Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 – уми апрел

асосииСоли 1832 дар Мадрид намоишноманависи испанӣ Хосе Эчегарайи-Эйзагирре, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1904) ба дунё омад.

Хосе дар Институти Мурсия соҳибмаълумот шудааст, ки падараш профессори забони юнонӣ дар он ҷо дарс медод.  Эчегерай ҳангоми таҳсил дар донишкада ба забонҳои лотинӣ ва юнонӣ шавқу ҳавас дошт. Ӯ дар синни 14-солагӣ дараҷаи бакалаври фалсафаро хатм карда, сипас ба Мадрид баргашт. Дар ин ҷо ӯ ба омӯзиши математика дар техникум шурӯъ карда, онро соли 1853 хатм кард. Эчегерай ғайр аз фанни риёзӣ дар соҳаи геология ва иқтисоди сиёсӣ ба тадқиқот машғул шуд ва ба санъати театр дилбастагӣ дошт.

Соли 1874, пас аз барқарор шудани монархияи Бурбон дар Испания, Эчегерай ба Фаронса муҳоҷират карда, дар Порис маскан гирифт ва худро комилан ба адабиёт ва театр бахшид. Вай дар Порис зиёд наистода, худи ҳамон сол ба Мадрид баргашт ва аввалин песаи худ «Дафтари чек»-ро бо тахаллуси Аясека-и-Эйсагир навишт. Фаъолияти илмию сиёсиро тарк кард ва аз ҳамон вақт то охири умр танҳо ба навиштани асарҳои драмавӣ машғул буд.

Эчегерай соле ба ҳисоби миёна ду-се песа эҷод мекард. Ин песаҳо аксар вақт дар театрҳои Испания ба саҳна гузошта шуда, ба муаллиф шўҳрати калон оварданд. Аз 60 песаи Эчегерай қариб нисфаш дар шакли назм навишта шудааст, масалан, драмаи романтикии «Зани интиқомгир» (1874) аввалин песаест, ки ба намоишноманавис  шуҳрат овард. Песаи «Дар дастаи шамшер» (1875) муваффақияти боз ҳам калон пайдо кард. Дар соли 1877 Эчегерай ба эҷоди песаи «Беақлӣ ё қудсият» шуруъ кард, ки қаҳрамони асосии он танҳо аз рўи хислатҳои – поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва устуворӣ  девона эълон гардид. Песа ба забони англисӣ тарҷума шуд ва баъд аз он ки онро Ҷорҷ Бернард Шоу мутолиа кард, ба эҷодиёти Эчегерай баҳои баланд дод. Аз песаи «Писари Дон Жуан» cap карда, эҷодиёти Эчегерай хусусиятҳои реалистӣ пайдо кард. Дар песаи номбурда таъсири Ҳенрик Ибсен, алалхусус, песаи ў «Арвоҳ» баръало намоён буд. Мунаққидон «Писари Дон Жуан»-ро нисбатан сард қабул карданд ва танҳо Бернард Шоу дар ин бора ба таври мусбат сухан ронда, қайд карданд, ки «…сужаи «Арвоҳ» тафсири нави миллӣ гирифт, вале ҳамон маънои худро нигоҳ дошт».

José_Echegaray_y_EizaguirreМашҳуртарин асари Эчегерай песаи «Галиотои бузург» буд, ки соли 1881 навишта шудааст. Мавзӯи асосии он дурӯғ ва тӯҳмат буд, ки аз он шахсони бегуноҳ  азият мекашиданд. Ба қавли санъатшинос Федерико де Онис, «ин песахомавзуъҳо ва ихтилофҳои анъанавиро, ки моҳияти намоишноманависиро ташкил медиҳанд, бо маҳорат ва таъсирбахш такрор мекунанд».

Авҷи шуҳрати Эчегерай дар солҳои 1890 ба вуқӯъ пайваст. Дар соли 1894 намоишноманавис ба Академияи подшоҳии Испания қабул гардид. Дар баробари ин як зумра адибони ҷавони испанӣ, ки ба таърих бо номи «Насли соли 98» дохил шудаанд, ба Эчегерай шадидан мухолифат карда, песаҳои ӯро аз ҳад зиёд эҳсосотӣ ва беасос донистанд ва ӯро барои тақлид ба Ибсен танқид карданд.

Дар соли 1904 Эчегурей ҳамроҳ бо Фредерик Мистрал Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиётро бо ибораи «барои хидматҳои зиёдаш дар эҳёи анъанаҳои драматургияи испанӣ» дарёфт кард.  Дар соли 1912 Эчегерай бо ордени кавалерии «Пўсти тиллоӣ» мукофотонида шуд.

Намоишноманавис дар Мадрид 14 сентябри соли 1916 дар синни 84-солагӣ аз дунё гузашт.

Соли 1902 дар Псков нависандаи шўравии рус Вениамин Каверин, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС  чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Вениамин Александрович Каверин дар оилаи сардори полки пиёдагарди 96-уми Омск ба воя расидааст, ки миёни шаш фарзанд   хурдтарин буд. Аз кӯдакӣ бародари калониаш Лео ба ояндаи ӯ таъсири калон расонд. Соли 1912 Каверин ба гимназияи Псков дохил шуда, дар он ҷо 6 сол таҳсил кард. Соли 1919 ба Москав кўчида, мактаби миёнаро дар ҳамин ҷо хатм карда, ба риштаи таъриху филологияи Донишгоҳ дохил мешавад.

Соли 1920 ба Петроград кўчида, таҳсилашро дар факултаи фалсафаи донишгоҳ давом дода, дар як вақт дар шуъбаи арабии Донишкадаи забонҳои зиндаи Шарқ таҳсил мекард. Соли 1923 Донишкадаи забонҳои Шарқро хатм карда, дар он ҷо барои аспирантура монд. Дар баробари ин, Каверин дар Донишкадаи таърихи санъат дарс медод. Аввалин ҳикояаш соли 1922 нашр шуда буд. Дар солҳои ҷанг Каверин мухбири рўзномаи «Известия» шуда кор мекард. Дар соли 1944 қисми охирини асарҳои машҳури нависанда – романи «Ду капитан» аз чоп баромад.

Каверин танҳо дар соли 1986, ҳамагӣ се сол пеш аз маргаш узви раёсати Иттифоқи нависандагон шуд.

Вениамин Александрович Каверин 2 майи соли 1989 дар Москва вафот кард.

Георгий-МарковСоли 1911 нависандаи рус Георгий Мокеевич Марков ба дунё омад.Георгий Мокеевич дар оилаи шикорчии хирс Мокей Фролович  ба воя расидааст. Солҳои 1930-1932 дар шуъбаи шабонаи Донишгоҳи давлатии Томск таҳсил карда, онро хатм накардааст. Солҳои 1931-1941  ў ба ҳайси муҳаррири маҷаллаи бачагонаи «Рафиқ»,  рўзномаи «Большевистская смена»-и  Новосибирск ва рўзномаи «Болшевики ҷавон» дар Омск фаъолият кардааст.  Мокеевич соли 1936 ба нашр шуруъ кард. Нависанда иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз моҳи июни соли 1941 мухбири ҳарбии рўзномаи «Дар дидбонгоҳи ҷангӣ»-и Фронти Забайкале буда, дар торумор гардондани армияи Квантун иштирок кардааст.

Асарҳои «Строговҳо», «Намаки замин», «Сибир» мансуби ўянд.

 

Соли 1951 нависанда ва филмноманависи фаронсавӣ Пер Леметр, барандаи Ҷоизаи Гонкур (2013) дар Порис  ба дунё омад.

Пер Леметр ҳанӯз дар кӯдакӣ ба мутолиаи нашрияҳои кисагӣ, ки модараш қариб ҳар ҳафта мехарид, шавқ пайдо кард. Соҳиби маълумоти филологӣ гардид ва аз адабиёти фаронсавию амрикоӣ дарс додааст. Баъдан, ӯ ҳамчун нависандаи озод ва филмноманавис ба кор шурӯъ кард. Пер Леметр кори худро ҳамчун «таҷрибаи ҳавас ба адабиёт» доимӣ медонад. Вай дар романи аввалини худ «Меҳнати ҷиддӣ» вазифаашро дар назди устодони худ – нависандагон, қаҳрамонони асосии асар иҷро кардааст.  Триллерҳои нависанда ва филмноманависи фаронсавӣ Пер Леметр, ки бо психологизми нозук ифода ёфтаанд, дар байни хонандагон ва мунаққидон ҳамовозии гарму ҷўшон пайдо карданд. Онҳо ба зиёда аз 20 забон тарҷума шуда, сазовори ҷоизаҳои хонандагон  “Confidentielles” ва “Goutte de Sang d’Encre” гардиданд. Пер Леметр аз соли 2011  Ҷамъияти адабиётшиносон роҳбарӣ мекунад.

Соли 1985 дар Ню Йорк нависандаи жанри асарҳои тахайюлӣ ва муаррихи амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Ҳуго, Аркади Мартин (номи аслиаш Анна Линден Уэллер) ба олам омад.

Аркади Мартин соли 2020  барои романи худ «Ёдгоре, ки империя ном дорад» ҷоизаи Ҳугоро сазовор шуд. Дар соли 2022 вай барои романи худ  «Вайронае, ки дунё ном дорад» ҷоизаи Ҳуго ва Локусро соҳиб шуд.

Анна Линден Уэллер дар оилаи яҳудиёне, ки аз Русия омадаанд, ба воя расидааст. Вай Донишгоҳи Чикаго (бакалавр дар риштаи диншиносӣ аз 2007), Донишгоҳи Оксфордро (магистр дар риштаи омӯзиши классикии арманӣ аз 2013) хатм карда, дар соли 2014 ба унвони докторӣ расидааст. Аз соли 2012 Уэллер бо тахаллуси Аркади Мартин асарҳои тахайюлиашро нашр мекунад.

Дар соли 2019 Мартин аввалин романи худро бо номи «Ёдгоре, ки империя ном дорад» нашр кард, ки дар жанри операи кайҳонӣ эҷод  шудааст. Пас аз як сол, ин китоб ҷоизаи Ҳугоро гирифт. Дар соли 2021, қисми дуюми ҳамон силсила «Вайронае, ки дунё ном дорад» рўи чоп омад.

Young_Daphne_du_MaurierСоли 1989 дар синни 82-солагӣ нависанда ва биографи англис, машҳуртарин нависандаи бритониёии асри ХХ Дафна Дюморе даргузашт.

Нависанда 13 майи соли 1907 дар Лондон дар оилаи калони ҳунармандони синамо ба дунё омадааст. Дафна дар хона маълумоти хуб гирифт. Вай аз хурдӣ романҳои Уолтер Скотт, Оскар Уайлд, Ги де Мопассан ва хоҳарон Бронтеро мутолиа мекард. Дар синни ҳаждаҳсолагӣ Дафна аввалин маҷмӯаи ашъори худро бо номи «Ташналабон» нашр кард. Дар соли 1925 вай ба мактаби хусусии назди Порис фиристода шуд. Пас аз гирифтани маълумот, нависанда кӯшиш кард, ки иқтидори эҷодии худро амалӣ созад ва сарбори оилаи худ  нагардад. Романи аввалини ӯ «Рӯҳи ишқ», ки соли 1931 нашр шудааст, дар ҳаёти Дафна нақши муҳим бозид. Майор Браунинг ӯро хеле дӯст медошт, ки ба зудӣ нависандаро хостгор шуд. Баъди оиладор шудан оила ҷавон дар Англия зиндагӣ мекарданд ва соҳиби се фарзанд шуданд. Эҷодиёти нависанда бо ҷоизаҳои бонуфузи аврупоӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо ордени Империяи Бритониё қадрдонӣ шудааст. Нависанда солҳои охири умри худро дар қасри маҳбубаш дар Корнуолл гузаронд.

Дюморе песаҳо, шеърҳо, асарҳои тарҷумаиҳолӣ ва сафарномаҳо  эҷод кардааст, аммо романҳои ў дар жанри триллери психологӣ хеле маъмул буданд. Нависанда соли 1938 барои нашриёти Голлантс повести детективӣ-романтикии «Ребекка»-ро офаридааст. Сарфи назар аз сюжети беобуранги роман, ки аксар вақт бо «Ҷейн Эйр» баробар мешавад, асар ба классикаи адабиёти англис дохил шудааст. Роман соҳиби ҷоизаҳои зиёд ва беҳтарин романи аср номида шуда, аз рӯи он ёздаҳ маротиба филм бардоштаанд. Асарҳои Дюморе бар бозӣ кардан бар эҳсосоти умумибашарии инсонӣ, тарс аз танҳоӣ ва номаълумӣ сохта шудаанд.

Дафна Дюморе мусоҳиба ва дар назди омма баромад карданро дӯст намедошт ва чунин ақида дошт: «Асарҳои нависандаро хондан лозим аст, на ин ки ўро шунидан ва дидан».

Китобҳои «Ҷоми булӯр, ё шишабозон», «Хона дар соҳил», «Ҷияни ман Рейчел», «Собир», «Канорӣ» машҳуртарин асарҳои ӯ ҳисобида мешаванд.

Соли 1998 дар Мехико шоири мексикоӣ Октавио Пас, барандаи Ҷоизаи Нобел (1990) дар синни 84-солагӣ аз бемории саратон даргузашт.

Падараш ҳуқуқшинос, рӯзноманигор ва арбоби сиёсии маъруфи ақидаҳои сотсиалистӣ буд. Бар хилофи анъанаҳои оилавӣ Октавио аз таҳсил дар донишгоҳ даст кашид.  Аввалин асари ў ашъори «Моҳи ваҳшӣ» (1933) ба шумор меравад. Соли 1936 маҷмуаи ашъораш «Онҳо намегузаранд!» аз чоп баромад. Солҳои 1944-1945 дар ИМА, баъдан дар хидмати дипломатӣ дар Фаронса, Ҳиндустон зиндагӣ карда, дар Аврупо ва Амрико дарс додааст. Аввалин китоби насри Октавио маҷмуаи очеркҳо оид ба таърихи миллӣ ва характери мексикоӣ «Лабиринти танҳоӣ» (1950) шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Шоир маҷаллаҳои «Талер» ва «Плюрал»-ро нашр карда, аз соли 1976 то охири умраш роҳбари маҷаллаи «Vuelta» (Гардиш)  буд. Октавио Пас узви Академияи забонҳои Мексика, узви фахрии Академияи санъат ва адабиёти Амрико ва доктори фахрии чандин донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо мебошад. Дар Мексика Бунёди Октавио Пас таъсис ёфта, ҷоизаи ба номи ӯ барои интиқод ва иншо таъсис дода шуд.

Соли 2008 дар Маскав, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Боткин, дар синни 84-солагӣ, нависандаи шӯравӣ Михаил Танич аз бемории саратон даргузашт.  Шеърҳои «Шаҳрчаи бофандагӣ», «Гурбаи сиёҳ», «Аз хидмат бигу”, «Дар бораи Сахалин ба ту чӣ гўям», «Ҳавои хона» мансуби ўянд.