Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 25 – уми апрел

Як-рузи-адабиёт-25-04-2024Соли 1472 дар Рум дар синни 68-солагӣ нависанда, олим, наққош, ҳунарманд, забоншинос ва меъмори итолёвӣ Леон Баттиста Алберти аз олам гузашт. Вай 18-уми феврали соли 1404 дар Генуя таваллуд шуда буд.

Алберти аввалин асарҳои худро солҳои 1920 навиштааст, аз он ҷумла мазҳакаҳои «Филодокс» (1425), «Дейфира» (1428) ва ғайра Дар аввали солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-ум як қатор асарҳое ба забони лотинӣ зери унвонҳои «Дар бораи бартарият ва норасоиҳои илм» (1430), «Дар бораи ҳуқуқ» (1437), «Понтифекс» (1437) «Дар бораи оила» (1434-1441), «Дар бораи оромии дил» (1443) эҷод кардааст.

Асарҳои асосии дар соҳаи адабиёт навиштаи Алберти силсилаи ҳаҷвӣ-тамсилии «Суҳбатҳои сари миз» (1450-1460) ба шумор меравад, ки намунаҳои насри инсондўстии лотинии асри XV гардидаанд. Асарҳои охирини Алберти: «Дар бораи шартҳои тартиб додани рамзҳо» (рисолаи риёзӣ, ки он баъдтар гум шудааст) ва муколама дар волгар «Домострой» (1470) мебошанд.

Алберти яке аз аввалинҳое буд, ки дар кори адабӣ истифодаи забони итолиёвиро ҷонибдорӣ кардааст. Муноҷотҳо ва эклогҳои (эклога – навъи назм дар адабиёти антиқӣ ва баъдтар Аврупо, ки ба тарзи суолу ҷавоб иншо шуда, ҳаёти деҳотӣ, чӯпонону подабонҳои беғами хушбахтро иғроқомез мадҳ мекунад) ӯ аввалин намунаҳои ин жанрҳо бо забони итолиёвӣ мебошанд.

Соли 1566 шоири фаронсавӣ Луиза Шарлен Лабе аз олам рафт. Дар бораи зиндагии Луиза маълуот хеле кам аст. Вай духтари арғамчинбофи Лион буд ва падараш ӯро ба ҳамкораш дар фабрикаи арғамчинбофӣ ба занӣ дода буд.

Соли 1525 модараш аз дунё гузашт ва падарш бори сеюм бо як хонуми хеле ҷавон издивоҷ кард. Дар бораи муносибати Луиза бо модарандараш маълумоте нест ва ҳамчунин дар мавриди зиддияти ӯ бо ҳамсари падараш чизе маълум нест, аз он ки Луиза шахси таҳсилкардаву илмдор буд, пас ҳеч мухолифати бо издивоҷи падар надошт.

Чун падараш сармоядор буд, ӯ тавонист маълумоти хуби илмӣ гирад. Вай дар бистсолагӣ шавҳар кард ва шавҳараш ҳам ҳамкасбу ҳамкори падарш буд. Ҷавон набуд, вале хеле сарватманд буд.

Аввалин китобаш соли 1555 нашр шуд ва ношири машҳур Жан де Турн чун аз фурӯши нахустин китоби ӯ фоида дид, пайи ҳам ду китоби дигарашро ҳам нашр кард. Соли 1556 ношир Жан Гару китоби дигари ӯро дар Руан чоп кард.

Соли 1595 шоири итолёвӣ  Тассо Торквато тарки олам намуд.

Соли 1719 дар Лондон бори аввал романи Даниэл Дефо “Робинзон Крузо” нашр шуд, ки ба адиб шуҳрат овард.

Соли 1800 дар Дерхэм дар синни 68-солагӣ шоири англис Уилям Купер аз ҷаҳон рафт.  Вай 26 ноябри соли 1731 таваллуд шуда буд. Ишқи нофарҷом барояш таъсири сахте гузошт ва ҳатто рӯҳан бемор шуд, то ҳадде, ки мехост худкушӣ кунад.

Достони “Генриаду”-и Волтерро тарҷума кард. Баъдан як сислила шеърҳои ишқӣ навишт. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш соли 1774 чоп шуд, вале ҳеч комёбие надошт.

Китоби дуюмаш 11 сол баъд, соли 1875 чоп шуд ва ин ва китобҳои дигараш барояш шуҳрат овард.

Джордж Гордон БайронСоли  1816 шоир ва сиёсатмадори романтики англис Ҷорҷ Байрон, ки бо номи Лорд Байрон низ маъруф аст, баъди таъқибҳо дар ватанаш ба ночор Англияро тарк кард.

Байрон соҳиби унвони барон буд ва ҳам узви палатаи лордҳо. Машҳуртарин асари вай шеъри рӯъёӣ бо номи “Дон Жуан” аст, ки ба сабаби маргаш нотамом монд.

Аз осори мондагори Ҷорҷ Байрон метавон аз “Соати фароғат”, “Лоро”, “Монфред” (симфония), “Корсар” (балет), “Геда” (опера) ёд кард.

Зиндагиномаи Байрон худ як қиссаи дурударози хонданист, ки ин ҷо маҷоли суҳбати муфассал аз он нест. Шоир 19-уми апрели соли 1824 дар синни 36-солагӣ тарки олам кард.

Соли 1913 дар Чернигов дар синни 48-солагӣ нависандаи украин Михайло Котсбинский вафот кард. Ӯро класскики адабиёти украин меноманд.

Соли 1914 нависанда, филмноманавис, рӯзноманигор,  адабиётшиноси фаронсавӣ Клод Мориак таваллуд шуд. Вай писарбузурги нависандаи машҳури Фаронса, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт Франсуа Мориак буд.

Клод Мориак муддате ба корҳои сиёсӣ ҳам машғул шудааст ва панҷ сол котиби шахсии Шарл де Голл будааст.

Соли 1934 нависандаи чех Мирослав Рафай ба дунё омад.

Сакен Сейфуллин

Соли 1938 дар боздоштгоҳи НКВД воқеъ дар шаҳри Олмотии Қазоқистон шоир, нависанда, фаъоли сиёсӣ, ходими давлатӣ Сакен Сейфулин чун “душмани халқ” ба қатл расонда шуд. Вай ҳамагӣ 43 сол дошт.

Сакен Сейфулин 15-уми октябри соли 1894 таваллуд шуда буд. Ӯро поягузори адабиёти муосири қазоқ меноманд. Ходими давлатӣ, яке аз шинохтатарин узви Ҳизби коммунист, асосгузори Иттифоқи нависандагони Қазоқистон буд.

Сейфулин 24 сентябри соли 1937 аз ҷониби НКВД Қазоқистон боздошт шуд. 25 феврали соли 1938 ҳукми қатлаш содир гардид. Рӯзи 25 апрели соли 1938, соати 16:40 дақиқа чун “душмани халқ” парронда шуд.

21-уми марти соли 1957 Коллегияи Суди олии ИҶШС бегуноҳ эълон крад.

Соли 1954 нависанда, муаллим ва ходими ҷамъияти рус  Лидия Николаевна Сейфуллина аз олам гузашт.

Соли 1976 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) нависандаи кӯдакнависи рус, наққош, филмноманавис, муаллифи як силсила афсонаҳои детективӣ, муаллифи шеърҳо барои бачаҳо Катя Матюшкина ба дунё омад.

Екатерина Александровна МатюшкинаКитобҳояш силсилавианд. Ба мисли силсилаи “Гурба да Винчи”, “Китоби харгӯш дар бораи Тимсоҳ”, “Китоби бозиҳо ва тафтишот”, силсилаи “Трикси-Фикси – зочаҳои ситоравӣ” ва ғайра.

Соли 2004 дар манзили истиқоматии худ дар ноҳияи Ҳейт-Эшберии Сан-Франсиско дар синни 74-солагӣ бар асари истеъмоли маводи мухаддир, доруҳои гуногуни психоактивӣ, аз ҷумла метамфетамин шоир ва мунаққиди англис Том Ган (Томсон Уилям) аз дунё рафт.

Аз ҷумлаи адибоне буд, ки барои асарҳояш ҳақи қалами бештар мегирифт. Барандаи чандин ҷоизаҳои адабӣ буд. Дар бораи гирифторони бемориҳои сироятии муолиҷанашаванда, аз ҷумла ВИЧ/СПИД зиёд навиштаву муваффақ шудааст.

Соли 2021 дар Бишкек дар синни 85-солагӣ нависандаи Шӯравӣ ва қирғиз муҳаррир, мутарҷим, филмноманавис, нависандаи халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон (2011) Бексултон Жакиев олам рафт.

Бексултан Жакиевич ЖакиевАввалин бор пас аз ба саҳна гузоштани песаи «Қисмати падар» (1958), ки боиси вокуниши зиёди аҳли ҷамъият гардид, дар ҷодаи адабиёт ва театр машҳур гашт. Дар саҳнаи Театри академии драмавии Қирғизистон ба номи Т. Абдумомунов ин намоишнома зиёда аз 500 маротиба ва дар театрҳои Қазоқистони Алмаато, Чимкент, Чамбул, Семей зиёда аз 300 маротиба ба намоиш гузошта шудааст.

Асарҳояш ба забонҳои русӣ, ёқутӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.

Асарҳои «Тақдири падар», «Косаи тиллоӣ», «Ва баҳори деринтизор меояд» мансуби ўянд.

Ҷамшед ПиримСоли 1948 дар деҳаи Майдончаи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд шоир ва тарҷумони ӯзбекзабон Ҷамшед Пирим ба дунё омад. таваллуд ёфтааст.

То имрӯз китобҳои ӯ «Майса ҳиди», «Ёруғ сӯз», «Хазонрез кунлар», «Бӯладиган эл», «Зангорӣ янроқлар», «Корвон», «Ассалом, муаллим!», «Қаҳрамонлар лақтаншини билмайди», «Тош китоб», «Сайҳун мавжлари», «Гийра моҳ», «Эртага кеч бӯлади», «Ишқ жоми», «Чорбоғ ва Чорбоғликлар», «Элимдан айланай, элимдан!», «Кӯнгил кӯзгуси», «Ибодат», «Сайланма» ва ғайра дастраси хонандагон гардидаанд.

Маълумоти бештар дар бораи адиб ин ҷост: ҶАМШЕД ПИРИМ

Соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар нависанда, рӯзноманигор, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо ба дунё омад. Кароматуллоҳи Мирзо яке аз сермаҳсултарин адибони муосири кишвар аст.

Китоби аввалинаш – қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пасиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд. ба дунё омадааст.

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР БОРАИ АДИБИ МАЪРУФ ИН ҶОСТ:

КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

ВА БОЗ:

 

Таҳияи Б.Шафеъ