ЗАБОНҲОИ ҶАҲОН

zabonhoi-olamЗери мафҳуми забонҳои ҷаҳон забони халқҳое фаҳмида мешавад, ки дар олам зиндагӣ мекунанд ва ё замоне зиндагӣ кардаанд. Шумораи умумии забонҳои ҷаҳон аз 2500 то 5000 аст. Аз сабаби он ки фарқи баъзе забонҳо аз ҳамдигар бо шеваҳои як забон шартист, таъйини шумораи дақиқи забонҳо ғайриимкон мебошад.

Забонҳое, ки дар олам бештар аз 50 миллион гӯишвар доранд, инҳоянд: чинӣ, испанӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, португалӣ, банголӣ, русӣ, ҷопонӣ, лоҳинда (Панҷоби Ғарбӣ), яваӣ, корейӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, телугу, маратҳи, туркӣ, урду, вйетнамӣ, тамилӣ, итолявӣ, форсӣ, малайӣ.

Забонҳои ҷаҳон аз рӯи наздикӣ ва хешӣ бо ҳамдигар ба оилаи забонҳо ва иттиҳоди забонҳо тақсим мешаванд. Дар миёни оилаҳои забонҳо оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ бештар омӯхта шудааст.

Яке аз гурӯҳи забонҳо, ки осори хаттии ҳазораи якуми то милод бо онҳо навишта шудааст, забонҳои ҳиндии қадим, миёна ва нав мебошанд. Ба забонҳои ҳиндии қадим забонҳои эронии қадим –  забони авестоӣ, забони форсии қадим наздиканд.  Ин гурӯҳи забонҳо низ забонҳои эронии миёна ва нав доранд. Ба гурӯҳи забонҳои эронии миёна забонҳои суғдӣ, сакӣ-хутанӣ,  хоразмӣ, портӣ, забонҳои давраи нав – форсӣ (тоҷикӣ, дарӣ), курдӣ, балуҷӣ, тотӣ, толишӣ, пашту, осетӣ,  скифӣ, забонҳои бадахшонӣ (помирӣ), яғнобӣ (идомаи забони суғдӣ) ва ғайра тааллуқ доранд.

Ба таври яклухт забонҳои эронӣ дар ҳудуди Эрони ҳозира, дар Покистон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ (асосан Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, қисман дар Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон), Ҷумҳуриҳои Осетияи Шимолӣ ва Ҷанубӣ интишор ёфтаанд.

Ба забонҳои мухталифи эронӣ ҳамчунин деҳоте дар қаламрави давлатҳои Сурия , Туркия, Ҳиндустон, Чин, Арманистон, Озарбойҷон, ва Доғистон гуфтугӯ мекунанд.

Забонҳои эронӣ дар ҷуғрофиёи хеле васеъ, аз ҳавзаи дарёи Даҷла дар ғарб то ҳавзаи  дарёи Ҳинд ва Туркистони Шарқӣ дар шарқ, аз кӯҳҳои Қафқоз дар шимол то соҳили халиҷи Форс ва баҳри Араб дар ҷануб паҳн шудаанд.

Истилоҳи забоншиносии “эронӣ” вобаста ба ҳудуди Эрони бостон – сарзамини ориёиҳо мебошад, на қаламрави имрӯзаи Эрон.

Бо истифода аз Энс. мил. тоҷ. Ҷ. 6. Саҳ.564-566.