Як рӯзи рангину зебои кӯдакон дар рӯзи идашон

Як-рӯзи-рангину-зебои-кӯдакон50 нафар хонандагон ва фарзандони кормандони Китобхонаи миллӣ дар Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон билети ройгон ба барномаи сирки давлатӣ дарёфт намуданд. Онҳо инро беҳтарин армуғон дар рӯзи идашон донистанд.

Тавре Шаҳноза Дониёрова сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон на наврасони Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ин аввалин ташрифи хонандагони шӯъбаи онҳо ва қисме аз кӯдакони кормандони Китобхона ба Сирки давлатӣ буд.

Дар барномаи ҷашнӣ ҳунармандони ин муассиса бо чашмбандӣ, ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ, рақсҳои ҷолибу диданӣ ва барномаҳои дигари идона Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро барояшон хотирмону рангоранг намуданд.

Як рӯзи рангину зебои кӯдаконДар Сирки давлатӣ дар баробари хонандагони шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхона, фарзандони иддае аз кормандони Китобхонаи миллӣ, инчунин тарбиятгирандагони кӯдакистону муҳассилини муассисаҳои миёнаи умумӣ ширкат доштанд. Бархе аз кӯдаконро падару модар барои дидани барномаҳои ҷолиби сиркӣ оварда буданд ва аз чеҳраҳои хушу шоди онҳо метавон дарёф, ки ин барномаи ҷашнӣ барояшон писанд омад.

Дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ низ иддае аз хонандагони шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ба сирки давлатӣ ройгон рафта буданд.

Як рӯзи рангину зебои кӯдаконЁдовар мешавем, ки тантанаҳои идонаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Китобхонаи миллӣ барвақттар оғоз шуда буд. Шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхона дар ошёнаи 9- уми Муассиса тибқи нақша бахшида ба ин рӯз барномаи рангини фарҳангӣ доир намуд, ки дар он фаъолони шӯъбаи мазкур,  ва ҳунармандони театри “Оина” бо барномаҳои гуногунранги зебо хотири хурдтараконро шод ва ҷашнашонро баёдмонданӣ гардонданд.

Шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхона аз шӯъбаҳои фаъоли Муассиса аст, ки мунтазам маҳфилу барномаҳои ҷолиб барои наврасон доир менамояд. Маҳфилҳои “Фуруғ”, “Панҷаи ҳунар”, “Дар сӯҳбати адиб” мансуб ба ҳамин шуъба мебошанд, ки пайваста доир мешаванд.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.