Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29-уми ноябр

Як-рузи-таърих-29Соли 1802 дар Штутгарт афсонанависи олмонӣ Вилгелм Ҳауф ба дунё омад. Вай нависанда, новелланавис, доктори илмҳои фалсафа ва фиқҳ буд. Кулли эҷоди адиб дар се маҷмуаи афсонаҳои гирд омадааст, ки охирини он баъди маргаш рӯи чоп омадааст.

Николай Александрович ДобролюбовСоли 1861 мунаққиди рус, рӯзноманигор, шоир ва демократи инқилобӣ  Николай Александрович Добролюбов аз олам гузашт. Вай дар шаҳри Нижний Новгород дар хонаводаи кашиш дида ба олам кушода буд. Хеле ҷавон, дар синни 25-соолагӣ аз бемории сил тарки олам кард. Соле қабл дар хориҷи кишвар табобат карда буд. Аммо дигар ҳеч талоше барои зинда мондани мунаққиди шинохта коромад нашуд.

Соли 1898 дар Белфаст нависанда, олим, фақеҳ Клайв Люис ба дунё омад. Вай профессори адабиёти англис буда, дар тӯли умри пурбораш дар заминаҳои гуногуни адабиёт осори бисёре падид овард, ки аксари китобҳои ӯ дар бораи илоҳиёти масеҳӣ ва адабиёти асрҳои миёна ва даврони эҳё аст. Аз ҷумла, “Тамсили ишқ”, “Мутолеоте дар боби калом”, “Таҷрибае дар боби нақд”, “Тасвири раҳошуда”, “Аз сайёраи хомӯш”, “Он қудрати зишт” ва ғайра мебошанд.

Соли 1950 дар шаҳри Барнаул нависанда, журналист Михаил Успенский таваллуд шуд.

Соли 1982 дар шаҳри Москав дар синни 55 – солагӣ нависанда, намоишноманавис ва филмноманависи Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Казаков тарки олам кард. Вай аз маъруфтарин ҳикоянависони ададбиёти Шӯравӣ буд.

Соли 2001 нависанда, намоишноманавис ва филмноманавис Виктор Астафев аз олам гузашт. Вай 77 сол дошт. Астафев Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ду Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ба номи Горкий, дорандаи ордени Ленин, ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Романҳои “Барфҳо об мешаванд”, “Детективи ғамгин”, “Нафриншуда ва кушташуда”, повестҳои “Ағба”, “Дуздӣ”, “Ситорарез”, “Ҷойе ҷанг аст” ва ғайра мутааллиқ ба ӯянд.

Белла Ахмадулина

Соли 2010 дар Переделкино дар синни 73-солагӣ бар асари бемории дил шоираи машҳури Шӯравиву Русия Белла Ахмадулина вафот кард. Шоираи маъруф яке аз муассисони баёзи адабии “Метропол” дар соли 1979 маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1993 ҳамроҳ бо дигар ходимони маъруфи фарҳанги Русия зери санади маъруф ба “Номаи 42 нафар” имзо гузошта, дар он хостори манъи созмонҳои комунистиву миллатгароӣ ва таҳияи қонунҳои шадид алайҳи тарғиби фашизму адовати қавмӣ шуда буд.

Ашъори Ахмадулина аз ҷониби шоирони тоҷик тарҷума ва дар маҷмӯаҳо нашр шудааст.

Соли 2020 дар Нейплс дар синни 88-солагӣ нависандаи амрикоии асарҳои илмӣ-тахайюлӣ Бен Бова тарки олам кард. Бова аз ҷумлаи машҳуртарин адибони жанри тахайюл буд ва борҳо сазовори ҷоизаҳо шудааст.

Таҳияи Б.Шафеъ