«ЗАЙНУ-Л-АХБОР»

«ЗАЙНУ-Л-АХБОР»

«Зайну-л-ахбор» як навъ донишнома буда, аз ҷониби Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ таълиф гардидааст. Ба андешаи муҳаққиқон ин китоб дар миёнаҳои асри XI (тақрибан солҳои 1050–1052), дар замони ҳукумати Абумансур Абдуррашид ибни Маҳмуд таълиф шуда, ба ин амири ғазнавӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқон номи китобро низ баргирифта аз лақаби ин подшоҳ – Зайну-л-милла, медонанд. Дар асари худ Гардезӣ дар мавриди офариниши замину замон, ахбори анбиё, таърихи подшоҳони ҷаҳон, хулафои ислом, амирони Хуросон, идҳо ва расму оин, адён ва ақвоми мухталиф (мусалмонон, яҳудиён, тарсоён, мӯғон, ҳиндуён), шинохти шаҷара ё насаби мардумони мухталиф (туркон, зангиён, румиён, ҳиндуён) иттилои мухтасар ва муфид медиҳад. Гардезӣ дар таълифи ин китоб аз осори донишмандони пешин ва муосири худ, ки дар риштаҳои мухталифи илм фаъолият доштаанд, аз ҷумла Ибни Муқаффаъ, Ибни Хурдодбеҳ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон фаровон истифода кардааст.