Тоҷнома. Силсилаи “Тоҷикон дар масири тамаддун”. Авасто
Ин китоб дар таҳияи Бобонар Ғаффор, Муҳтарам Ҳотам ва Муаззами Диловар соли 2014 мунташир гашт. Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ силсилаи мазкурро бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп мекунад.
“Авасто” бо мақолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ориёиҳо ва шинохти мардуми ориёӣ” оғоз мешавад ва ба дунболи ин пешсухани пурмуҳтаво асли китоб пешкаши хонандагон мешавад.
Дар пешгуфтори Пешвои миллат аз ҷумла мехонем: “Бо дарназардошти он ки забони Авесто дорои махсусиятҳои лаҳҷавӣ мебошад ва лаҳҷаҳо дар дохили ин забон на ба якборагӣ, балки замоне чанд пас аз ҷудоӣ ё парокандагии як забони муштараки ориёии эронӣ, ё эронии бостон метавонист сурат гирад, ба андешаи бархе аз донишмандон, аз ҷумла В. И. Абаев замони аз ҳам ҷудошавии муштаракоти ориёиро ҳатто метавон ба ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод мансуб донист. Тақрибан пас аз ҳазор соли муҳоҷирати ҳиндуориёиён муҳоҷирати як гуруҳ аз қабоили ориёии эронии сокини Осиёи Миёна ба сарзамини Эрони кунунӣ сурат мегирад. Ин мардумони ориёӣ гузаштагони модҳо, порсҳо ва дигар қабоили ориёии (эронии) ғарбӣ буданд…”
Бо матни комили “Авасто” ин ҷо ошно шавед: АВАСТО