Денис Сорокин дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг “Шашмақом” ва “Фалак”-ро меомӯзад

Денис Сорокин “Шашмақом” ва “Фалак” ду ганҷинаи фарҳанги миллат на танҳо барои миллати тоҷик аз маҳбубияти хосе бархӯрдоранд, балки таваҷҷуҳи афродеро аз миллатҳои дигар ҳам ба худ мекашанд.

Муддати ду ҳафта Денис Сорокин, як хатмкардаи Донишкадаи мусиқии Санк-Петербург, ки ҳоло дар Душанбе омӯзгори фанни мусиқист, дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Шашмақом” ва “Фалак омӯхт.

Денис аслан аз хонандагони доимии шуъбаи ёдшуда аст ва ҳар боре меояд, ҳатман китобҳоеро суроғ мекунад, ки нахондаасту надидааст. Аммо бисёртар завқи мутолиа дар бораи ду шаҳкори бузурги миллат: “Шашмақом” ва “Фалак” дорад.

Ҳар боре меояд, пораҳо аз мусиқиро гӯш мекунад, нотаҳоро аз назар мегузаронад ва дар дафтари ёддоштҳои худ қайдҳо мекунад.

Денис мегӯяд, мехоҳам чун мутахассис дар бораи ин ду навъи мусиқии беназир зиёдтар донам ва дар оянда корҳои пажӯҳишӣ анҷом диҳам. Мехоҳам миллати худро бо ин шаҳкори беназир бештар ошно созам.

Саодат Набиева