Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10-уми ноябр

Соли 1759 дар Морбох-омико (олм. Marbach am Neckar) дар герсогнишини Вюртемберг шоир, файласуф, намоишноманавис, пизишк ва муаррихи олмонӣ, яке аз асосгузорони адабиёти классикии олмон Фридрих фон Шиллер ба дунё омадааст. Ӯ номдортарин намоишноманависи олмонӣ ба шумор меравад ва дар канори Ҳуте ба унвони чеҳраи асосии классики Веймар шинохта шудааст.

Дар адабиёт ӯро бештар бо қасидаи «Суруди шодӣ» мешиносанд, ки онро Бетховен ба мусиқӣ гузошта, дар охири симфонияи нуҳумаш, ки онро соли 1824 навиштааст, дохил кардааст.

Асарҳои машҳури ў “Тӯфон ва фишор”,«Мария Стюарт», «Духтари орлеанӣ», «Арўси масеҳӣ», «Вилгелм Телл» мебошанд.

Соли 1838 дар Полтава нависанда, шоир ва намоишноманависи украин, яке аз асосгузорони  адабиёти мусоири украин – Иван Котляревский дар синни 69 солагӣ аз олам гузашт.

Соли 1891 дар Марсел шоири фаронсавӣ Артюр Рембо дар синни 37-солагӣ вафот кард.  Ўро бунёдгузори шеъри навин мешуморанд. Мегӯянд ҳангоме, ки дар мактаб мехонд, шеър мегуфт. Завқ ва авҷи шеърнависии ӯ аз 17 то 20-солагӣ будааст. Дар 21-солагӣ барои ҳамеша тарки шеър гуфтан кард, ки ҳамвора мояи ҳайрати ҳамзамононаш будааст. Аз ширкаткунандагони шӯриши Комуннаи Порис аст.

Соли 1894 яке аз бузургтарин шоирони муҳоҷири рус Г.В. Иванов ба дунё омадааст. Ноумедии муҳоҷират, қашшоқиву беморӣ Георгий Ивановро шоири бузург гардонд. Дар осори ў ҳисси таносуб, завқи наҷиб, маданияти назм, маҳорати хоса мушоҳида мешавад.

1935 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, нависанда, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Аълохон Афсаҳзод 10 ноябри соли 1935 таваллуд ёфтааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ муфассал метавонед ин ҷо бихонед: АЪЛОХОН АФСАҲЗОД:

 Соли 1939 шоираи рус Т.В. Кузовлева таваллуд шудааст.

Ҷонибек ҚувноқСоли 1941  дар деҳаи Порашти кӯҳистони Нурато, ки ҳоло мутааллиқ ба ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах аст Ҷонибек Қувноқ, шоир, публистист, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд буд. Дар тарғиби адабиёти тоҷик дар байни мардуми ӯзбек ва мутақобилан, адабиёти ӯзбек дар байни халқи тоҷик саҳми босазо гузоштааст. мегузорад. Чунончи, ӯ кори тарҷумаро аз ашъори устоди назм – Мирзо Турсунзода («Оташ посбони») ва Мавҷуда Ҳакимова («Қуёш зарраси») оғоз намуда, бо густариши ин фаъолият чандин намунаро аз осори шоирони тоҷик, ба мисли Дақиқӣ, Убайди Зоконӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Саййидои Насафӣ, Маъдан, Савдо, Аҳмади Дониш, Саҳбо, Асирӣ, Шамсиддин Шоҳин, Муҳаммадсиддиқ Ҳайрат, Айнӣ ба ӯзбекӣ баргардондааст. Маҳз бо кӯшиши ӯ ду романи адибони яҳудитабори Бухоро Ёқуб Ҳайимов ва Малик Раҳмон бо исмҳои «Ду тақдир» ва «Дарбадар» ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин тарҷумаи маҷмӯаи ҳикояҳои Ӯткур Ҳошим бо номи «Нур ва соя», достони Абдулло Орифов «Ҳаким ва аҷал» ва бисёре аз ашъори Эркин Воҳидов, Барот Бойқобилов, Нормурод Нарзуллоев, Назармат ба қалами Ҷонибек мансуб аст.

Дар бораи ӯ муфассал ин ҷо бихонед: АГАР ҶОНИБЕК ҚУВНОҚ ЗИНДА МЕБУД...

Соли 1958 дар Калинин шоира, тарҷумон ва нависандаи руси асарҳои тахайюлӣ, номзади илмҳои биология, барандаи ҷоизаи «Странник» ва ҷоизаи бузурги «Московский счет» (2006), номзади илми биология  Мария Галина ба дунё омадааст.

Соли 1960 дар Портчестер нависандаи англиси асарҳои тахйаюлӣ Нил Гейман таваллуд шудааст. Ў чандин бор сазовори ҷоизаҳои Хюго, Небюла ва Локус гардидааст.  Машҳуртарин асарҳои ў «Чанги ситораҳо», «Коралина» , «Одами регӣ»,  «Таърихи қабристон» ба шумор мераванд.

Соли 1982 дар Ню-Йорк нависандаи фаронсавӣ-амрикоии  асарҳои тахайюлӣ, барандаи ҷоизаи «Небюл», Алетт де Бодар таваллуд шудааст.

Соли 2001 дар Юджин нависандаи амрикоӣ Кен Кизи дар синни 66 солагӣ аз дунё гузашт. Нависанда бо романи «Парвоз аз болои лонаи фохтак» маълуму машҳур аст.

Соли 2006 дар Порталеси иёлоти Ню-Мексико нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ  Ҷек Уилямсон дар синни 98 солагӣ аз дунё гузашт. Ҷек Уилямсон яке аз классикони сабки илмӣ-тахайюлӣ ба шумор меравад. Соли 1934 ў яке аз романҳои машҳури худ «Легиони фазоӣ” (The Legion of Space)-ро навишт ва сужаро дар романҳои дигараш идома додааст.  Соли 1938 Уилямсон романи нави худ «Легиони замон» (Legion of Time)-ро оғоз кард ва онро бо романи «Баъди охирзамон» (After the World’s End, 1939) идома додааст.

Соли 1975 миёни  нависандагон дуюмин шуда, ба унвони «Grand Master» лоиқ дониста шуд; ӯ инчунин ҷоизаҳои «Небюл», «Хюго»  ва ҷоизаи ёдбуди  Ҷонн В. Кэмпбеллро сазовор шудааст. Барои саҳмаш дар сабки илмӣ-тахайюлӣ «Ҷоизаи Фантастикаи ҷаҳон»-ро дарёфт кардааст.

Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова,
сармутахассиси Шуъбаи
илмӣ-тадқиқотӣ.