Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 –уми июн

Як-рузи-таърих-17-06-2023Соли 1610 дар Йеллинг тарҷумон ва нависандаи аҳли Дания  Бригитта Тотт ба дунё омадааст. Биргитта (Бриҷит) Тотт бо донишмандиаш маъруф буд. Вай дар баробари бисёр забонҳои дигар бо забони лотинӣ (тахассусаш) озод ва моҳирона ҳарф мезад. Ў асарҳои зиёдеро ба забони даниягӣ  тарҷума кардааст.

Биргитта соли 1658 китоби “Филолог”-и файласуфи ахлоқӣ Сенекаро аз лотинӣ ба забони даниягӣ тарҷума кард, ки дар натиҷа миёни мардум шинохта шуд. Ҳаҷми бузурги тарҷумаи Сенека 1000 саҳифаро ташкил медиҳад. Ин китоб аввалин бор хонандагони Данияро бо муколамаи нави фарҳангӣ ва динӣ ошно кард. Дар тарҷума инчунин калимаҳои нави даниягӣ пайдо шуданд.

Манбаъҳои муосир иттилоъ медиҳанд, ки Биргитта пеш аз маргаш забонҳои данӣ, олмонӣ, ҳолландӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, испанӣ, лотинӣ, юнонӣ ва ибриро азхуд кардааст, ки донишу малакаи ӯро бо забонҳои олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва лотинӣ аз рўйи дастнависҳои тарҷумаҳои ӯ тасдиқ кардан мумкин аст.

Вай пас аз марги шавҳараш таҳсилро дубора оғоз карда, идома дод. Дар соли 1660 подшоҳ ба Биргитта Тотт иҷозат дод, ки барои идомаи таҳсил, васеъ кардани китобхона ва омӯзиши забон аз Академияи Соро ионати солона гирад. Тотт бо вуҷуди надоштани «касби» ҷамъиятӣ дар ҷамъияти илмии Дания зани обрўманд гардид. Вай яке аз аввалин фаъолони ҳимоятгари ҳуқуқи занон дар Скандинавия буд.

Joseph-AddisonСоли 1719 дар Лондон нависанда ва намоишноманавис, асосгузори рўзноманигории англис Ҷозеф Аддисон, даргузашт.

Аддисон Ҷозеф, дар Милстон (Уилтшир) дар оилаи коҳин таваллуд шуда ба воя расидааст. Баъди хатми дабистон ба  Донишгоҳи Оксфорд дохил шуда, аввал бакалавр ва баъд магистр шуд. Соли 1698 бошад ба аспирантураи Коллеҷи Модлин дохил шуд ва дар натиҷа Аддисон ҳамчун олим ва шоир шўҳрат пайдо кард.

Соли 1699, дар омодагӣ ба хидмати дипломатӣ, ӯ барои сафар ба қитъа ба маблағи 200 фунт ионати  шоҳона гирифт ва аз соли 1699 то соли 1703 дар Аврупо сафар кард.

Соли 1704 ба Англия баргашта, дар асоси фармони ҳукумат ба шарафи ғалаба дар ҷанги Бленхайм достони «Маъракат»-ро эҷод мекунад.  Чанд сол баъд ба вазифаи ёвари котиби давлатии ИМА таъин гардид ва «Саёҳат дар Италия»-ро нашр кард.

Дар соли 1707 операи Эдисон «Розамунд» ба саҳна гузошта шуд, вале он муваффақият пайдо накард. Аммо фоҷиаи классикии «Катон»-и Эдисон,  ки соли 1713 ба саҳна гузошта шуд ва  бо сабаби истинодҳои сиёсиаш муваффақияти бузург пайдо намуд.

Соли 1808 нависанда ва намоишноманависи норвежӣ Ҳенрик Арнолд Вергеланд таваллуд шудааст. Ў яке аз бузургтарин нависандагон ва намоишноманависи Норвегия ба шумор меравад.

Вергеланд барои тарбияи омма хидмати арзанда кардааст: китобхонаҳои оммавӣ ташкил карда, рисола, варақа ва рўзномаҳо нашр кардааст.

Асарҳои беҳтаринашро Вергеланд замоне навиштааст, ки мубталои беморӣ буд.  Вергеланд пас аз нашри мазҳакаҳои худ дар мавзӯъҳои рӯз машҳур гардид.   Соли 1830 «Инҷили ҷумҳуриявӣ»-и ӯ (ба ибораи ҳамзамононаш) – драмаи лирикии «Олам, инсоният ва Масеҳ» ба вуҷуд омад. Ин асар ба танқиди сахти Велхавн рўбарў шуд. Муборизаи байни ў ва Вергеланд инкишофи минбаъдаи адабиёти Норвегияро ба андозаи муайян маълум кард. Вергеланд ба эҷодиёти  Борнсон ва Ибсен таъсир расонд.

енри-ЛоусонСоли 1867 дар шаҳри кони тилло – Гренфел дар Уэлси Нави Ҷанубӣ, нависандаи австралиягӣ, классики адабиёти миллӣ Ҳенри Лоусон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Ҳенри Лоусон аз авлоди маллоҳи норвегӣ П.Ларсен аст, ки дар солҳои «васвасаи тилло» дар Австралия маскан гирифта, насабашро ба тарзи инглисӣ иваз кардааст. Шавқи шеър ба дили ў дар солҳои мактабхонӣ пайдо шудааст. Шоир дар синни 20-солагӣ аввалин шеъри «Суруди ҷумҳурӣ»-ро нашр кардааст. Лоусон ба зудӣ маъруфият пайдо кард ва дере нагузашта асарҳо ва ҳикояҳои нави ӯ нашр шуданд. Бо сабаби рўзгори худро пеш бурдан  шоир маҷбур шуд, ки фаъолияти эҷодиашро бо меҳнат пайваста, дар тӯли умри худ пайваста касбашро иваз кунад.

Лоусон беҳтарин асарҳои худро дар солҳои муноқишаҳои шадиди иҷтимоӣ (солҳои 1890 – 1900) нашр кардааст. Ў дар ватан ҳамчун шоири демократ шӯҳрат пайдо кард. Ин муваффақиятро ў баъди нашри (аз соли1894 то 1902) маҷмӯаи шеърҳо ва ҳикояҳои худ ба даст овардааст. Вай дар асарҳояш ба мушкилоти ҳаётан муҳими сокинони фақири шаҳру деҳоти Австралия тасвир мекард, зеро худи шоир бо онҳо «аз як ҳаво» нафас мекашид. Лоусон  дар мавзуҳои инқилоб зиёд эҷод кардааст. Вай шӯҳрати умумиҷаҳониро бо ҳикояҳое, ки бо муҳаббат ба мардуми одӣ, эътиқод ба қобилиятҳои рӯҳонии ӯ, қудрати ҳамбастагӣ фаро гирифта шудаанд, ба даст овардааст. Қаҳрамонҳои асосии Лоусон, ки австралиягиҳои одӣ мебошанд, аз ҷониби муаллиф ба чунин хислатҳо, ба монанди саховатмандӣ, ҳамдардӣ, зарофат ва мадади дўст дар тангдастӣ тасвир ёфтаанд.

Нависанда сарфи назар аз сахтиҳои рӯзгор (майхорагӣ, мушкилоти оилавӣ, фақри беинтиҳо) то охирин нафаси умр эҷод кардааст.

Владимир-Александрович-СоллогубСоли 1882 дар Ҳамбург нависандаи рус Владимир Соллогуб вафот кард. Соллогуб Владимир Александрович дар Петербург дар оилаи ашрофзода таваллуд шудааст. Вайро аслан падараш – санъатдўсти машҳур, аз рўйи барномаи худ дар хона таълим додааст.

Солҳои 1829 -1834 дар Донишгоҳи Дорпат таҳсил карда, баъд аз он ба Санкт-Петербург баргашт ва аввал дар Вазорати корҳои хориҷӣ, баъдан ба ҳайси мансабдори таъиноти махсуси назди губернатори Твер фаъолият мекунад.

Наздик будани маҳфили Карамзин, ки бо писари ў дар донишгоҳ таҳсил кардааст, ба Соллогуб имкон медиҳад, ки алоқаҳои адабии ў васеъ ва мустаҳкам шавад. Вай бо Пушкин, Гогол, Жуковский, Лермонтов ва дигар нависандагони машҳури он замон вомехўрад.

Нахустин повести «Се домод»-и Соллогуб соли 1837 дар маҷҷаллаи  «Современник» нашр шуд ва «Таърихи ду калўш», ки баъд аз ду сол дар «Отечественные записки» чоп шуд, ба ў муваффақияти адабӣ овард.  Соли 1840 повести «Нури бузург» ва ҳафт боби аввали «Тарантас»-ро ба табъ расонд.

Зери таъсири Гогол, ки дар «Таърихи ду калўш» дида мешавад, Соллогуб ба зўдӣ мавзуи худро, ки ба  ҳаёти ашрофони ҷамъиятӣ дахл дорад, пайдо мекунад. Белинский ба насри Соллогубро баҳои баланд дода, дар он хусусиятҳои нав дидааст: «Соллогуб дар миёни нависандагони мактаби нав яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад, истеъдоди ў муайян ва қатъӣ, тавоно ва дурахшон аст».

Соли 1841 повести «Шер» ва баъд «Доруфурўшзан» – яке аз беҳтарин асарҳои нависанда рўйи чоп омаданд.

Дар соли 1845 асари маъруфи Соллогуб «Тарантас» пурра аз чоп баромад, ки дар адабиёти рус падидаи барҷаста гардид.

Пас аз соли 1845 асосан водевил (водевилнамоишномаи мазҳакавие, ки ғайр аз муколама рақсу суруд ва мусиқӣ ҳам дорад)  ва мақолаҳо дар бораи мусиқӣ ва театр навиштааст. Соли 1856 ба унвони таърихнигори дарбор сарфароз шуд. Ўро соли 1858 барои омўзиши театрҳои Аврупо ба хориҷа фиристоданд ва дар он ҷо мазҳакаи «Исботи дўстӣ»-ро эҷод кард, ки дар соли 1859 дар Порис ба саҳна гузошта шуда буд.

Соли 1865 Соллогуб аъзои Чамъияти дўстдорони адабиёти рус интихоб шуда, баъди ба он дохил шуданаш дар бораи шиносоиаш бо беҳтарин адибони замони худ маъруза хонд. Баъдтар вай дар бораи онҳо як силсила ёддоштҳо менависад.

Виктор-Платонович-НекрасовСоли 1911 дар Киев нависандаи рус, барандаи Ҷоизаи Сталини дараҷаи дуюм (1947), узви клуби ПЕН-и Фаронса (1975), аъзои Академияи санъати тасвирии Бовария Виктор Некрасов ба дунё омадааст.

Виктор дар оилаи табиб таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи меъмории Донишкадаи сохтмонии Киев дохил шуд. Ҳамзамон дар Театри драмавии русӣ кор мекард.

Дар театрҳои Киев, Владивосток, Киров ва Ростови лаби Дон ҳамчун ҳунарманди таетр  ва ороишгари саҳна кор кардааст.

Моҳи августи соли 1942 ба ҷабҳа рафта, дар қушунҳои ҳарбии қисмҳои меъморӣ ва бинокорӣ адои хидмат кард, ў фармондеҳи баталон буд.

Баъди ҷанг (1946) достони Некрасов «Дар хандақҳои Сталинград» дар маҷаллаи «Знамя» чоп шуд. Баъди як сол ӯ ба ҷоизаи Сталин сарфароз гардид. Некрасов кўшиш мекард, ки ҳақиқатро дар бораи ҷанг тасвир кунад, дар бораи ҳаёти халқ софдилона нависад.

Соли 1954 повести ў «Дар зодгоҳ» – дар бораи такдири собиқ аскари фронт рўйи чоп омад, ки барои нашри он маҷаллаи «Знамя» зери танқиди сахти ҳизбӣ қарор гирифта буд. Повести навбатии Некрасов «Кира Георгиевна» (1961) ба ҳаёти мушкили зиёиён бахшида шудааст.

Нависанда дар «Литературная газета» бо як қатор мақолаҳо баромад карда, ба абадӣ гардондани хотираи одамоне, ки соли 1941 дар Баби Яр аз тарафи фашистон парронда шуда буданд, даъват кардааст.

Аксари кушташудагон яҳудиён буданд ва Некрасовро ба сионизм муттаҳам мекарданд. Бо вуҷуди ин дар Баби Яр ҳайкали ёдгорӣ гузошта шуд, ки ин хидмати шоистаи нависанда аст.

Пас аз суханони дурушти Н.С.Хрушёв, ки дар яке аз пленумҳои ҳизбӣ ба нависанда гуфта буд, Некрасовро барои «вафодорӣ нисбат ба Ғарб» бадном намуданд ва дигар китобҳояшро  нашр намекарданд.

Дар хонаи истиқоматии Виктор Платонович, ки дар Киев буд, тафтиш ва кофтукоб гузаронида шуд. Некрасовро шаш рўз муфаттиш бозпурсӣ мекард.

Соли 1974 нависанда ба Фаронса муҳоҷират кард. Дар хориҷа кори эҷодии худро давом медод.

Асари охирини Некрасов «Қиссаи хурди пуралам» дар бораи ҳаёти се дўст мебошад.

Нависанда 3 сентябри соли 1987 дар Порис вафот кардааст.

Соли 1912 шоири украин Валентин Василевич Бичко таваллуд шудааст. Валентин Василевич Бичко шоири шўравии украин, насрнавис, намоишноманавис, тарҷумон, муаллифи асарҳо барои бачагон ва ибарандаи Ҷоизаи адабии ба номи Леся Украинка (1977) ба шумор меравад.

Аввалин китобаш барои бачагон бо номи «Модарон дар корхонаҳо» соли 1932 нашр шуд, баъд аз он «Меҳмони якуми май» (1935), «Мактаббачагони хушҳол» (1941), «Ҳафтранг» (1946), «Солҳои пионерӣ» (1954), «Гулхан» (1969), «Панҷ афсона» (1970) ва ғайраҳо рўйи чоп омаданд.

Асарҳои нависанда ба забонҳои русӣ, белорусӣ, литвонӣ, грузинӣ тарҷума шудаанд. Худи В.Бичко асарҳои адабиёти рус (В. Маяковский, С. Маршак, С. Михалков), аз забони литвонӣ (Е. Межелайтис, Е. Матузявичюс, С. Нерис, Ю. Мартсинкявичюс) ва белорусро тарҷума кардааст.

John-Richard-HerseyСоли 1914 нависанда ва рӯзноманигори амрикоӣ Ҷон Ҳерси ба олам омадааст. Ҷон Ҳерси дар Тянтсзин (Чин) дар оилаи мубаллиғи амрикоӣ таваллуд шудааст. Вай пеш аз он ки ба забони англисӣ ҳарф занад, забони чиниро ёд гирифт.

Вақте ки ў даҳсола буд, оилаашон ба Амрико баргашт. Донишгоҳҳои Йел ва Кембриҷро хатм кардааст. Соли 1937, дар ҳоле ки донишҷӯи Донишгоҳи Кембриҷ буд, котиби адабии нависанда Синклер Люис буд. Вай барои маҷаллаҳои Time (1937–1944) ва Life (1944–1945) менавишт. Аз соли 1965 то соли 1970 Ҳерси сардори коллеҷи Пирсон буд. Аввалин романи Ҳерси «Зангўла барои Адано» (1944) сазовори Ҷоизаи Пулитсер гардид (1945). Китоби навбатӣ бо номи «Хиросима» (1946) як ҳуҷҷати мустанад дар бораи аввалин бомбаи атомӣ мебошад. Романи «Девор» (1950) дар бораи шӯриши геттоҳои Варшава дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ нақл мекунад. Ҳаҷвияи «Харидори кӯдак» (1960) дар бораи маорифи Амрико навишта шудааст ва романи «Роҳи хеле дур» (1966) аз дилгирӣ ва бемақсадии ҳаёти донишҷӯии Амрико  ва маркази шӯриши ҷавонони солҳои 60-ум нақл мекунад; дар асари «Нилуфари сафед» (1965) – тахайюлот дар бораи муносибатҳои нажодӣ тасвир ёфтааст. Нашрияҳои охирини Ҳерси маҷмӯаи ҳикояҳои кӯтоҳи «Ҷаҳиш» (Fling, 1990) мебошанд. Ҷон Ҳерси ду маротиба оиладор шуда, соҳиби панҷ фарзанд буд.

Соли 1947 муҳаррири амрикоӣ Максвелл Перкинс даргузашт. Иқтисодчии амрикоӣ (аз рӯи маълумот) ва муҳаррири адабӣ, ки ҳамчун муҳаррир бо Эрнест Ҳемингуэй, Фрэнсис Фитзҷералд, Томас Вулф ва дигарон кор кардааст. Нависанда Эрнест Ҳемингуэй достони «Пирамард ва баҳр»-ро соли 1952 ба хотираи муҳаррири худ Максвелл Перкинс  бахшидааст.

Абдул-МуисСоли 1959 нависанда ва рўзноманигори Индонезия Абдул Муис аз дунё гузашт.

Абдул Муис қаҳрамони миллии Индонезия, нависанда, рӯзноманигор ва мутарҷими индонезӣ, асосгузори насри реалистии муосири Индонезия ба шумор меравад. Ў яке аз иштироккунандагони равияи истиқлолияти Индонезия буд. Се сол дар Ҷакарта дар риштаи тиб таҳсил кард, вале бо сабаби беморӣ маҷбур шуд, ки таҳсилро тарк кунад. Кори аввалинаш ба хидмати давлатӣ марбут буд, баъдтар Абдул Муис ба ҳайси рўзноманигор фаъолият карда ҳукуматдорони мустамликаи Ҳолландияро дар Индонезия танқид кард. Соли 1928 романи «Таълими нодуруст»-ро нашр кард. Вай асарҳои муаллифони ғарбӣ «Дон Кихот»-и Сервантес (1923), «Саргузашти Том Сойер»-и Марк Твен (1928), «Бепарстор»-и Гектор Малоро (1932) ба забони индонезӣ тарҷума кардааст

Соли 1968 шоири футурист Алексей Кручених вафот кард. Алексей Елисеевич Кручени дар деҳаи Оливаи вилояти Херсон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Кручених баъди хатми омўзишгоҳи рассомии Одесса дар соли 1906 бо камоли кордонӣ ба рассомӣ машғул шуд.

Соли 1912 китобҳои ӯ «Бозӣ дар дӯзах» (бо ҳаммуаллфии Велимир Хлебников) ва «Ишқи дерина» ба табъ расидаанд.

Дар соли 1913 Кручених машҳуртарин шеъри худ «Дыр бул щыл…»-ро дар маҷмӯаи «Помада» нашр кард ва ба таҳияи назарияи «забони нофаҳмо» машғул шуд, ки асосҳои он дар «чунин эъломияи калом» омадааст (1913).

Кручених пеш аз инқилоб асарҳои зиёд  чоп кардааст. Китобҳои ўро шинохтатарин рассомони авангарди рус (К. Малевич, М. Ларионов, Н. Гончарова ва дигарон) тасвир кардаанд.

Соли 1972 дар Смоленск  шоир, аъзои Иттифоқи нависандагони Русия  Наталя Егорова таваллуд шудааст.  Ў Донишкадаи омўзгории Смоленскро хатм кардааст. Дар китобхона, нашриёти «Современник», рўзномаҳои «День» ва «Завтра» кору фаъолият кардааст. Дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Наталя Николаевна Егорова муаллифи китобҳои ашъори «Тӯбҳои тиллоӣ», «Паррандаҳо дар шаҳр», «Ҳазор сол бориши барф», «Вилояти рӯшноии Русия» ва маҷмӯаҳо ба шумор меравад. Барандаи ҷоизаҳои солонаи маҷаллаи “Муосири мо” ва Ҷоизаи Православии Умумироссиягӣ бо номи Александр Невский мебошад.

Валентина-СедловаСоли 1976 дар Уляновск нависанда ва филмноманависи рус Валентина Седлова ба дунё омадааст.

Валентина Седлова, муаллифи 16 романи риққатовар мебошад, ки аз ҷониби нашриёти АСТ ва OLMA нашр шудаанд. Теъдоди умумии китобҳояш ба  339 000 нусха мерасад, ки аз он ҷумла  235.500 нусхааш нашр шудааст. Валентина дар бораи худаш чунин мегўяд: «Ман дар Уляновск таваллуд ёфтаам, пеш аз донишҷўям дар Красноармейски назди Москва зиндагӣ мекардам ва аз замони донишҷўйӣ дар Москва муқимӣ шудам. Дорандаи дипломи сурх аз рӯи ихтисоси «иқтисоди ҷаҳонӣ» ҳастам. Бо вуҷуди ин,  ҳеҷ гоҳ иқтисоддони касбӣ нашудам. Оиладорам, шавҳарам аввалин хонанда ва муҳаррири китобҳои ман аст, вале муҳимтар аз ҳама, ӯ маро дар ҳама кор дастгирӣ мекунад. Гумон аст, ки агар ӯ намебуд, ягон чизи арзанда барои навиштани китоб пайдо шавад. Ҳамин тавр мешавад, ки ман романҳои риққатовар менависам. Ман ин корро дӯст медорам, зеро ин жанри дӯстдоштаи ман аст. Воқеан, ман достонҳои хуби детективӣ, илмӣ-тахайюлӣ, насри ҳаҷвиро дӯст медорамаммо ман то ҳол романҳои риққатовар менависам. Ва дар ин ҷо ягон зиддият вуҷуд надорад, зеро жанри риққатовар  – дўзахи омехтаи ҳамаи гуфтаҳои болост. Бояд ба шумо як чизи дигарро эътироф намоям: ман қаҳрамонҳои худро хеле дўст медорам. Ҳатто агар онҳо дар рафти сужа ҷудо шаванд, азоб кашанд, ба корҳои бад даст зананд ҳаманҷоми хушбахтона кафолат дода мешавад. Онҳо то абад, хушбахтона зиндагӣ хоҳанд кард, то замоне, ки аз якдигар дилгир нашаванд

Асарҳои «Зан бо чатр ва дурнамо», «Бозиҳои маҷозӣ», «Дар зери чатри осмон», «Арӯси қалбакӣ барои домоди қалбакӣ», «Ҳавасҳои кӯдакона дар Лукоморе», «Ҳафт-се» ва ғайраҳо масўби ўянд.

Юрий-НагибинСоли 1982 шоир, очеркнавис, муаррихи чех Зденек Калиста даргузашт.

Соли 1994 нависанда Юрий Нагибин вафот кард. Падари нависандаи оянда, ашроф Кирилл Александрович Нагибин соли 1920 бо иттиҳоми иштирок дар шӯриши зидди Ҳокимияти Шӯравӣ дар вилояти Курск парронда шуд. Модар Ксения Алексеевна насаби писарашро ба Маркович иваз кард ва наҷибзода будани худро пинҳон дошта тавонист. Ин ба Юра имкон дод, ки дар оянда мактабро бо баҳои аъло хатм карда, ба шуъбаи филмноманависии ВГИК дохил шавад.

Соли 1928 модари Нагибин бо нависанда Яков Рикачёв хонадор шуд, ки вай қадамҳои аввалини Юрийро дар соҳаи адабӣ ташвиқ намуд.

Юрий Нагибин аз хотираҳои давраи бачагии пеш аз ҷанг, ба дўстон ва ҳамсинфонаш чанд асар, аз ҷумла «Ҳавзҳои тоза», «Албоми мактабӣ», «Дўсти аввалинам, дўсти бебаҳоям»-ро бахшидааст. Дар эҷодиёти нависанда ва ёддоштҳо дўсташ Павлик, ки дар ҷанг ҳалок шуда буд, ҷои муҳимро ишғол мекунад, чунки онҳо дар як хона калон шуда дар як синф мехонданд.  Номи дўсташро инчунин қаҳрамони повести тарҷумаиҳолии ў гирифтааст, ки аз ҷониби нависанда Павлик” номгузорӣ шудааст.

Нагибин соли 1940 аввалин повести худро чоп кард ва ҳамон со узви Иттифоқи нависандагон шуд.

Дар ибтидои ҷанг ВГИК-ро ба Алма-Ото кўчонда, Нагибинро ба сафи артиш даъват карданд ва тирамоҳи соли 1941 ба шуъбаи сиёсӣ ба ҷабҳаи Волхов фиристоданд.

Баъди зарбаи сахти мушак дар ҷанг то охири он мухбири махсуси рўзномаи  «Труд» шуда кор кард.

Соли 1943 аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш аз чоп баромад.

Дар авоили соли 1963 баъди мушкилот бо филмномаи «Раис» бори аввал ба сактаи дил гирифтор шуд.

Солҳои охир Нагибин ва занаш дар Италия зиндагӣ мекарданд.

Юрий Нагибин расман панҷ маротиба издивоҷ кардааст, аммо боре ҳам фарзанддор нашудааст.

Ҳамаи асарҳои ўро як чиз муттаҳид мекунад, дар онҳо муносибатҳои инсонӣ, боварӣ ба некии инсон, ангезаҳои бомуваффакияти психологӣ ва бенуқсонии нависанда дар масъалаҳои виҷдон, шараф ва вазифа мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Алексей-НеживойСоли 2019 дар Полтава нависанда ва рӯзноманигори украинӣ Алекс Неживой, узви Иттиҳодияи миллии нависандагони Украина (1997) ва узви Иттиҳодияи нависандагони Полтава даргузашт.

Алекс Неживой муаллифи зиёда аз 385 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ оид ба адабиётшиносӣ, таърихи педагогикаи украинӣ, фолклор ва дастури таълими забон ва адабиёти украин мебошад.

Як қатор нашрияҳои алоҳида аз ҷумла: «Григор Тютюнник ва Луганшина» (1989), «Адабиёти Луганшина» (1993), «Барои вожаи модарӣ» (1994), «Аз калом ба суруд» (1996), «Муҳаббат бо номи Шевченко» (1998), «Эҷодиёти алоқаманд» (1998), «Борис Гринченко: посбони каломи модарӣ» (2007) мансуби ўянд.

Алексей Неживой инчунин муаллифи китобҳои дарсӣ оид ба адабиёти зодгоҳаш барои синфҳои 9, 10 (2001) ва синфи 11 (2002) мебошад.

Таҳҳияи
Сафаргул ҲУСАЙНОВА