуш ва заковати шахси мубориз ва фидоии роҳи рафоҳияти заҳматкашон даст намедод, ки ягон силоҳ, ки барои пролетарҳо дар муборизаю ҷандалҳоямон ба кор меояд, бидуни фаъолият бимонад.

Кўшишу таваҷҷуҳоти мудаввоми Горкий нисбати равнақу рушди тамаддуни халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ собиқа надошт. Ҳини ҳар дидорбинию мулоқот бо ман ҳатман сари ин мавзўъ сўҳбат меорост, муддати мадиде аз боби вазъи адабиёти Шарқи шўравӣ пурсон мешуд. БОРЕ Ў ДАР ЯК СЎҲБАТ РУБОИИ ШОИРИ КЛАССИКИ ФОРСИЗАБОНОН УМАРИ ХАЙЁМРО АЗ ЁД ҚИРОАТ КАРД ВА БО ЧУНИНИ ҒАНОИ МАЪНАВӢ ВА ВУСЪАТУ ГИРОИИ ХОТИРОТАШ МАРО МАФТУНУ ҲАЙРОН КАРД.

Воқеан, ман ҳаргиз Горкийро чунин ҷавоншуда ва нуронӣ надидаам, мисли он ки дар шабнишинӣ бо ҳайати нависандагони тоҷик, ки ба ифтихори хотима ёфтани нахустин кунгураи нависандагони Шўравӣ дар Маскав доир шуда буд, дида будам. Ў қаблан тасмими гирифта буд, ки дар ин маҷлиси унс беш аз даҳ дақиқа ҳузур надошта бошад. Духтурон низ инро ба ў қатъан манъ карда буданд, вале ў ин дархости онҳоро барои тоҷикон мустасно донисту ба ҷамеи даъватномаҳои ҳайатҳои дигар ҷавоби рад дод. Шеъру суруд ва рақсу мусиқии тоҷикӣ чунон ўро мафтун кард, ки қасди тез аз ин шабнишинӣ рафтанашро, комилан фаромўш намуда, дар поёни шабнишинӣ муроҷиатан ба ҳозирин нутқи оташину пуршўре эрод кард. Ў иброз дошт, ки санъати устодон, бешубҳа, қадру қимате дорад, вале санъати чунин одамони одӣ, фарзандони халқи заҳматкаш бо содагию аҷобати худ бузургию нафосати беҳисоб дорад, ки ҷои гуфтан надорад. Ин дуюмин ид ва ифтихоре буд, ки аз ҳусни таваҷҷўҳи Горкий ба тоҷикон насиб гардидааст.

Иди нахуст ба солҳое рост омад, ки Горкий дар Итолиё мусофират дошт. Он вақт дар ҷавоби шумораҳои рўзномаи аз Тоҷикистон ба ў расида ҷавоби масарратбахше навишта, ҷумҳурияти ҷавони Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта буд. (Устод шумораҳои рўзномаи «Коммунист Таджикистана» – ро дар назар дорад, ки аъзоёни маҳфили адабии рўзнома намунаи осори дар он дарёфтаро ба М. Горкий фиристода буданд ва ў 13 сентябри соли 1930 ба унвони рўзнома ҷавоб фиристода буд).

Воқеан ҳам расидани ин номаи ҷонбахш ба иди ҳамагон бадал шуда буд.

Горкий Шарқи Шўравиро дўст медошт. Ў бо чӣ шўру шавқ ва хушнудии беҳисоб ҳамроҳи мо таъсиси узвиятҳои наву мустақил –ҷумҳуриятҳои ҷадиди Иттифоқи Шўравӣ – Гурҷистон, Арманистон ва Қирғизистонро истиқбол мекард. Бо чи шўру шавқе тазоҳуроти нави хиради ҳизби коммунистиро, ки ў ҳамеша ҳангоми суханрониҳои оташбораш ба оламиён аз он қоил буд, шодбош мегуфт.

ЛОҲУТӢ, 19 июни соли 1936. Есентуки.  «Тоҷикистони советӣ» 8 сентябри соли 1987.

Муовини сардори
шуъбаи матбуоти даврӣ
Раҳимова Фируза