Туркия…Бадахшон…Фоҷеаи башарӣ ва шоир

turkiya-badahshon-fojeai-bashary-va-shoirДар бораи заминларзаи мудҳиши Туркияву Сурия ва тармарези Бадахшон, ки яке беш аз 40 ҳазор кушта дошту дигар 19 нафар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шояд садҳо ҳазор нафар изҳори таслияту ҳамдардӣ карданд. Ҳазорҳо мисраъ шеър ҳам гуфта шуд, аввалин таронаҳои ғамбори фоҷеаи Туркияву Сурия низ арзи вуҷуд карданд.

Инсон дар ҷомеаи имрӯз наметавонад дур аз дарди ҳамдигар бошад.  Ва ин шеъри Нилуфар Воҳидова аз тозатарин шеърҳо дар атрофи ин фоҷеаи башарист, ки дар шаҳри Тулаи Русия эҷод шудааст.

Қитъае аз мулки обод бартамом вайрон шуда,

Фурсати як они воҳид мардумаш сарсон шуда.

Ҷунбиши нороҳати қишри замин аз субҳи нав

Боиси лабханди маргу гиряи инсон шуда.

Қитъаи мулки биҳиштосову гулборон кунун

Манзили андӯҳу дарду хонаи армон шуда.

Модаронро алвидоъ бо тифлакон қисмат буда,

Рӯзии ширхорагон ҳам маҳрум аз пистон шуда.

То ҳанӯз бо ҷилваи нуру сурур буд ҳаммакон,

Мазраи оромфизо сарчашмаи афғон шуда.

Сарнагун шуд шамси роҳат дар паси абри зиён,

Хоки мазлум дилгарон аз ҷабри хунборон шуда.

Рағбати Азроили ҷонбар магар афзуд, ки ӯ

Банди кори интиқоли ин шумори ҷон шуда??!

Дарди халқи оҷизу он пораи мулки замин

Сокини умқи замиру решаи дандон шуда.

Раҳми худ бинмо ато бар бандагонат, ай Худо,

Сар зи ҷамъи офату ҷабру бало гардон шуда.

      nilufarДар ин мавзӯи барои ҳамаамон сангину мудҳиш аз рӯзи аввал мехостам бинависам, аммо танҳо ҳоло тавонистам паси ҳарфи охирон нуқта гузорам. Зеро ҳар ҳодисаву ҳиссиёти ба он вобастаро комилан ва беихтиёр гӯё худ аз сар мегузаронам. Аз ин боис муддате ғарқи рӯди андӯҳу ҳасрати бекарон гаштаму нотобу нотавон. Натанҳо дарди рагу пайванди дилу пайкар, балки дарду нолаи беовози ҷонро ба хубӣ дарк намудам.

Оҳ, чӣ рӯзеву даҳшате…

Ларзиши замин дар хоки Туркияву фурӯ омадани тарма дар Бадахшони биҳиштгунаи мо зарбаи шадиде гашт бароям.

Худованди карим манзили аз дасти ҷумла офатҳо ҷонбохтагонро биҳишт гардонида бошад. Омин!

Нилуфар Вохидова 
20.02.2023 сол. Соати 22:22.  Шаҳри Тула.