Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9 – уми январ

Як-рузи-адабиёт-08-01-2024Соли 1757 дар Порис нависанда ва олими фаронсавӣ Бернар Фонтенел, дар синни 99-солагӣ вафот кард. Эҷодиёти гуногунҷабҳаи Фонтенел асарҳои бадеӣ (идиллия, шеър, фоҷиа ва ғайра), асарҳои танқидии адабӣ ва асарҳои илмӣ-оммавиро дарбар мегирад.

Соли 1811 дар Лондон ҳаҷвнигори бритониёӣ Гилберт Эбботт ЭБекетт таваллуд шудааст. Гилберт Эбботт Э-Бекетт дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омада, дар Мактаби Вестминстер (англисӣ) таҳсил кардааст. Вай бо як қатор рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, аз ҷумла “Лондон Фигаро” (англисӣ), Punch, Times, Morning Herald (англисӣ) ҳамкории самаранок дошт. Ӯ бо ҳаҷвияи худ оид ба қонунҳои англисӣ (“The Comic Blackstone”) ва театр (“Quizziology of drama British”) шўҳрат пайдо кард. Ғайр аз ин, вай бо песаҳои ҳаҷвиаш маълуму машҳур гардидааст.

Луис-КоломаСоли 1851 дар Херес де ла Фронтера нависандаи испанӣ Луис Колома ба дунё омадааст. Дар охири асри 19 аз Луис Колома хоҳиш карданд, ки барои шоҳи ҷавони Испания Алфонсо XIII, ки аввалин дандони ширии худро дар синни 8-солагӣ аз даст дод, дар бораи «Парии дандон» достоне нависад.

Азбаски Луис писари табиб буд, ӯ бомуваффақият ин достонро эҷод кард. Қаҳрамонони афсона худи Буби (модари ноибуссалтанаи ӯ Алфонсоро чунин ном мебурд), худи малика-модар Мария Кристина ва муше бо номи Перес буданд. Афсона бори нахуст соли 1902 ба таври факсимилӣ нашр шудааст. Аз он замон то инҷониб, «Парии дандон» дар байни кӯдакони испанӣ ва испониёӣ машҳур шуд. Оине вуҷуд дорад, ки агар ҳар бачае дандонҳои ширии фатондаи худро зери болинаш бигузорад, Парии дандон нимаҳои шаб аз роҳ хоҳад расид ва як ҳадяи хурдакак (маъмулан пул, шаколод ва ё бозичаҳо) дар зери болинаш хоҳад гузошт.

Дастнависи ин афсона дар сандуқи оҳанин дар китобхонаи Қасри шоҳии Мадрид маҳфуз аст. Аз рўйи сужаи афсона борҳо филмноманависон ва коргардонҳо филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ эҷод кардаанд.

Соли 1873 дар Ивнитса шоири яҳудӣ, классики шеъри муосири ибрӣ, Ҳаим Биалик таваллуд шудааст. Ӯ нависандаи кӯдак, мутарҷим, ношир ва пешгоми шеъри нави ибрӣ буд.

Биалик асарҳои Шекспир, Сервантес, Шиллерро ба забони ибрӣ тарҷума кардааст. Аз ашъори Биалик романсҳо ва суруд эҷод кардаанд. Дар солҳои 1933 ва 1934 аз ҷониби И.Л.Клауснер барои ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт пешбарӣ карда шуд.

Эҷодиёти Биалик ба тамоми насри яҳудии асри ХХ таъсири бузург расонд. Ба ашъори Биалик Максим Горкий, Владимир Маяковский, Владислав Ходасевич ва Александр Блок баҳои баланд гузоштаанд.

Соли 1890 дар Марле Сватонивитсе нависанда, насрнавис, намоишноманавис, тарҷумони чех Карел Чапек, яке аз маъруфтарин нависандагони чех дар асри ХХ, ба дунё омадааст.

Соли 1936 ӯ номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар адабиёт буд. “Достонҳои ранҷовар”, “Номаҳое аз Инглистон”, “Тасовири ҳуландӣ”, “Шаҳоб”, “Модар”, “Зиндагии мутавассит”, “Искандари кабир”, “Марги Архимед”, “Марди хашин”, “Номаҳое аз Итолиё” теъдоде аз навиштаҳои ӯянд.

Соли 1905 нависанда ва шоираи фаронсавӣ Луиза Мишел даргузашт.

Симон де БовуариСоли 1908 нависанда, файласуф, феминист, экзистенсионалисти фаронсавӣ Симон де Бовуар, ҳамсари Жан Пол Сартр таваллуд шудааст. “Меҳмон”, “Хуни дигарон”, “Ҳама мемиранд”, “Ҷинси дувум”, “Марге бисёр ором”, “Тасовири зебо”, “Маросими видоъ”, аз ҷумлаи осори боқимонда аз ӯ мебошанд.

Соли 1931 дар Кенигсберг нависандаи жанри илмӣ-тахайюлӣ, мунаққид ва муҳаррири амрикоӣ АлгисБудрис, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў барои мунаққидиаш ҷоизаи «Пилигрим»-ро сазовор гаштааст.

Китобҳои машҳури ў “Шаби дурӯғ” (1954), “Кӣ?” (1958 ва соли 1973 аз рўи сужаи он филм ба навор гирфта шудааст), “Машъали афтанда” (1959), “Моҳи шарир” (1960), ки барояш ҷоизаи “Ҳюго”-ро сазовор гаштааст, “Хори оҳанин (1967), “Майклмас” (1977) ва ғайраҳо ба шумор мераванд.

Уилбур СмитСоли 1933 дар Брокен-Хилл нависандаи Африқои ҷанубӣ, муаллифи романҳои таърихӣ ва саргузаштӣ Уилбур СмитНомаи ҳафтум», «Худои дарё», «Чашми паланг», «Вақте ки шерҳо зиёфат мекунанд»), таваллуд шудааст.

Соли 1964, пас аз нашри аввалин романи худ «Вақте шерҳо зиёфат меороянд», ба муваффақияти бузург ноил гардид ва ӯ нависандаи касбӣ шуд. Қаҳрамонони асосии роман дугоникҳо Шон Кортни ва Гаррик Кортни мебошанд. Ва тимсоли онҳо бобои муаллиф – Кортни Ҷеймс Смит (Кортни Ҷеймс Смит), собиқадори ҷангҳои Англо-Зулуси буд. Оилаи Кортни насли норманҳои асримиёнагӣ мебошанд, ки дар минтақаи Девони муосир муқимӣ шудаанд.

Соли 1938 дар Манчестер иёлати Ҷорҷия, нависандаи амрикоӣ Стюарт Вудс ба дунё омадааст. Вудс зиёда аз 65 роман навиштааст, ки бисёре аз онҳо дар рӯйхати бестселлерҳои New York Times ҷойгир шудаанд.

Соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом шоири маъруфи бачаҳо, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ҷӯра Ҳошимӣ ба дунё омад.

Ҷӯра-ҲошимӣФаъолияти касбии Ҷӯра Ҳошимӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ дар Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз ёфта, минбаъд ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, мудири бахши адабиёт ва санъати рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»-и имрӯза), котиби масъули маҷаллаи «Чашма» ва сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии мактаббачагон – «Гул-гул», адои вазифа кардааст. Аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ аз соли 1965 ба табъ расида, ҳамчун шоир ба майдони адабиёт аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ворид гардидааст. Китобҳои ашъори ӯ «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии А.Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як–як то лак–лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), ««Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғайра дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас мақоми шоён доранд.

Силсилаи ашъори ватандӯстонаи ӯ «Хатти амонӣ» (1989) раҳовардест аз даврони аскарӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, анҷом додааст.

Намунаҳои эҷодиёти ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагониву донишкадаҳои олӣ ворид гаштаанд. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад.

Барои дастовардҳои эҷодӣ ва фаъолияти густардаи фарҳангӣ сазовори нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1982), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2009), Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Медали тиллои Хазинаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1998), медали «Хидмати шоиста» (2003) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1953 дар Ленинград нависанда, муҳаррир, мунаққиди рус Александр Етоев таваллуд шудааст. Ў барандаи ҷоизаҳои Interpresscon, Wanderer, Roscon ба шумор меравад.

Муаллифи зиёда аз даҳ китоб (аз ҷумла барои кӯдакон), маҷмӯаҳои ҳикояҳо, шеърҳо ва ғайра мебошад. Мунтазам дар маҷаллаҳо эҷодиёташ рўйи чоп меояд, ҳамчун адабиётшиноси сермаҳсул, муаллифи тақриз ва тафсирҳои сершумори китобҳо машҳур аст.

Ханс ОнрудСоли 1953 дар Осло насрнависи норвегӣ, намоишноманавис ва адабиётшинос Ҳанс Онруд, устоди насри хурд дар синни 89-солагӣ даргузашт. Вай аввалин бор ҳамчун нависанда соли 1887 дар маҷаллаи Nyt Tidsskrift навиштаҳои худро рўйи чоп овард.

Онруд аввалин маҷмуаи «Ҳикояҳо»-яшро соли 1891 нашр кард. Барҷастатаринаш асарҳои насри кӯтоҳи ӯ «Одамони бонуфуз. Ҳикояҳо барои хурду калон” (1896), “Сидсел, пироҳани дароз” (1903), «Солве аз работи Офтобӣ» (1910) барои кўдакон ва наврасон мебошанд.

Инчунин драмаҳои ӯ «Лайклак» (1895), «Ҳамаашро бидонед» (1901) ва маҳзакаи «Хурӯс» (1906) миёни хонадагон машҳуранд.

Солҳои 1914-1915 «Маҷмуаи асарҳои Онруд» дар шаш ҷилд аз чоп баромад. Китобҳои «Норвегияҳои хурд» (Москва, 1912) ва «Ҳикояхои Норвегия» (Москва, 1919) ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Зардодхон-МавчигулСоли 2011 дар синни 48-солагӣ шоир ва омӯзгори тоҷик Мавҷигули Зардодхон аз олам гузашт. Вай 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Буведи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМБК ба дунё омада буд. Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии деҳа, соли 1980, шомили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1985 бомуваффақият хатм кардааст.

Баъдан муаллим ва муҳаррири яке аз созмонҳои байналхалқӣ будааст.

АГАР ХОНӢ ТУ БОРЕ ШЕЪРИ ПУРСЎЗУ ГУДОЗИ МАН…

Шеърҳояш аз солҳои 80-ум дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд. Дастае аз ашъораш соли 1983 дар маҷмӯаи дастҷамъии «Навсафар» чоп шудаааст. Шеърҳои алоҳидааш дар авроқи маҷмӯаҳои «Шаббода», «Таваллуди фарёд», «Ҳарими ғунчаҳои сабз» ва ғ. мунташир гардидаанд.

Соли 2000 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Соли 2010 дар Маскав нависанда, шоир ва филмноманависи шӯравӣ Сергей Козлов дар синни 70-солагӣ аз илтиҳоби шуш даргузашт.

Машҳуртарин осори ӯ достону филми тасвирии Хорпушт дар тирагӣ, ҳикояҳои дигар дар бораи хорпушт ва хирсбача, ҳикояҳо дар бораи шербача ва сангпушт, шеърҳо барои филми тасвирии “Чӣ тавр Шербача ва сангпушт суруд месароянд» ба шумор мераванд.

“Моҳигирӣ дар тирамоҳ”, “Агар ситораҳо афтанд”, “Афсонаи зимистон”, “Киштиҳо дар тирамоҳ”, “Бушкаи ғайриодӣ”, “Чӣ гуна хорпушт ва хирсбача осмонро иваз карданд” аз ҷумлаи беҳтарин филмномаҳои адиб мебошанд.

Соли 2020 дар Стинстиннати нависандаи амрикоии жанри илмӣ-тахайюлӣ Майк Ресник, барандаи ҷоизаҳои Nebula ва Hugo, дар синни 77-солагӣ аз бемории саратон даргузашт.