Ифтор барои хонандагони имконияташон маҳдуд дар Китобхонаи миллӣ
Наимҷон ном шахси хайрхоҳ шоми дирўз барои 50 нафар хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ифтор дод. Дар ин кори хайр Назокат Ашўрова бо зумрае аз бонувони таббох низ ибтикорот нишон дода, дар пухтану омода намудани ғизоҳои лазизу хушмазза ва хўришу анвои дигари ғизоҳо саҳм гузоштанд. Шахсони дорои имконоти маҳдуд аз ин қадрдонӣ ва меҳрубониву хайри шахсони саховатманд изҳори хушҳолӣ ва миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки суфраи шоми рамазонӣ соли гузашта низ бо ташаббуси саховатмандон барои ин қишри ҷомеа омода шуда буд.
Нафарони хайрхоҳу саховатпеша бо шуъбаи хизматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ пайваста ҳамкориҳои судманд дошта, ба онҳо кўмакҳои молӣ ва маҳсулоти ғизоӣ дар иду ҷашнҳои ватанӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумла иди Рамазону Иди Қурбон тақдим менамоянд.
Қарор аст рўзҳои наздик низ ба маълулон кўмакҳои пулӣ ё маҳсулоти ниёзи аввал туҳфа гардад.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.