Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми апрел

Як-рузи-адабиёт-05-04-2024Соли 1588 дар Семюр-ан-Осуа адабиётшинос ва нависанда Клод де Сомез ба дунё омад.

Соли 1765 дар Уэлин, Хартфордшир дар синни 81-солагӣ шоири англис Эдуард Юнг вафот кард. Вай яке аз шоирони даврони эҳсосотгароӣ (сентиментализм) буд.

Эдуард Юнг бо достони динӣ-дидактикии иборат аз ҳафт китоб бо номи “Шикоят ва ё мулоҳизаҳои шабона дар бораи ҳаёт,  марг ва абадият” (The Complaint, or Night Thoughts on Life, Death, and Immortality, 1742—1745) машҳур шуд. Достонро ӯ аз таассуроташ аз марги  ҳамсараш навишт.

Пьер де БомаршеСоли 1772 параламони Порис иҷозат надод, ки намоишноманавис Пеер Бомарше пулҳои васияткардаи ҳамкораш Пари-Дювернро азхуд кунад. Бормаше намоишноманавис ва мақоланависи машҳури Фаронса мебошад, ки солҳои 1732 – 1799 зиндагонӣ кардааст. Ӯ бештар бо мазҳакаҳои “Сартароши Севил” ва “Зангирии Фигаро” машҳур аст.

Номи Пеер Бормаше барои ҳаводорони санъати театрии тоҷик низ ошност. Намошномаи “Зангирии Фигаро” дар театрҳои кишвари мо низ ба намоиш гузошта шуда буд.

“Евгения”, “Ду дӯст”, “Модар гунаҳгор ва ё Тартюфи дуюм” аз ҷумлаи асарҳои дигар  ӯ мебошанд.

Соли 1793 шоир ва намоишноманвиси аҳли Фаронса  Казимир Делавин ба олам омад. Вай муаллифи суруди миллии пешини Фаронса La Parisienne буд.

ФоҷеаҳоиПария”, “Бачаҳои Эдуард”, “Дон Жуани Австрия маҳсули қалами ӯ мебошанд.

Алджернон Чарлз СуинбернСоли 1837 нависанда, намоишноманавис ва шоири англис Алджернон Чарлз Суинберн таваллуд шуд. Вай дар навиштани ёздаҳумин шумораи “Донишномаи Бритонико”, ки хеле маъруф ҳам будааст, ширкат кардааст. Солҳои 1903, 1907 ва 1909 номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт ҳам будааст.

Суинберн гирифтори шаробхориву алголагния (Algolagnia) буд. Соли 1879 дар синни 42-солагӣ ҳолати рӯҳиву равонии адиб хеле бад шуд ва хатари марг таҳдид мекард. Дӯсташ Теодор Уоттс нигоҳубини ӯро шахсан ба уҳда гирифт. Оҳиста-оҳиста феъли зуд ба ғазаб омадану оташин шудан ва даст ба ҳар гуна балвоҳо задан фурӯ нишаст.

Вай 10–уми апрели соли 1909 дар Лондон аз зуком даргузашт. Он замон 72 сол дошт.

Соли 1896 шоир ва инқилобчии литвонӣ Юлюс Янонис ба дунё омад. Ӯро поягузори назми инқилобии Литва меноманд.

Соли 1920 нависандаи нависандаи англиси муқими Канада ва муаллифи пурхонандатарин романҳо Артур Хейлӣ ба дунё омад. Тӯли умр вай 11 роман навиштааст. “Меҳмонхона”, Фурӯдгоҳ”, “Чархҳо”, “Доруҳои таъсирнок”, “Навгониҳои шомгоҳӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Сол БеллоуСоли 2005 дар Бруклайн, иёлати Массачусетс дар синни 89-солагӣ нависандаи амрикоии канадиёитабор Сол Беллоу аз олам рафт. Ӯ ба хотири дастовардҳо ва осори адабии хубаш барандаи ҷоизаи Нобели ададбиёт ва нишони миллии ҳунари Амрико шуда буд. Ӯ танҳо нависандае аст, ки се маротиба барандаи ҷоизаи Китоби миллӣ барои достон шудааст.

Номгӯи баъзе романҳо в адостонҳои кутоҳи ӯ: “Марди муаллақ”, “Қурбонӣ”, “Имрӯзро дарёб”, “Ҳендерсон-шоҳи борон”, “Сайёраи ҷаноби Заммлер”, “Ҳадя аз Ҳумболт”, “Ҳерсог”, “Моҷароҳои Оги Морч”, “Ӯ бо пояш дар даҳони ӯ”, “Чизе барои ба хотир доштан” ва ғайра.

Соли 1942 дар синни 35-солагӣ шоири маъруфи эронӣ Парвини Эътисомӣ тарки олам кард. Вай 16 марти соли 1907 дар шаҳри Табрез ба дунё омад. Падараш Мирзо Юсуф Эътисомӣ писари Мирзо Иброҳимхон буд. Парвин чор бародар дошт. Модараш соли 1973 аз олам чашм пӯшидааст.

Парвини ЭътисомӣЗамоне, ки Парвин хурдсол буд, хонаводаи онҳо ба Теҳрон мекӯчад. Ӯ соли 1924 мактаб, баъдан коллеҷи духтаронаи амрикоии Теҳрон, баъдан мактаби занонаи олии амрикоиро хатм кард.

Соли 1935 бо писарамуи худ, ки як марди низомӣ буд, издивоҷ кард ва ба Кирмоншоҳ рафт. Аммо зиндагии ҳарбӣ барояш сангин буд ва саранҷом аз шавҳар ҷудо шуд ва ба Теҳрон, ба назди волидонаш баргашт.

Баъдҳо модараш фавтид ва ин ранҷи бемодариро бо азоби алиме пушти сар мекард. Замоне, ки нав ба синни 35 мерасид, аз бемории ҳасба даргузашт.

Девони ашъораш бори аввал бо муқаддимаи Маликушшуаро Баҳор соли 1936 нашр шуд.

Алиасғари Шеърдӯст дар китоби  “Шеъри муосири Эрон” менависад, ки “қасоиди вай талҳиқе ба сабки Носири Хусрав ва содагии баёни Саъдӣ аст, аммо шуҳрат ва  шахсияти адабии вай бештар ба хотири қитъоти таълимӣ ва  баъзан интиқодии ӯст, ки ғолибан мутаассир аз сабку шеваи  Носири Хусрав, Анварӣ, Саноӣ, Саъдӣ ва Адибулмамолик аст…”

Гулчеҳра СулаймонӣСоли 2003 Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, яке аз машҳуртарин адиби кӯдакнависи кишвар Гулчеҳра Сулаймонӣ тарки олам кард. Вай 75 сол дошт.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Имрӯз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «Чархофалак» (1971), «Чил кокул» (1972), «Себи хубонӣ» (1974), «Тори марҷон» (1976), «Илҳом» (1977), «Тирукамон» (1979), «Вақте ки лолаҳо мешукуфанд» (1982), «Сичароғ» (1988), «Куртаи чакан» (1989) ва ғ. мебошад. МУФАССАЛТАР: Бибиҷони рафтаи бачаҳо…

Сардори РаҳдорСоли 2020 адиб ва рӯзноманигори маъруф Сардори Раҳдор (Дилбоваров Сардор Раҳдорович) аз олам гузашт. Вай  4 ноябри соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шуда буд. Соли 1971, баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳааш, соле дар Корхонаи таъмирӣ-таҷрибавии техникаи Кӯлоб челонгарӣ кардааст.

Солҳои 1972-1977 дар факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил карда, баъди хатми он (ду сол) дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳоти Шуҷанд ва Емси ноҳияи Рӯшон муаллимӣ кардааст. Баъдан, солҳои 1979-1981, корманди масъули радиои маҳаллӣ, мухбири рӯзномаи «Овози дӯстӣ»-и ноҳия будааст.

Солҳои 1981-1984 ҳамчун афсари кӯшунҳои сарҳадии шӯравӣ дар Тошканду Кобул адои хизмат кардааст. Солҳои 1984-1986 мухбири рӯзномаи ноҳиявӣ, солҳои 1986-1988 тарҷумони ҳизбӣ дар Кобул, солҳои 1989-2010 хабарнигори рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон», сипас мудири шуъбаи идеологияи ҳукумати ноҳияи Рӯшон, корманди Хазинаи Оғохон дар Хоруғу Душанбе будааст. Аз соли 2010 муҳаррири калони ҳафтавори «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ буд.

Аз овони ҷавонӣ машқи шеър кардааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои «Номус» (1991), «Ҷӯёи нур» (2011), «Талаби дидор» (2009) ва «Мод зив» (2011) интишор ёфтаанд.

Бо медалҳои Иттиҳоди Шӯравию Афғонистон, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Аз соли 1989 узви Итифоқи журналистон, аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Таҳияи Б.Шафеъ