Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14-уми ноябр

як-рузи-адабиёт-13-11-2023Соли 1803 дар Ҳэллоуэлл, иёлати Мэн нависанда ва кашиши амрикоӣ Ҷейкоб Эббот ба дунё омад. Ӯ яке аз машҳуртарин ва сермаҳсултарин адибони замони худ буд. Муаллифи асарҳои зиёде барои бачаҳо, китобҳои омӯзишии динӣ ва чандин китобҳои илмиву оммавист. Дар тӯли умраш 180 китоб навиштаву 31 китоби дигарро дар ҳаммуаллифӣ интишор додааст.

Силсилакитобҳояш дар бораи Ролло, ба мисли “Ролло дар бозӣ”, “Ролло дар Аврупо” хеле машҳур аст. Ин китобҳо дар бораи писараки одӣ ва дӯстони ӯ буда, хеле шавқовару хонданианд.

Бародаронаш Ҷон Стивенс Кэбот Аббот ва Горэм Думмер Аббот низ нависанда буданд.

Алеардо-АлеардиСоли 1812 дар Верон шоири итолявии пайрави романтизм  Алеардо Алеарди таваллуд шуд. Вай 65 сол умр дид ва 17 июли соли 1878 дар ҳамон зодгоҳаш чашм аз олам пӯшид.

Алеарди  ба далели ҳузури фаъол дар ҷунбиши Италия шинохта шуда буд. Дар соли 1848 ӯро тартиб додани қонуни интихобот ҷалб карданд.

Соли 1864 профессори эстетикаи Академияи санъат таъин шуд ва баъдтар дар вазифаҳои узви шӯрои вазорати маориф ва сенатор кор кард.

Дар асарҳояш бештар озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Италия васф шудаанд.

Соли 1823 дар шаҳри Санкт-Петербург нависанда, шоир,сароянда, библиограф, муаррих ва адабиётшиноси рус Михаил Лонгинов зода шуд. Умри дароз надид. 51-сола буд, ки тарки олам кард.

Соли 1825 дар Байрейт (Олмон) дар синни 62-солагӣ нависанда, танзнавис ва мақоланависи аҳли Олммон Жан Пол чашм аз олам пӯшид. Вай 21 марти соли 1763 дар Бовария таваллуд шуда буд.

Номи аслии ӯ Иоҳанн Паул Фридрих Рихтер буда, ба хотири алоқамандии зиёдаш ва эҳтироми хосааш ба Жан Жак Руссо номи худро ба Жан Пол иваз кард.

Писари кашиш буд, дар донишгоҳи Лейпсиг таҳсил кард, вале ба сабаби фақру нодорӣ натаовнист онро хатм кунад. Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки очркҳои танзӣ менавишт.

Асараш «Hesperus oder 45 Hundspottage»  ба ӯ аввалин шуҳратро насиб гардонд.

Астрид-ЛиндгренСоли 1907 дар Виммербю (Шветсия) нависандаи машҳури ин кишвар Астрид Линдгрен ба дунё омад. Вай 94 сол умр дид ва 28 январи соли 2002 дар Стокҳолм дида аз олам барбаст.

Хонум Линдгрен аввалин афсонаашро бо номи «Пеппии ҷуробдароз» соли 1944 навиштааст. Афсона дар озмуни адабӣ ҷои аввалро ишғол кард ва ин ба Астрид илҳом бахшида ўро водор намуд, ки ҷиддӣ ба эҷодиёт машғул шавад. Беҳтарин асарҳояш: силсилакитоб дар бораи Эмил, бахусус «Эмил аз Лоннеберг», «Кӯдак ва Карлсон», «Кӯдакон аз Бюллербю», «Саргузашти ҷосус Калле Блумквист» ва «Кӯдакон аз кӯчаи ҷанҷолӣ» ба шумор мераванд Ғайр аз китобҳои шавқовар дар бораи саргузаштҳои ҷолиби Астрид инчунин ҳикояҳои риққатангез, аз қабили «Расмуси оварагард», «Мио, Миои ман!» ва «Бародарон бо қалби шерона»-ро эҷод кардааст.

Астрид 41 китоб барои кӯдакони хурдсол ва 34 китоб барои наврасон навиштааст. Китобҳои ӯ дар бо теъдоди азим – зиёда аз 165 миллион нусха фурӯхта шудаанд. Афсонаҳояш ба 75 забон тарҷума шуда, чандин бор аз рўйи онҳо филмҳо ба навор гирифта, дар театрҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар беш аз сад кишвари олам аз осори гаронмояи ӯ хабар доранд.

Джек-ФиннейҲукумати Шветсия ба гиромидошти хотираи адиби маъруф “Ҷоизаи ёдбуди Астрид Линдгрен”-ро таъсис дод. Ин ҷоиза, ки маблағи он беш аз 5 миллион крони шведӣ мебошад, бузургтарин ҷоизаи нақдии ҷаҳон дар робита ба адабиёти кӯдакону навврасон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Соли 1995 дар Гринбро, иёлати Калифорния дар синни 84-солагӣ аз илтиҳоби шуд нависандаи машҳури тахайюлнависи амрикоӣ Ҷек Финней аз олам гузашт.

Вай 2 октябри соли 1911 дар Висконсини ИМА зода шуда буд.

Машҳуртарин асарҳои Ҷек Финней “Марде дар тала”, “Рабояндагони ҷасад”, “Миёни ду вақт”, “Миёни се вақт”, “Таҳоҷум” мебошанд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ