Як рӯзи адабиёт дар ттаърихи башар. 31-уми октябр

як-рузи-адабиёт-31-09-2023Соли 1620 дар Уоттон нависанда ва боғкори англис Ҷон Ивлин ба дунё омад. Ӯро яке аз поягузорони Анҷумани салтанатии Лондан медонанд. Китоби ёддоштҳои вай, ки ҳамзамон бо хотираҳои Сэмюэл Пипс навишта шудааст, пурарзиштарин асари таърихӣ дониста мешавад.

Дар китоби хотироташ ҷузъиёти бештареро дар бораи рӯйдодҳои замонаш медиҳад. Вай шоҳиди марги Карли 1 ва Оливер Кромвел будааст, шоҳиди солҳои Тоуни бузург будаву ҳамчунин сӯхтори бузурги Лондон дар соли 1666-ро ҳам дидааст.

Ҷон Ивлин 27 феврали соли 1706 дар манзилаш воқеъ дар Дувр-стрити Лондан аз олам гузашт.

Дар бораи озодӣ ва бардагӣ”, “Китоби тиллоии Иоҳанн Златоуст дар бораи тарбияи кӯдакон”, “Рисолаи Соммерс”, “Ахлоқи Англия..”, “Баҳси фалсафӣ дар бораи Замин”, “Хабарҳои охирини ифшонашуда аз Брюсел”, номи чанд асари ӯст.

Джон Китс Соли 1795 дар шаҳри Лондан шоири англис Ҷон Китс зода шуд. Ӯро шоири насли навраси романтикҳои англис меноманд.  Бузургтарин асарҳои Китс дар синни 23-солагии ӯ навишта шудаанд.

Эҷодиёти Китс ба романтизми инглисӣ унсури нави эллинизми он замон (эллинизм – давраест дар таърихи ноҳияҳои шарқии Баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш ва атрофи Баҳри Сиёҳаз истилои Искандари Мақдунӣ солҳои 334-324 то замони мо – сар карда то солҳои 30-уми замони мо), парастиши зебоӣ ва лаззати ҳамоҳангии ҳаётро ворид кард. Эллинизми Китс бо тамоми қуввааш дар ду шеъри бузурги ў: «Эндимион» ва «Гиперион», инчунин дар шеъри «Қасида ба гулдони юнонӣ» таҷассум ёфтааст.

Ҷон Китс дар солҳои охири умраш аз фаъолияти адабӣ ботамом даст кашида буд.

“Шабзиндадорӣ суннати Онез”, “Суқутҳои пиромуни як руъё”, “Изабелла”, “Гиперион” (достони нотамом), сонети “Ба танҳоӣ”, “Эндимион” (достон) аз ӯст.

23 феврали соли  1821 дар шаҳри Рум тарки дунё кард.

Соли 1835 дар Струтел (империяи Русия) нависанда, фолклоршинос ва ходими ҷамъиятии латиш Кришянис Барон таваллуд шуд. Ӯро ҷамъоварандаи дайнҳо (як жанри таронаҳои мардумии латишҳо)  меноманд. Солҳои 1860 аз фаъолони ҷуншбишҳои миллии ватанаш буд.

Кришянис Барон 8 марти соли 1923 дар Рига вафот кард.

Аветик Саакович ИсаакянСоли 1875 шоир, насрнавис ва мақоланависи арман Аветик Саакович Исаакян таваллуд шуд.   Вай  як фаъолӣ сиёсӣ ва иҷтимоии замони худ ба шумор мерафт. Узви Фарҳангистони улуми Арманистон низ буд.

Соли 1893 озими Аврупо шуд ва дар донишгоҳҳои мухталиф дар риштаи  фалсафа ва адабиёт таҳсил кард. Соли 1896 дар ҷурми ширкат дар ҷунбиши озодихоҳонаи миллии мардуми Арманистон тавассути ҳокимони Русияи подшоҳӣ маҳкум ба зиндон шуд. Аз он ба баъд зиндагии ӯ дур аз ватан, дар кишварҳо ва шаҳрҳои аврупоӣ сипарӣ шуд.

Соли 1908 баъди бозгашт аз Аврупо дубора боздошт гардид ва зиндони шаҳри  Тифлис афканда шуд.

Аз инқилоби Октябр пуштибонӣ кард. Соли 1936 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашт, ба узвияти академияи илмҳои Арманистон пазируфта шуд. Чун аз ҷониби Котиби аввали ҳизби коммунисти Арманистон Г.Арутинов пуштибонӣ мешуд, ахирӣ номи ӯро аз рӯйхате, ки соли 1937 ба НКВД бояд ирсол мешуд, хат зад. Ӯро ҳам мебоист чун дигар фаъолони сиёсиву фарҳангии Арманистон ҷазо медоданд ва ин ҷазо аксар вақт ҳукми қатл буд.

Ашъори Аветик Саакович Исаакян таҷассуми гароишҳо ва ормонҳои мардумӣ ва фалсафиву ҷаҳонбинии арманиён аст.

17 октябри соли 1957 дар синни 82-солагӣ дар Ереван вафот кард.

Соли 1879 дар Фармингтон, иёлати Мэн (ИМА) дар синни 75-солагӣ нависанда ва кашиши амрикоӣ Ҷейкоб Эббот фавтид. Вай 14 ноябри соли  1803 таваллуд шуда буд.

Ҷейкоб Эббот барои китобҳои омӯзишии навиштааш дар мавзуъҳои мазҳабӣ барои кӯдакон машҳур шудааст. Аввалин китоби вай “Масеҳии ҷавон” ном дошт, ки соли 1832 чоп шуд. Пас аз он 200 китоби дигар навишт.

Шерлок-ХолмсСоли 1892 нависандаи машҳури англис Артур Конан Дойл китоби “Моҷароҳои Шерлок Холмс”-ро чоп кард. Баъдан нависанда ин силсиларо то ба 12 достоне, ки дар замони зинда буданд ва пас аз маргаш ҳам машҳур шуданд, идома дод. Ин ҳама ҳикояҳои корогоҳӣ, ё худ детективӣ буданд, ки қаҳрамони асосии  он Шерлок Холмс ном дошт.

“Моҷаро дар Богам”, “Анҷумани мӯсурхҳо”, “Масъалаи ҳувийят”, “Марде лабкаҷ”, “Моҷароҳои ёқути обӣ”, “Моҷароҳои таноби хол-хол”, “Моҷароҳои ангушти қатъшудаи муҳандис”, “Моҷароҳои наҷибзода муҷаррад” ва ғайра аз ҳамин силсилаанд.

Баъзе ин ҳикоят ба тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.

Сейвери КонстансСоли 1897 дар Уилтшир (Британияи Кабир) шоир, нависанда ва романнависи англис хонум  Констанс Сейвери ба олам омад. Вай бештар барои кӯдакон эҷод кардааст ва муваффақ шудааст.

2 марти соли 1999  дар синни 101-солагӣ даргузашт.

Бо ҳаёти Констанс Сейвери муфассалтар аз ин матлаб шинос шавед:

Солрӯзи марги Констанс Сейвери – адибе, ки 101 сол зист, вале издивоҷ накард

Соли 1948 дар Ҳелсинки (Финландия) навсанда Матти Йоэнсуу таваллуд шуд. Ӯ бештар дар жанр корогоҳии ҷиноӣ менавишт. Ду маротиба ба ҷоизаи адабии “Финландия” пешбарӣ шуда буд.

Асарҳояш бо 20 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд.

4 декабри соли 2011 дар синни 63-солагӣ вафот кард.

Нил-СтивенсонСоли 1959 дар Форт-Мид, иёлати Мэриленд нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Нил Стивенсон зода шуд. Вай барандаи ҷоизаҳои Ҳюго ва Локус мебошад.

Ӯ соли 1992 романе навишт бо номи “Тарма”, ки ба форсӣ низ бо номи “Суқути барф” тарҷума ва чоп шудааст. Ин як романи тахайюлии илмӣ мебошад, ки таърих, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ, дин, сиёсат, рамзнигорӣ ва фалсафаро дар бар мегирад.

Интерфейс”, “Асри алмос”, “Симоб”, “Системаи олам”, “Анафем”, “Афтиш ва ё борон дар дӯзах” номи чанд асари дигари ӯст.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ