Умари Хайём: Бо Ту ба харобот ҳамегӯям роз…
Ҳаштсаду наваду як сол пеш дар чунин рӯзе Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ дида аз олам барбаст ва шефтагони ашъори нобу асарҳои илмиву пажӯҳишиашро дар сӯг нишонд. Бо гузашти ҳудудан нуҳсад сол ҳамоно аз ӯ ёд мекунанд. Ин чанд рубоӣ аз ӯст:
Дар даҳр чу ман бандаи камтоат нест,
Ҷуз маъсияту бода маро одат нест.
Эзид донад ҳоли маро дар дӯзах,
К-андар тафи гармоба маро тоқат нест.
*** *** ***
Ман бандаи осиям, ризои Ту куҷост?
Торикдилам, нуру сафои Ту куҷост?
Моро Ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,
Ин байъ бувад, лутфу адои Ту куҷост?
*** *** ***
На лоиқи масҷидам, на дархӯрди куништ,
Эзид донад, гили маро аз чӣ сиришт.
Чун кофири дарвешаму чун қаҳбаи зишт
На дину на дунёву на умеди Биҳишт.
*** *** ***
Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
В-эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.
*** *** ***
Онҳо, ки ба ҳикмат дурри маънӣ суфтанд,
Дар зоти Худованд суханҳо гуфтанд.
Сарриштаи асрор надонист касе,
Аввал занахе заданду охир хуфтанд.
*** *** ***
Май мехӯраму мухолифон аз чапу рост
Гӯянд: “Махӯр бода, ки динро аъдост”.
Чун донистам, ки май адӯи дин аст,
Валлоҳ, бихӯрам хуни адӯро, ки равост.
*** *** ***
Бо Ту ба харобот ҳамегӯям роз,
Биҳ з-он ки кунам бе Ту ба меҳроб намоз.
Эй аввалу эй охиру ҷуз Ту ҳама ҳеч,
Ҳоҳӣ ту маро бисӯз, хоҳӣ бинавоз.
*** *** ***
Эй вой, бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест,
Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест.
Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд,
Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
*** *** ***
Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст,
Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.
Гар қисмати мо набуд шодӣ, ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.
*** *** ***
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо,
Н-омад ба ҷуз аз балову ғам ҳосили мо
Афсӯс, ки ҳал нагашт як мушкили мо,
Рафтем, ҳазор ҳасрат андар дили мо.
*** *** ***
Ёре, ки дилам зи баҳри ӯ зор шудаст,
Ӯ ҷойи дигар ба ғам гирифтор шудаст.
Ман дар талаби илоҷи худ чун кӯшам,
Оне, ки табиби мост, бемор шудаст.
*** *** ***
Эй бас, ки набошему ҷаҳон хоҳад буд,
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.
З-ин пеш набудему набуд ҳеч халал,
З-ин пас чун набошем, ҳамон хоҳад буд.
*** *** ***
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
З-аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд?
*** *** ***
Аз омадан набуд гардунро суд,
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣбуд?