Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10-уми март

АдабиётСоли 1861 дар шаҳри  Санкт-Петербург дар синни 47-солагӣ нависанда, шоир, мутафаккир, этнографи машҳури украин Тарас Григоревич Шевченко аз олам гузашт. Вай 9-уми марти соли 1814 дар деҳаи Моринси уезди Звенигороди гебернияи Киев нависанда, ,  Тарас Шевченко зода шуда буд.

Тарас Шевченко бештар шеъру достон навиштааст ва асарҳои ӯро ганҷинаи бебаҳои адабиёти Украина медонанд. Аммо ӯ як нависандаи чирадасте ҳам буд, ки ҳикояҳо, повестҳо ва рӯзномаҳои мондагор дорад.

Шевченко ба забони русӣ ҳам эҷод кардааст, аз ин рӯ, ӯро ба адабиёти рус ҳам мансуб медонанд.

Иллати марги зудҳангоми адибро бемории обовардагии шикам (анг. Ascites) эълон крада буданд.

Соли 1878 дар шаҳри Тифлис дар синни 65 – солагӣ нависанда, шоир, намоишноманавис, файласуфи материалист ва фаъоли ҷамъиятӣ Мирзо Фатҳалӣ Охундзода тарки олам кард. Ӯро бунёдгузори адабиёти нав дар Эрон, нахустин намоишноманависи эронӣ меноманд. Аз пешгомони ҷунбиши тараққихоҳӣ ва миллигароии эронист. Яке аз аввали худонобоварон (атеистон) дар ҷаҳони ислом аст. Андешаҳои ӯ бо андешаҳои машрутахоҳони Эрон, аз ҷумла Мирзо Оқохони Кирмонӣ, Мирзо Маликхон, Мирзооқои Табрезӣ ва дигарон бисёр таъсир гузошт.

Мирзо Фатҳалӣ Охундзода 12-уми июли соли 1812 дар шаҳри Нуҳа, бахше аз Озарбойҷон, ки соли 1928 ба Русия ҳамроҳ карда шуда буд, ба дунё омад. Падараш Мирзо Муҳаммадтақии Кадхудоӣ ном дошт. Вай ба тиҷорат рӯ овард ва соли 1811 дар Нуҳа зани дуввум гирифт.

mirzo-fathaly-ohundovСоле баъд Мирзо Фатҳалӣ ба дунё омад. Модари Охундзода африқоитабор буд, ки пешгузаштагонаш дар хидмати Нодиршоҳ буданд. Огоҳӣ аз ин унсури африқоӣ дар асл ва насаби Фатҳалӣ боис шуда буд, ки вай бо Пушкин эҳсоси хешовандӣ кунад.

Аммо никоҳи падару модар дер давом накард, баъди чанд моҷаро онҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва модараш ба назди тағояш Гаджи Алескер ба Арасборон (ноҳияи кӯҳистоние дар шимоли Озарбойҷони Шарқӣ) баргашт. Гаджи Алескер Фатҳалиро хати арабӣ, Қуръон ва забони форсӣ омӯхт.Муддате дар Озарбойҷони Эрон зистанд ва сипас ба шаҳри Ганҷа рафтанд.

Дар 23-солагӣ ба Тифлис рафт ва мутарҷими забонҳои Шарқи барон Г.В.Розен (ходими ҳарбии рус), ки фармондори Гурҷистон буд, таъин шуд ва то охири умр дар ҳамин симмат кор кард.

Дар Тифлис бо театрҳои Гурҷистон ошно шуд. Дар ин театрҳо асосан осори Гогол, Островский ва Молйерро намоиш медоданд. Дар ҳамин ҷо даст ба навиштани намоишномаҳо зад. Китоби “Тамсилот”-и Охундзода шуҳрати ӯро дар жанри намоишноманависӣ боло бурд.  Ин китоб шаш намоишномаи вайро дар бар мегирифт.

Аксари навиштаҳои Охундзода бо туркии озарбойҷонӣ аст, вале аз шеърҳои форсӣ фаровон истифода кардааст.

Қисмате аз осори вай бо русиву форсӣ ҳам тарҷума шудаанд. Аммо гаронмоятарин осораш, яъне “Мактубот”-и худро форсӣ навиштааст.

boris-vianСоли 1920  нависанда, шоир, мусиқинавози ҷаз ва таронасаро, наққош ва оҳангсози аҳли Фаронса Борис Виан ба дунё омад. Ӯ ҳунарманде буд, ки аз ҷониби ҷомеа эътирооф шуда. Аммо ҳоло бештар ӯро ба хотири романҳои ҷанҷолӣ ва соҳисабкаш мешиносанд. Ин романҳоро ӯ гоҳ бо номи ҳақиқӣ ва гоҳ бо имзои мустаъор навиштааст.

Соли 1930 шоир, нависанда, намоишноманвис ва тарҷумони Литва Юстиас Марсинкявичюс таваллуд шудааст. Вай шоири халқии Литва, барандаи ҷоизаи милли ин кишвар оид ба адабиёт ва фарҳанг буд.

Соли 1937 дар шаҳри Порис дар синни 53-солагӣ бар асари бемории сактаи қалбӣ нависанда, публитсист, адабиётшинос, мунаққиди адабӣ, филмно манавис, муҳандиси баҳр, омӯзгор, сотсиалист ва намоишноманависи рус Евгений Замятин аз олам рафт. Вай 1 – уми феврали соли 1884 дар Лебедян  таваллуд шуда буд. Муаллифи романҳои «Мо», «Афсона», «Дар миёнаи ҳеҷ ҷо» ва ғайра буд.  Евгений Иванович Замятин таваллуд шудааст.

Ӯ барои романи “Мо”, соли 1921 навишта буд, романи “Ёди Ормоншаҳрӣ” машҳур шуда буд.

Соли 1949 нависандаи асарҳои тахайюлӣ, рӯзноманигор ва ношири арманитабори  Булғористон Арон Мелконян ба дунё омад.

aron-melkonyanРомани “Марг дар дастшӯӣ”, повестҳои “Хотироти ҷаҳон”, “Бечораи ман, Бернандие”, “Қатл дар Бобили нав” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ  мебошанд.

Арон Мелконян 24-уми июли соли  2006 дар синни 56-солагӣ дар шаҳри Софияи Булғористон аз дунё гузашт.

mirzo-nasriddinСоли 1948 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд нависандаи маъруфи тоҷик Мирзо Насриддин (Мирзонасриддин Саидов) ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш,солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хизмат кардааст. Соли 1973 Техникуми политехникии Душанбе, соли 1979 шуъбаи шабонаи факултаи автомобил ва хоҷагии автомобилии Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон, дар автобазаи №2 Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ ба ҳайси муҳандиси бехатарии роҳу сардори нуқтаи таъмир ва сардору сармуҳандиси автоколонаи №2931 адои вазифа кардааст.

Солҳои 1982-1991 дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сармеханик ва ҷонишини сарраёсати техникӣ, 1991-1993 сардори Иттиҳодияи «Тоҷикавторемонт», 1993-1996 сармеханики иттиҳодияи «Тоҷикзолото», 1996-2000 директори автобазаи Ширкати «Мадад», 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат будааст.

Мирзо Насриддин, бар иловаи муҳандисӣ, ба адабиёт меҳру муҳаббати тамом дорад ва бо сабку усули нотакроре хомафарсойӣ мекунад. Аввалин ҳикояи ӯ «Фурӯғ» соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуда, соли 1994 маҷаллаи «Садои Шарқ» қиссаи «Хирмани сӯхта»-ашро ба чоп расондааст, ки аз ҳаёти ҷавонони солҳои 80-ум нақл мекунад. Соли 2003 маҷаллаи «Садои Шарқ» қиссаи «Шаби душвор»-ро чоп кардааст, ки ба тасвири оқибатҳои маъшуми ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Соли 2004 қиссаи мазкурро маҷаллаи «Помир» ба забони русӣ мунташир сохта, соли 2004 нашриёти «Деваштич» ба шакли мукаммал интишор додааст.

Соли 2008 нашриёти «Ирфон» қиссаи «Бозгашти Кунгур» ва чанд ҳикояи ӯро пешкаши хонандагон гардонидааст. Соли 2013 маҷаллаи «Садои Шарқ» мухтасари романи «Оташ дар хонаи қадим»-ашро ба дасти чоп расондааст.

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2017) мебошад.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

(Сом.Ит.Нав).

johanna_lindseyСоли 1952 дар Франкфурти лаби Майни Олмон нависандаи машҳури амрикоӣ Ҷоанна Линдсей ба дунё омад.

Ӯро аз муваффақтарин нависандагони муосир дар жанри романи ишқии таърихӣ меноманд. Ҳамаи китобҳои вай дар рӯйхати пурфурӯштарин китобҳо ҷой гирифтаанд.

Аввалин романи Линдсей бо номи “Арӯси дуздидашуда” соли 1977 навишта шуд, ки он замон вай 25 сол дошт. Рӯдодҳои ром ан дар дар асрҳои миёнаи Ғарби ваҳшӣ, аниқтараш дар Англияи замони Виктория ва дар бахше аз ҳодисот аз кишварҳои хаёлӣ ном бурда мешавад.

Соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик Муҳиддин Аминзода шоир Муҳсин Аминзода дида ба олам кушод. Вай соли 1968 мактаби ҳаштсолаи №1 шаҳри Хуҷандро хатм карда, таҳсилашро дар мактаби миёнаи №5 идома додааст.

Нахустин шеъри ӯ «Муаллим» солҳои мактабхонияш дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» чоп шудааст.

Соли 1976, донишҷӯи факултаи филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод шудааст ва таҳсил дар донишгоҳи олӣ ба фаъолияти эҷодии ӯ таъсири мусбат расондааст.

muhsin-aminzodaСолҳои донишҷӯйӣ дар курс-конфаронсҳои ҷумҳуриявии адибони ҷавон ширкат варзида, аз маслиҳату машварати устод Лоиқ, Бозор Собир, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Фарзона ва дигарон бархурдор гаштааст.

Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ «Чашма» соли 1989 ва китоби дувумаш «Сояи хаёл» соли 1998 интишор ёфтааст.

«Занҷираи заррин» савумин китоби шеърҳои Муҳсин Аминзода ва “Қаламам Ватан навишт» китоби чоруми адиб мебошад.  мебошад, ки соли 2007 мунташир гардидааст.

Аз соли 1981 дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд фаъолият мебарад. Бештар бо таҳияи барномаҳои адабию фарҳангию ахлоқӣ ва филмҳои мустанад машғул аст.

Барои офаридани панҷ филми мустанад дар бораи ҳаёт ва маҳсули эҷоди Аминҷон Шукӯҳӣ, Боймуҳаммад Ниёзӣ, Муҳиддин Аминзода ва Озод Аминзода сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст.

Филми мустанади ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалилро дӯстдорони адабиёт хуш пазируфтанд.

Очеркои ӯ «Диловарони Ёва» ва «Ӯ аввалин буд» аз қаҳрамонию шуҷоати зодагони деҳаи Ёва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маҳсули кору ҷустуҷӯҳои пурсамари олими зардолушинос Аҳмадҷон Пӯлодов нақл мекунанд.

Аълочии фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. (Сом.Ит.Нав).

Таҳияи Б.Шафеъ.