Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27 – уми май

adaibiyotСоли 1891 дар Рингу нависандаи шоистаи ҶШС Эстония Яан Карнер ба дунё омадааст. Яан дар оилаи деҳқон ба воя расидааст, вай як бародар Йоханнес ва панҷ хоҳар дошт: Анна Мари, Эмили, Полина, Ида ва Алма.

Аз соли 1901 то соли 1906 дар мактаби Удернаи Рингу ва баъди он солҳои 1911-1914  Донишгоҳи халқии ба номи Шанявскийи Москва хатм карда соҳибмаълумот мегардад.

Аз ибтидои солҳои 20-ум ба эҷодиёти адабии касбӣ машғул шудааст.

Бисёр шеърҳои ўро санъаткорони Эстония месароянд. Карнер инчунин романҳо, пйесаҳо, асарҳои бадеӣ, илмӣ ва рисолаҳои таърихӣ эҷод кардааст.

Асарҳои А.С.Пушкин, А.С.Грибоедов, М.Ю.Лермонтов, Ф.Шиллер, Г.Гейне, В.В.Маяковский, П.Г.Антоколский ва дигаронро ба забони эстонӣ тарҷума кардааст.

dashiell_hammettСоли 1894 дар Сент-Мэрис, иёлати Мэриленд нависанда ва мунаққиди амрикоӣ, яке аз асосгузорони жанри «детективи олӣ» Дэшилл Ҳэммет (Samuel Dashiell Hammett) таваллуд шудааст.

Ў мунаққид ва муаллифи бисёр романҳои детективӣ, ҳикояҳои кӯтоҳ ва романҳои классикӣ ба шумор меравад. Давраи кӯдакии ӯ дар Балтимор ва Филаделфия гузаштааст. Ҳэммет дар Агентии детективии Пинкертон ба ҳайси детективи хусусӣ кор мекард. Дар давоми ҷанг ба хидмати ҳарбӣ рафта, гирифтори бемории сил мешавад. Дар тамоми давраи ҷанг нависанда дар бемористони ҳарбӣ  табобат мегирифт.

Соли 1921 Самуил ба Ҷозефина Нолан, ҳамшираи шафқат издивоҷ мекунад. Дар ҳамон сол духтари нахустини онҳо Мэри Ҷейн ва пас аз панҷ сол, дар соли 1926 духтари дуюмашон Ҷозефина ба дунё омад. Чанде пас аз таваллуди Ҷозефина, Самуил аз оилааш ҷудо шуда, ба фаъолияти адабӣ машғул мешавад. Аввалин романи Сэмюэл Ҳаммет бо номи «Ҳосили хунин» соли 1929 ва охирин романи ӯ «Одами лоғар» соли 1934 ба табъ расидаанд. Баъд аз ин Ҳэммет фақат филмнома менавишт ва дар фаъолияти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард. Машҳуртарин романи Самуэл Ҳэммет “Шоҳини малтаӣ” аст. Ба ақидаи муаллиф беҳтарин асараш романи «Калиди шишагин» (1931) мебошад.

harlan-ellison Соли 1934 дар Кливленд нависандаи жанри асарҳои тахайюлӣ ва филмноманависи амрикоӣ, барандаи ҷоизаҳои «Небула” ва “Ҳюго», яке аз нависандагони машҳури «Мавҷи нав» Ҳарлан Эллисон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Ӯ ҳамчун муаллифи пурмаҳсултарин насри кӯтоҳ ва серунвонтарин муаллиф барои асарҳои адабии сершумораш маълуму машҳур гашта буд.

Дар ҷавонӣ профессори адабиёт ба Эллисон гуфт, ки ў беистеъдод аст ва набояд чизе нависад. Эллисон инро ҳамчун таҳқир қабул кард, чунки эҷод орзуи ягонааш буд ва барои посухи дағалонааш ба профессор,  аз донишгоҳ фавран хориҷ карда шуд. Баъдан ӯ ҳар як нашрияашро ба ин профессор мефиристод, аммо боре ҳам ҷавоб нагирифт.

Пас аз тарки донишгоҳ дар солҳои 1950, нависандаи навқалам бе маблағе ба Ню-Йорк кӯчид. Аз сабаби набудани манзил аксар шабашро дар хонаи рафиқонаш рўз мекард. Аввалин достони худро  дар ду шаб дар ошхонаи дӯсташ эҷод кардааст. Онро ба тамоми маҷаллаҳои он замон пешниҳод кард, вале фақат ҷавоби  рад гирифт. Аммо баъд яке аз муҳаррирон розӣ шуд ва ҳатто ба ў 40 доллар ҳаққи қалам дод. Эллисон баъди ин барои нависандаи касбӣ шудани худ боварӣ ҳосил мекунад.

Дар тӯли 50 соли кори эҷодӣ ӯ беш аз 2000 ҳикоя, мақола, очерк ва эссе навиштааст. Эллисон тамоми умр танҳо кори адабӣ кардааст. Аз сабаби озодандешӣ ва руйирост сухан гуфтан, душманони зиёде дошт. Нависанда ба ҳикояҳои “ҳайратовар”-аш машҳур гардидааст.

Эллисон яке аз серҷоизатарин адибони жанри илмӣ-тахайюлӣ мебошад, аз ҷумла 11 маротиба ҷоизаи Ҳуго гирифтааст, 5 маротиба ҷоизаи Небулло ва борҳо бо ҷоизаҳои дигар шарафёб шудааст.

Ба ақидаи мунаққидон ва хонандагон, беҳтарин ҳикояҳои нависанда  чанд достони дурандешонааш ва очеркҳо дар бораи худаш мебошанд.

Асарҳои «Писарак ва саги ў», «Паррандаи марг» ва «Гузаштан аз ҷазираҳои Лангерганс» низ мансуби ўянд.

Соли 1936  Максим Горкий ҳангоми бозгашт аз Қрим ба Маскав ба бемории зуком гирифтор шуд, ки дар натиҷа он ба илтиҳоби шуш гузашт.

zherar-klejnСоли 1937 дар Нойли (воқеъ дар канори Париж) нависандаи жанри асарҳои тахайюлӣ, адабиётшинос ва муҳаррири фаронсавӣ Жерар Клейн таваллуд шудааст.

Жерар Клейн соли 1955 бо тахаллусҳои Gilles d’Argyre ва François Pagery ба нашри ҳикояҳои тахайюлӣ  шурӯъ кардааст.  Ў аслан дар эҷодиёти худ ба мавзуи саёҳат дар замон бештар диққат додааст.

Асарҳои асосии ў «Оғози ситораҳо» (1958), «Вақт бӯй надорад» (1963),  «Қотилони вақт» (1965), «Қудрати имконият» (1968),  «Худоёни ҷанг» (1970) ба шумор мераванд.

Соли 1945 шоири мардумии Тоҷикистон Бобоюнус Худойдодзода тарки олам кард. Вай 9 феврали соли 1875 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Балҷувон ба дунё омада буд. Падараш марди камбағале буда, дар шӯриши Восеъ иштирок доштааст.

bobojunus-hudojdodzodaАз ҷавонӣ ятим монда мардикорӣ мекардааст. Соли 1916 барои кор дар ақибгоҳи аскарони рус ба Русия фиристода шуда, Инқилоби Октябрро соли 1917 дар Тошканд пешвоз гирифтааст, ки достонҳои ӯ «Революция» ва «Дар бораи Ленин» зодаи ҳамон айёманд.

Соли 1919 ба зодгоҳаш баргашта, дар бунёди ҳаёти нав ҳисса гузоштааст. Аз аввалин аъзои колхози навташкил буда, дар муборизаи зидди босмачиён иштирок доштааст. Яке аз бунёдкорони роҳи мошингарди Сталинобод- Кӯлоб будааст.

Дар мактаби шеъру суруди халқӣ ба воя расида, дар бистсолагӣ «Гурӯғлӣ»-ро азбар кардаву дар байни мардум ҳунарнамоӣ мекардааст. Сурудҳои эҷодкардаашро хонда бойҳои бераҳмро ҳаҷв карда, мардумро ба ҳаётдӯстӣ ва азму талош даъват менамудааст.

Гӯяндаи мумтози қиссаҳои «Оймаҳмад», «Ҳотам», «Кар», «Гулъизор», «Шаҳри Мунг» ва ғ. будааст.

Дар замони нав истеъдоди ӯ дар сурудани шеърҳои созгори замони нав комилтар гардида, ҳар падидаи тоза ӯро ба илҳом меовардаву сурудаш ба атроф болу пар мекушодааст.

Шеърҳои патриотии «Дар бораи Таня», «Сафар Амиршо», «Баҳодурони шаҳри Ленин», «Муҳаммадӣ Иброҳимов» ва ғайра дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шудаанд.

«Достони Восеъ» аз муборизаи ҷасуронаи мардуми далери куҳистони кишварамон барои бахту саодату озодӣ қисса мекунад.

Сурудаҳои ӯ дар китобҳои алоҳида, аксаран, фолклорӣ, ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд. Чанде аз офаридаҳояш ба русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.

Аз соли 1941 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

marina-nekrasovaСоли 1954 дар шаҳри Таганрог шоири русзабони Тоҷикистон Марина Некрасова ба дунё омад. Вай факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1978 ходим ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» будааст. Феълан корманди моҳномаи «Пограничник» (Маскав) мебошад.

Шеърҳояш аз соли 1970 чоп мешаванд.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Тюльпаны с далёких застав» (1977), «Пересаженное дерево» (1981), «Ценою весны» (1986) мебошад.

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1970 дар Иваново, нависанда ва муаррихи кайҳоншиносии рус Антон Первушин ба дунё омадааст.

Муаллифи романҳои «Шикори Герострат» (1997), «Сулҳофарон» (1999), «Ҷамъоварадагони шикастапораҳо» (якҷя бо Николай Болшаков, 1999), «Роҳзанони асри 21» (2000), «Ҷанг рўзҳои душанбе» (2005), Ситора” (2007) ва ғайра ба шумор меравад.

pervushin_anton_ivanovichДар жанри илмӣ-оммавӣ ду мавзуи асосиро пеша кардааст: таърихи таҳқиқоти кайҳонӣ ва алоқаи тартиботи тоталитарӣ бо таълимоти сеҳру ҷодугарӣ. Дар ин самтҳо китобҳои таърихию ҳуҷҷатии «Асрори ниҳонии НКВД ва СС» (1999), «Ҷангҳои ниҳонии НКВД ва СС» (2003), «Астронавтҳои Гитлер» (2004), «Ҷанг барои ситораҳо» (2 ҷилд, 2004), «Ҷангҳои ситораҳо: Амрико ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ» (2005), «Кайҳоннавардони Сталин: рахнашавии байнисайёравии Империяи Шӯравӣ» (2005), «Фатҳи Миррих: Солномаҳои Марсианӣ Муборизаи Бузург» (2006), «Гитлери ниҳонӣ» (2006), «Сталини ниҳонӣ» (2006) ва «Ҷанг барои моҳ» (2007)-ро навиштааст.

Асарҳои Антон Первушин ба забонҳои лаҳистонӣ, булғорӣ, олмонӣ ва англисӣ низ тарҷума шудаанд.

Дар асоси китоби «Асрори ниҳонии НКВД ва СС» филми ҳуҷҷатии «Шайтонзада. Сирри Рейхи сеюм (2006) ба навор гирифта шудааст.

Барандаи ҷоизаҳои адабии “Пули ситораҳо” (1999 ва 2007), Ҷоизаи ҳавасмандии Еврокон” (2000), Ҷоизаи Александр Беляев (2002 ва 2004), “Дари тобистон” (2005 ва 2007), Ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагон Санкт-Петербург (2005), Ҷоизаи байналмилалии адабии ба номи А. ва Б. Стругатскиҳо (2007) ба шумор меравад.

Соли 1957 дар шаҳраки Фархор шоири тоҷик Гулчеҳра Муҳаммадиева таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ сар карда, сипас дар мансабҳои котиби Кумитаи комсомол, Инструктори Кумитаи ҳизбӣ ва муовини раиси ноҳияи Фархор фаъолият бурдааст. Имрӯзҳо мудири бахши Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.

gulchehra-muhammadievaДар баробари ин, мунтазам ба кори эҷодӣ машғул буда, силсилаи очерку мақолаҳояш дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд. Муаллифи панҷ китоби насрӣ мебошад, ки маҷмӯаҳои роману қиссаву ҳикояҳои «Як шаб» (2007), «Қасоси зан» (2008), «Бонувони Фархор» (2011, «Бӯйи модар» (2011) ва «Чордодарон» (2014) аз он ҷумлаанд.

Барои меҳнати шоёнаш бо медали «Хизмати шоиста» (2001) сарфароз гаштааст.

Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2018 дар Филаделфия, нависандаи асарҳои тахайюлӣ ва муҳаррири амрикоӣ Гарднер Дозойс дар синни 70-солагӣ, бар асари сирояти шадиди дохилӣ даргузашт.

Гарднер Раймонд Дозойс аз хурдӣ хондани адабиёти бадеиро дӯст медошт. Соли 1965 мактаби миёнаро хатм карда, аллакай соли 1966 аввалин достони худ «The Empty Man»-ро дар шумораи сентябри маҷаллаи «If» нашр кардааст.  Аз соли 1970 то соли 1975 роману достонҳои нави нависандаи ҷавон мунтазам дар маҷаллаву рўзномаҳои гуногун нашр мешуданд. Дар ҳамон сол аввалин романи нависанда бо номи «Nightmare Blue», ки бо Ҷорҷ Алек Эффинҷер навиштааст, рўйи чоп омад. Дозойс пас аз кӯчидан ба Ню-Йорк  бо маҷаллаҳои Galaxy Science Fiction ҳамкорӣ кардааст.  Гарднер 15 ҷоизаи Ҳуго ва 16 ҷоизаи маҷаллаи Локусро ҳамчун беҳтарин муҳаррир сазовор шудааст, ки ин рекорди мутлақ дар ин бахшҳо мебошад.

Дар соли 1976  нависанда мақоми «Мураттиби беҳтарини ҳикояҳои тахайюлии сол»-ро бо «Беҳтарин ҳикояҳои тахайюлии сол» иваз кард ва маҳз дар ҳамин кор ӯ мақоми аслии худро пайдо намуд. Минбаъд қариб ҳар сол дар ҷаҳон як ё якчанд тазкира бо таҳрири Гарднер Дозой нашр мешуд. Аз соли 1982 дар шарикмуаллифӣ бо бо Ҷек Данн, ӯ аввалин тазкираи мавзуиро аз силсилаи бузурги тазкираи афсонаҳои Magic Tales by Ace нашр кардааст.

Соли 2022 шоири русзабони аҳли Украина ва ношир Александр Кабанов бо ибораи “Лаънат ба ҷанг ва Путин” дар Фейсбук аз қатъи фаъолияти маҷаллаи «Фарҳанги муосири Шо» хабар дод.

“Замони моҳиҳои паррон”, “Мукотибаи муваққатӣ”, “Тарозу”, “Бэтмен Сагайдачний”, “Ҳиндуи рус” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА