Бо бачаҳо. Садафмоҳ Абдуназарова: “Занги аввал”

Знаги-аввалИн китоб соли 2020  чоп шудааст ва як достони басо кутоҳеро дар бар мегирад, ки онро рассом Зебуннисо Раҳимҷонова бо расму наққошиҳои ҷолиб оро додааст. Онро пурра меорем.

– Ман ба мактаб меравам, – гуфт Зариф.
– Попўши ман куҷост? – пурсид Зариф.
– Акнун ман ба мактаб рафта наметавонам, – гуфт Зариф.
– Ман ба «Занги аввал» дер мемонам, – гуфт Зариф.
– Модарҷон, попўшамро ёбед, – хоҳиш кард Зариф.
– Ман бе як попўшам чӣ кор мекунам? – гуфт Зариф.
– Охир ман ба «Занги аввал» дер мемонам, – гуфт Зариф.
– Шояд дар ҷевон бошад? – гуфт Мадина.
– Пас дар рўйи ҳавлӣ аст – гуфт падар.
– Шояд сагча бурда бошад? – гуфт модар.
– Пушти дарро бинед, – фармуд модар.
– Ана, попўшат дар куҷо будааст! – гуфтанд ҳама.

Салом, мактаб! Мо омадем!

Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобҳои хубу пурмуҳтаво ва пурсуратро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар толори  хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Ин толори хониш дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ ҷойгир шудааст.

Таҳияи Зуҳро МАТИМОВА,
муовини сардори
шуъбаи адабиёти
кўдакон ва наврасон.