Зариф Ғулом: Бо навиштани лавҳа ба дунёи нависандагӣ ворид шудам

Зариф-ГуломЗариф Ғулом – нависанда, рӯноманигор, таърихнавис, детективнависи тоҷик субҳи дирӯз меҳмони маҳфили “Суҳбат бо адиб”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.  Ин маҳфил моҳе як маротиба бо ширкати хонандагони шуъбаи ёдшуда баргузор мешавад.

Дар оғози маҳфил муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода меҳмонро хайрамақдам гуфт ва ӯро ба ширкаткунандагон шинос кард. Муовини директори Китобхонаи миллӣ дар бораи адиб ва осори ӯ муфассал сухан ронд, то иштирокдорон шинохти бештаре аз нависанда дошта бошанд.

Дар идома нависанда аз ҳаёти кӯдаки ва аввалин навиштаҳои худ ба хонандагон нақл кард. Вай аз ҷумла гуфт: Дар замони мактабхонӣ аввалин навиштаҳоямро ба устодон нишон медодам онҳо новобаста  аз он ки навиштаҳои ман пур аз хато буд, мехонданд ва тавсияҳои муфид медоданд. Зариф Ғулом ҳамчунин аз нахустин лавҳаҳо ва  мақолаҳои худ дар матбуот ёдовар шуда гуфт, ки навиштани лавҳа маро ба дунёи нависандагӣ ворид намуд, чун устодонам хуб қабул карданд ва дар матбуот нашр гардид.

Нависанда Пӯлод Толисро дар роҳи эҷод ва нависандагӣ устоди худ медонам ва  бисёр миннатдорам, ки маро ба ин роҳ роҳнамоӣ карданд.

Дар бахши дигари маҳфил миёни хонандагон ва адиб табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла хонандагон оид ба асарҳои тозаэҷоди нависанда маълумотҳои наву ҷолиб гирифтанд.

Зариф Ғулом муаллифи асарҳое чун  “Парвоз”, “Ҳукми дил”, “Даъвати хун”, “Ҷодугар”, “Бори каҷ дар роҳи каҷ”, “Бӯсаи аввалин” , “Асри хиёнат”, “Хиёнат” буда, миёни хонандагон маҳбубияти хос дорад. Китоби нави адиб “Мори сафед” дошта, ба тозагӣ наш шудааст ва дар поёни маҳфил ба ширкаткунандагон ин китоби худро тақдим намуд.

Наргис Назарзода