Ҳунармандӣ дар рӯзгори мардум

hunarФаъолияти эҷодӣ ё касбие, ки бо истифода аз меҳнати дастӣ асбобу ускуна ва воситаҳои хурди механизатсионӣ ба истеҳсоли ашёву асбобҳои маишӣ, хонаву рӯзгор ва ашёҳои бадеӣ нигаронида шудааст, ҳунармандист.Чуноне имрӯзҳо мушоҳида мекунем, фаъолияти ҳунармандон ва маҳсули дасти эшон имрӯзҳо зиннатбахши коргоҳу манзили зисти ҳар яки мову шумост. Метавон гуфт, ки халқи мо аз қадим ба ҳунармандӣ моил буду онро рушд дод, бо маҳсулоти ҳунармандӣ мӯъҷизаҳо офарид,эътибори дунёро ба худ кашид.

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ,на дарбандӣ.

Гаҷкорӣ, қолибофӣ, матоъбофӣ,кандакорӣ, сангтарошӣ,митнятура, санъати тасвирӣ-наққошӣ, хаттотӣ, асбобҳои ороишӣ, китобат,муқовасозии варақ,оҳангарӣ,тунукасозӣ,косибӣ,омодасозии либосҳои миллӣ,аз ҷумла,тоқидӯзӣ, чӯбкорӣ,дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, мебелсозӣ, дуредгарӣ, сабадбофӣ, корҳои рангу бор навъҳои ҳунармандие мебошанд,ки ҳар яке дорои таърихи куҳан аст.

Дар қатори ҳунарҳои номбаршуда имрӯзҳо санъати мебелсозӣ ҳам вусъат ёфтааст ва бисёр ҳунармандони ҷавон барои омӯзиш ва аз бар намудани ин навъи ҳунар таваҷҷуҳи хоса доранд. Барои таҳкими кори хеш нафарони ҳунарманд пайваста ба мутолиаи китобҳо машғуланд ва нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Аз ин ҷост ки дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ оид ба навъҳои гуногуни санъат ва ҳунармандӣ номгуи мухталифи китобҳо ва адабиёти дахлдор дар шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар нигаҳдорӣ мешаванд,ки ҳунармандон ва донишҷӯёни ин соҳа метавонанд дар ин макон аз китобҳо ва адабиёти ҷамъшуда истифода бубаранд ва ба воситаи мутолиа аз нозукиҳои касби хеш огоҳӣ пайдо намоянд.

Дар боло зикр кардем, ки насли навраси имрӯза,бахусус ҷавонон бештар ба мебелсозӣ шуғл ва таваҷҷуҳ доранд.Зеро мебелсозӣ дар замони имрӯза дар баробари яке аз самтҳои фаъолияти сердаромад будан, боз яке аз самтҳое аст,ки муштариёни зиёдеро дорост. Миёни ин ҷавонон метавон фардеро чун Саидҷон Амиров ном гирифт, ки бо тарҳҳои замонавӣ мебел месозад ва нисбати кори хеш бисёр ҷиддист. Ҳунарманд бояд дорои завқи баланди этикию эстетикӣ бошад ва хоҳиши мизоҷонро дар мадди аввал гузорад,- мегӯяд ӯ. Маҳз тамошои маҳсули дасти ҳунармандон ва ошноӣ пайдо намудан бо шахсони ҳунарманд маро водор намуд то имрӯз дар мавриди заҳмат ва шоҳкорирҳои шахсиятҳои ҳунарманд ин сатрҳоро бинависам.

Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.