Зикри се китоби тозавуруд ба Медиатекаи Президенти Тоҷикистон

Роғун - воқеа ва одамон

Хайрулло Сафарзода, Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун ба махзани Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се китоб туҳфа кард. Ин се китоб дар бораи Роғун буда, ба тозагӣ чоп шудаанд.

Хайрулло Сафарзода, ки чанде пштар аз Медиатекаи Президенти Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ дидан мекард, зимни суҳбат иброз дошт, ки корзори неругоҳи обии барқии Роғун шоистаи садҳо ҷилд китоб аст, ки то кунун навишта шудаву баъдҳо ҳам бояд навишта шавад. Вай гуфт то ба имрӯз шеъру достону ҳикояву романҳо дар бораи корномаи Роғун зиёд чоп шудаанд. Аммо ин се китоб ҳамин сол мунташир шуданд.

Муаллифи китоби аввал худи Хайрулло Сафарзода аст ва бо номи “Роғун – воқеа ва одамон” ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯи чоп о мадааст. Дар муаррифии кутоҳи он омадааст: “Китоб – мусаввараи ”Роғун – воқеа, одамон” қаламдоди воқеист аз хиради асилу воло ва матонату шуҷоати бемисоли Пешвои муаззаму маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон дар амри бунёди нуристони  тоҷик – Неругоҳи барқӣ обии Роғун, рӯйдодҳои  таърихиву хотирмон ва сарнавиштсози ин кохи нур, мулоқоту андешаҳои  шахсиятҳои пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳон, афкори мутахассисони дохиливу хориҷии кишвар, баёну каломи мустанад аз гузаштаи рӯзҳову рухдоди воқеаҳо дар ин майдони набард ва тасвири симову  чеҳравҳои нуронии  нурофарони чароғистони Тоҷикистони соҳибистиқлол”.

Муаллифи ду китоби дигар шоири шинохта Давлат Сафар мебошад, ки бо номҳои “Офтоби зиндагиафрӯз” ва “Достони Роғун” чоп шудаанд.

Роғун - воқеа ва одамон

Дар китоби «Офтоби зиндагиафрӯз» маҷмӯаи ашъори дар солҳои гуногун эҷоднамудаи шоири ватансаро Давлат Сафар гирдоварӣ шудааст, ки ба инъикоси симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Шоир дар шеъру манзумаҳои хеш авсофи инсонӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва фаъолияти пурсамари давлатдории Пешвои миллатро бо каломи фасеҳ ва обуранги бадеӣ тасвир намудааст.

Корзори Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар бисёр шеъру таронаҳои шоирон тасвир ёфтааст. Вале ин мавзӯъро шоири пурғайрату ватансаро, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Давлат Сафар дар манзумаи «Достони Роғун» басо доманадор, бо ҷузъиёти ҷолибу хотирмон аз нақши беназири бунёдсози ин сохтмони бузурги аср, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бадеӣ тасвир кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки манзумаи “Достони Роғун” ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шакли видеоӣ низ таҳия гардида, ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқии обии Роғунро инъикос намудааст.

Хонандагони азиз метавонанд ин се китобро дар Медиатекаи Президенти Тоҷикистон мутолиа намоянд.

Бунафша РАҲМОНОВА