Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8 – уми март

Як-рузи-таърих-08-03-2024Соли 1761 дар Пиков нависандаи хаёлпарасти лаҳистонӣ Ян Пототский ба дунё омад. Ян ба оилаи ашрофи қадимии Пототскийҳо тааллуқ дошт. Падараш шоҳзодаи валиаҳд граф Йозеф Пототский  ва модараш Анна Тереза Оссолинска буданд. Аз ҳафтсолагӣ бо бародари хурдиаш Северин дар Швейтсария ва Фаронса зиндагӣ мекард. Маҳз дар Женева ва Лозанна маълумоти ҳамаҷониба гирифт.

Ян Пототский аз синни ҷавонӣ гирифтори «илҳоми сафарҳои дур» шуд. Аммо вай саёҳати худро на барои фароғат, балки барои таҳқиқот ва ҷамъбасти матолиби таърихӣ, ҷуғрофӣ ва этнографӣ анҷом дод. Дар ҷавонӣ ӯ ба артиши Империяи муқаддаси Рум пайваст. Вай ба Италия, Ситсилия ва Малта сафар карда, аз он ҷо ба Тунис рафт. Пас аз бозгашт аз сафари баҳри Миёназамин, Пототский ба Туркия ва Миср рафт ва баъд муддате чанд дар Ҳолланд буд.

Солҳои 1784-1788 асосан дар Порис зиндагӣ кардааст. Дар матбааи худ аз соли 1788 то соли 1791 зиёда аз 200 нашрия  ва чоп кардааст, ки қариб ҳамааш дар мавзуи ватандўстӣ, муроҷиат ба халқ, рисолаҳои сиёсӣ ва шеърҳо эҷод шудаанд.

Ян Пототский соли 1795 дар китоби худ «Порчаҳои таърихию ҷуғрофӣ дар бораи Скифия, Сарматия ва славянҳо» чунин навиштааст, ки украинҳо халқи комилан махсус буда, аз русҳо куллан фарқ мекунанд.

Ян Пототский 20 ноябри соли 1815 бинобар сабаби сардардҳои шадид ва нотавонкунандае, ки солҳои зиёд азияташ медод, дар манзили худ даст ба худкшӣ мезанад.

Соли 1809 аввалин китоби  «Масалҳо»-и И. А. Крилов рўйи чоп омад.

Соли 1914 шумораи якуми маҷаллаи “Работница” бо теъдоди 12 ҳазор нусха нашр шуд.

Вальтер ЙенсСоли 1923 дар Ҳамбург нависанда, мақоланавис, филолог ва адабиётшиноси олмонӣ Валтер Йенс  ба олам омад.

Нависанда солҳои 1941-45 дар Донишгоҳҳои Ҳамбург ва Фрайбург филологияи классикиро омўхтааст. Аз соли 1950 дар Донишгоҳи Тюбинген дарс дода, солҳои 1963-88 дар кафедраи илми маонӣ ва баёни умумӣ, ки худаш таъсис дода буд, сарварӣ мекард. Йенс аввалин муваффақияти адабиашро бо романи «На. Дунёи гунаҳкорон» («Nein. Die Welt der Angeklagten», 1950) ба даст овард. Романҳои «Оҷиз» («Der Blinde», 1951) ва «Чеҳраҳои фаромӯшшуда» («Vergessene Gesichter», 1952) ба фоҷиаи инсоне бахшида шудаанд, ки худро берун аз ҷомеа мебинад.

Як қатор китобҳо аз ҷониби Йенс дар ҳамкорӣ бо ҳамсараш Инге Йенс навишта шудаанд, аз ҷумла асарҳои тарҷмаиҳолӣ дар бораи завҷаи  Томас Манн ва оилаи ў: «Фрау Томас Манн: Ҳаёти Катарина Прингсхайм», (тарҷумаи русӣ 2007), “Модари Катя” (2005). Ҳамчунин ў муаллифи маҷмуаи очеркҳои адабии «Ба ҷои таърихи адабиёт» («Statt einer Literaturgeschichte», 1957) ба шумор меравад.

Соли 1923 дар Рига нависанда, фолклоршинос ва ходими ҷамъиятии латиш Кришянис Барон, дар синни 87-солагӣ вафот кард.

Нависандаи машҳури латиш ва гирдоварандаи сурудҳои халқӣ – Дайна, Кришянис Барон (Кришянис Барон 19 октябри соли 1835 дар мулки Струтеле, музофоти Курланд, ноҳияи ҳозира Тукумс ба олам омадааст. Ў дар оила фарзанди ҳаштум ва хурдӣ буд.

Кришянис дар Добеле, аввал дар мактаби маҳаллӣ ва баъд дар Елгава мактаби миёнаро хатм кард. Баъд дар Донишгоҳи Дорпат дохил шуд ва баъди чанде бо сабаби набудани маблағ маҷбур шуд, ки таҳсилро қатъ кунад.

Барон соли 1862 дар нашри рўзномаи латишии Петербург «Петербургас авизес» иштирок дошт. Баъдтар муҳаррири ин рўзнома шуд, вале соли 1865 нашри он манъ шуд ва Барон таҳти назорати пулис қарор гирифт. Аз ҳамон вақт то соли 1893 омўзгори оилавӣ шуда кор мекард ва танҳо соли 1893 ба Латвия баргашт.

Барон дар давоми ҳаёташ ба илмҳои табиатшиносӣ, ҷуғрофия ва забоншиносӣ асарҳои бисёре эҷод карда, ҳатто дар бораи физика, механика, олами ҳайвонот ҳам навиштааст.

Аз соли 1878 ба коркарду ба низом даровардан ва нашри дайнаҳо – сурудҳои халқии латиш шуруъ намуд. Вай 217996 суруди халқиро кор карда, ба низом дароварда, аввалин бор аксари ин таронаҳоро маҳз Кришянис Барон сабт кардааст. Гарчанде ки ин кори азимро Фрисис Бривземниек, ки панҷоҳу чор ҳазор дайнаро сабт кардааст, оғоз карда буд.  Ҳамагӣ шаш ҷилд (ҳашт қисм) «Дайнаҳои Латвия» аз чоп баромад, ки аз соли 1904 то соли 1915 нашр шуда буданд.

Имрӯз ин тазкира маҷмӯаи академии китобҳо ва яке аз асарҳои мукаммалтарин дар соҳаи фолклор дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Кришянис Барон миёни мардум ҳамчун падари дайна маъруф аст.

Эфраим СевелаСоли 1928 дар Бобруйск нависанда, коргардон, рўзноманигор ва филмноманавис  Эфраим Севела ба дунё омад.

Донишгоҳи давлатии Беларусро хатм кардааст. Ба ҳайси филмноманавис дар филмҳои «Ҳамсояҳои мо» (1957), «Аннушка» (1959), «Даҳнаи шайтон» (1961), «Сарбозони номаълум» (1965), «Одами мустаҳкам» (1967), «Мувофиқ барои ғайриҷанговар» (1968) кор кардааст.

Соли 1971 аз ИҶШС ба Исроил рафт ва то соли 1977 он ҷо мезист. Соли 1977 ба Амрико кӯчид.  Дар Лондон, Берлин ва Порис низ зиндагӣ ва фаъолият кардааст.

Фаъолияти адабии Эфраим Севела соли 1971 бо маҷмӯаи «Ривоятҳои кӯчаи маъюб» оғоз шудааст. Минбаъд 13 асар навиштааст: маҷмӯаи «Ривоятҳои кӯчаи маъюб», «Викинг», «Ҳавопайморо манъ кунед ман поин мешавам», «Моня Тсатскеспарчамбардор», «Чаро дар замин биҳишт нест», «Тӯтие, ки идишӣ сухан мегӯяд», «Чизе мисли одамон нест», «Тойота Королла», «Алвидоъ Исроил», «Дандони хирад», «Сўҳбати мардон дар ҳаммоми русӣ» ва ғ.

Аз соли 1991 дар Русия ва Украина кор кардааст. Филмномаҳои  «Тӯтие, ки идишӣ сухан мегӯяд» (1990), «Киштии Нӯҳ» (1992), «Ноктюрни Шопен» (1992), «Базми хайрия» (1993).

Соли 1930 нависандаи рус Юрий Сергеевич Ритхеу ба олам омад.

Юрий Сергеевич дар Чукотка дар оилаи шикорчӣ таваллуд шудааст. Ҳангоми таваллуд ба писарбача Ритхеу ном гузоштанд, ки бо забони чукчӣ маънои «номаълум»-ро дорад. Азбаски муассисаҳои шӯравӣ номҳои чукчаро эътироф намекарданд, пас нависандаи оянда барои гирифтани шиноснома ном ва насаби русиро пазируфт ва номи «Ритхеу»-ро ба насаб иваз кард. Ритхеу мактаби ҳафтсоларо дар Уелен хатм карда, мехост таҳсилро дар донишкадаи халқҳои Шимол давом диҳад, вале аз сабаби нарасидани синну солаш ўро қабул накарданд. Бинобар ин ў қарор дод, ки мустақилона ба Ленинград рафта таҳсил кунад.

Соли 1947 дар рӯзномаи ноҳияи Анадир «Советский Чукотка» ба нашр шурӯъ кард, ки дар он аввалин очерку шеърҳояшро ба табъ расонд. Ритхеу аз соли 1949 то соли 1954 дар факултаи адабиёти Донишгоҳи давлатии Ленинград таҳсил кардааст. Вақте ки ҳикояҳои ӯ дар тазкираи «Ленингради ҷавон» ва андаке дертар дар маҷаллаҳои «Огонёк», «Ҷавонон», «Шарқи Дур», рӯзномаи ҷавонони «Смена» ва дигар нашрияҳои даврӣ нашр мешаванд, нависанда ҳамагӣ 20 сол дошт. Соли 1953 нашриёти «Молодая гвардия» аввалин маҷмуаи ҳикояҳои худ «Одамони соҳили мо»-ро ба забони русӣ нашр кард. Дар соли 1954 Ритхеу ба аъзогии Иттифоқи нависандагони ИҶШС қабул карда шуд. Пас аз ду сол дар Магадан маҷмуаи ҳикояҳои ў «Достони чукча» ба табъ расид, ки ин ба нависанда на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам шуҳрат овард. Ритхеу баъди хатми донишгоҳи Ленинград якчанд сол дар Магадан зиндагӣ кард. Мухбири рўзномаи «Магаданская правда» шуда кор мекард. Баъд ба Ленинград кўчида, қариб тамоми умр дар он ҷо ба сар бурд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ асарҳои Юрий Ритхеу дигар дар кишварҳои нави пасошӯравӣ нашр нашуд. Ритхе ба вазъияти душвор дучор гашт, вале ба воситаи Чингиз Айматов бо ношири китоби олмонӣ Люсен Лайтис вомехӯрад, ки вай бо нависанда барои ба забони олмонӣ нашр кардани асарҳояш шартнома баста, гумоштаи адабии ў мешавад. Асарҳои Ритеу дар бисёр давлатҳои ҷаҳон ба табъ расиданд. Соли 1991 дар Русия китоби охирини нависанда “Саёҳат дар ҷавонӣ” аз чоп баромад. Аз ибтидои солҳои 2000-ум асарҳои Ритхеу дар Русия бо теъдоди хурд ба нашр шурӯъ карданд, аммо китобҳо барои фурӯши озод дастрас набуданд, зеро тамоми онҳо ба Округи Мухтори Чукотка фиристода мешуданд. Аввалин чунин китоб асари «Дар оинаи фаромӯшӣ» буд.

Юрий Сергеевич Ритхеу 14 майи соли 2008 дар Санкт-Петербург аз бемории тӯлонӣ (миелома) даргузашт.

Шервуд АндерсонСоли 1941 дар бемористони Колон нависандаи амрикоӣ Шервуд Андерсон дар синни 64-солагӣ аз бемории перитонит даргузашт.

Шервуд Андерсон 13 сентябри соли 1876 дар Камден, Огайо, дар оилаи сарроҷ таваллуд шудааст. Соли 1883 оила ба Клайд, Огайо кӯчид. Вай маълумоти миёнаро пурра нагирифт, зеро пас аз марги падар мактабро тарк карда, барои таъмини оила чанд ҷойи корро иваз кард. Тақрибан як сол пас аз марги модараш (1895) ӯ ба Чикаго меравад ва он ҷо дар анбор ба кор даромад, аммо фавран ба артиш дар Куба (ҷанги испанӣамрикоӣ) даъват шуд. Пас аз бозгашт соли 1900 ӯ як сол дар Коллеҷи Виттенберг дар Спрингфилд (Огайо) таҳсил кард ва сипас ба Чикаго баргашт ва ба навиштани эссе ва ҳикояҳо шурӯъ кард.

Андерсон соли 1914 ба нашр шуруъ кард ва аз соли 1923 худро комилан ба адабиёт бахшидааст. Романҳои Андерсон маҷмӯаҳои «Вайнсбург, Огайо» (1919), «Тантанаи тухм» (1921), «Аспҳо ва одамон» (1923) ва ғайра ба беҳтарин саҳифаҳои адабиёти Амрико дохил мешаванд.

Соли 1941 библиографи амрикоӣ Энтони Люис ба дунё омад.

Диловари МирзоСоли 1956 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт нависанда, рӯзноманигор, омӯзгор Диловари Мирзо (Талабзода Диловари Мирзо) таваллуд шуд.

Соли 1977 факултаи педагогика, соли 1983 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраевро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, солҳои 1989-1992 хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») будааст. Соли 1992 дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохта, солҳои 1995-1999 дар рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт», солҳои 1999-2007 дар шуъбаи маорифи ноҳия кор кардааст. Аз январи 2008 то феврали 2012 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, аз феврали 2012 мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур будааст. Аз соли 2012 котиби масъули бахши Рашти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурист.

Ҳикояи аввалинаш «Гуноҳи падар» соли 1986 дар «Газетаи муаллимон» чоп шудааст. Офаридаҳои дигараш дар авроқи маҷмӯаҳои «Вопасин набард», «Зарринёле баъди падар», «Борон изҳоро мешӯяд…», «Мусаввараи нотамом», «Борон доғҳоро мешӯяд…», «Афсонаҳои қисмат», «Борон пайҳоро мешӯяд…», «Хунёгар», «Замоне Ҳойити ман шаҳр будӣ…», «Зилзила шуд дар Ҳойит», «Қисмат», «Нусратулло Махсум» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Бо ордени «Шараф», унвони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Нишони «Сухан» сарфароз гардидааст.

Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Давлат СафарСоли 1971 дар шаҳраки Фархор шоир, рӯзноманигор, тарҷумон, мақоланавис, ходими давлатӣ Давлат Сафар ба дунё омад. Вай соли 1982 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Солҳои 2012-2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», аз соли 2014 сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ буд. Солҳои 2019—2021 директори нашриёти «Адиб», 5 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири фарҳанги ҶТ таъин гардид. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума тавфиқ дорад. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013) фароҳам омадаанд. Охирин маҷмуаи ашъораш бо номи “Қанде, ки аз остини модар хӯрдам” ҳамагӣ чанд рӯз пештар (2024) ба зевари табъ ороста шуд.

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002) ва Ҷоизаи ба номи МирзоТурсунзода (2013).

Соли 2018 нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Кейт Вилгелм, барандаи ҷоизаи «Nebula», «Hugo» ва «Locus» аз олам гузашт.

Кейт Гертруда Мередит (англ. Katie Gertrude Meredith) 8 июни соли 1928 дар Толедо, Огайо таваллуд шудааст. Насаби Вилҳелм аз шавҳари аввалинаш ба ў мерос мондааст.

Аввалин  асари адабии Кейт ҳикояиилмӣ-тахайюлии «Киштии милии кайҳонӣ» (1957)  буд ва аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ, ки соли 1963 нашр шуда буд ин унвонро гирифтааст.

Аввалин асари бузурги нависанда романи корогоҳии «Талхии марг» буд, ки соли 1962 нашр шуд.

Дар соли 1963 Кейт Вилҳелм бо нависандаи машҳури асарҳои жанри илмӣ-тахайюлӣ Дэймон Найт издивоҷ кард ва то охири умр бо ў монд. Кейт Вилҳелм бисёр ҷоизаҳои адабӣ, аз ҷумла Prix Apollo, Curd Lasswitz, Hugo, Nebula, Locus ва Кристен Лоҳманро сарфароз гардонида шудааст.

Асарҳои нависанда дар беш аз 30 маҷмуаи осор чоп шудаанд. Офаридаҳои ӯро бо беш аз 15 забони олам тарҷума ва нашр кардаанд.

Адиби маъруф ҳамагӣ се моҳ пеш аз навадсолагиаш тарки олам кардааст.

Соли 2021 дар Владимир, нависанда ва филмноманависи рус Татяна Полякова, муаллифи асарҳои жанри «корогоҳии пурмоҷаро», дар синни 61-солагӣ аз бемории саратон вафот кард.

Татяна Викторовна Роганова 14 сентябри соли 1959 дар шаҳри Владимир таваллуд шудааст. Вай Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ивановоро хатм карда, пас аз он чордаҳ сол дар кӯдакистон ба ҳайси омўзгор фаъолият кард.

Полякова аз хурдсолӣ ҳикоянависиро дӯст медошт, ҳатто дар синфи чорум ӯ дар рӯҳияи «Ҷазираи ганҷҳо» романҳои саргузаштӣ менавишт. Вай соли 1997 бо нашри повести «Ставка на слабость» ба ҷодаи адабиёт ворид шуд. Аҷибаш ин аст, ки Татяна Викторовна аз компютер истифода намебурд ва асарҳояшро дар дафтар қайд мекард.То имрўз зиёда аз ҳаштод китоби Татяна Полякова нашр шудааст, ки теъдоди умумии онҳо аз си миллион нусха зиёд аст. Аксари романҳои Татяна Викторовна ба қисмати силсилаи муаллиф ва нашрияҳо дохил мешаванд, масалан: «Супоришҳои махсус барои Серб», «Чоргонаи пурасрор», «Фенка – Femme Fatale», «Анфиса ва Женя», «Як кас бар зидди ҳама», «Олга Рязантсева», «Изабелла Корн», «Ман ва Владан Марич», «Духтар, Ҷокер, Шоир ва Ҷанговар», «Ҳикояҳои аҷиби корогоҳӣ», «Корогоҳии пурмоҷаро».

Аз рўи асарҳои Татяна Полякова 9 филм офарида шудааст.

Дар солҳои охири ҳаёташ нависанда бо бемории саратон мубориза мебурд, ки оқибат дар синни 62-солагӣ даргузашт.

Таҳияи
Сафаргул ҲУСАЙНОВА