Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1-уми ноябр
Соли 1704 дар Дрезден муҳаррири луғат Паул Даниэл Лонголиус таваллуд шуд. Ва муҳаррири ҷилдҳои 3-18 китобҳои Иоҳаннн Ҳенрих Зедлер буд.
Соли 1823 дар Алтон (Олмон) дар синни 86-солагӣ нависандаи олмонб Ҳенрих Вилгелм фон Герстенберг аз олам рафт. Вай 3 январи соли 1737 дар Дания ба дунё омада буд.
Фоҷеаи ӯ бо номи «Уголино» (1768) дар драматургия замонаш таъсири муассир дошт. “Нома дар бораи ёдгориҳои адабиёт” (солҳои 1766-1770) шуҳрати беандоза пайдо кард.
Соли 1841 дар волости Аракарагай нависанда, фолклоршинос ва этнографи қазоқ Ибрай Алтинсарин зода шуд.
Алтинсарин муаллифи чандин китоби дарсӣ барои қазоқҳо буд. Аз ҷумла китоби “Раҳнамои аввалия ба омӯзиши забони русӣ аброи қазоқҳо” навиштаи ӯст.
Муаллифи масалҳо ва ҳикояҳои зиёдест.Ҳамчунин асарҳои Лев Толстой ва Криловро ба қазоқӣ тарҷума кардааст.
Соли 1871 дар Ню-Арк шоир, насрнавис ва рӯзноманигори аҳли ИМА Стивен Крейн таваллуд шуд. Вай асосгузори верлибр (шеъри озод) дар адабиёти Амрико ба шумор меравад.
“Маги,духтари оворагард”, “Модари Ҷорҷ”, “Нишони сурхи далерӣ”, “Хидмати фаъол” номи чанд романи ӯ мебошад.
Крейн умри кутоҳ дид ва 5 июни соли 1900, замоне, ки ҳамагӣ 28 сол дошт, бар асари бемории сил дар Баденвайлер даргузашт.
Крейн соҳиби чанд маҷмуаи шеърҳо низ мебошад, ки “Саворони сиёҳ” яке аз онҳост.
Соли 1903 дар шаҳри Берлин дар синни 85-солагӣ муаррих, адабиётшинос, ҳуқуқдон ва сиёсатмадори олмонӣ Теодор Моммзен чашм аз олам пӯшид. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1903 ва шаҳрванди ифтихории Рум буд.
Теодор Моммзен 30 ноябри соли 1817 дар Гардинг таваллуд шуда буд. Ў зиёда аз 1500 асар нашр кардааст ва дар омӯзиши мунтазами таърихи Рум равиши навро таъсис дод.
«Таърихи Рум», ки дар ибтидои эҷодиёти ў навишта шудааст, гарчанде нотамом бошад ҳам, асари асосии муаррих ба ҳисоб мерафт. Аммо дар замони мо Corpus Inscriptionum Latinarum, маҷмӯаи сабтҳои румӣ, ки ӯ ба Академияи Берлин пешниҳод кардааст, арзишмандтар дониста мешавад.
«Таърихи Рум» солҳои 1854, 1855 ва 1856 дар се ҷилд нашр шуда, гузаштаи ин кишвари қадимӣ то оғози ҳукмронии Юлий Сезарро дар бар мегирад.
Соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд нависанда, шоир, рӯзноманигор, омӯзгор ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Баҳром Фирӯз (Бобоев Баҳром) таваллуд шуд. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаи «Садои Шарқ», нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» будааст. Солҳои охир дар Хуҷанд сардабирии моҳномаи «Сайҳун»-ро бар ӯҳда доштааст.
Аз ибтидои солҳои 60-ум даставвал ҳамчун шоир, баъдан чун насрнавис ном баровардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Розҳои маҳтобшаб» (соли 1967), «Силсила» (соли 1973), «Тафти дил» (соли 1984) мебошад. Гулчини қиссаву ҳикояҳояш дар кутуби «Пайи ситора» (соли 1975), «Рухсора» (соли 1978), «Ганҷ дар вайрона» (соли 1977), «Ту танҳо нестӣ» (соли 1980), «Тору пуд» (соли 1985), «Агар вай мард мебуд….» (соли 1988) ва ғайра ба табъ расидаанд.
Муфассалтар дар бораи адиби номвар аз ин матлаб бихонед: Ёде аз адиби ориф ва хушбаён
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ