Қурбони Собир: Агар дар зиндагӣ як зарра обрӯ дорам, аз устод Фаррух Қосим аст
Пас аз дидани барномаи «Китобхон», ки Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир меҳмонаш буд ва ғазали Мавлоноро хонд, фикр кардам ин ҳунарпеша аз маъруфияти зиёд бархурдор аст. Зиндагии паси пардааш чӣ розҳое, дардҳову ногуфтҳое дорад, мушкилоте, ки бо он сар ба сар шудааст, аз чӣ қарор аст, аз духтараш Соро ҳам камтар гуфтааст ё ман шунидаам. Хулоса достони пушти пардааш ва таззодҳое, ки дар рўзгораш рух додааст, шуниднист.
– Соли таваллудатонро ҷое 1960 ва ҷои дигар 1961 навиштаанд. Кадоме дуруст аст ва чаро иштибоҳ рафтааст?
– Ин иштибоҳро худобиёмурз падарам кардааст (бо ханда). Соли таваллуди аслиям 8 – уми марти соли 1961 аст. Аммо дар шиносномаам 10 – уми июни 1960 навишта шудааст. Вақте дар мактаб мехондам, бахши шаҳодатномадиҳӣ дар деҳаамон набуд. Дар мактаб шаҳодатномаи таваллудамро пурсиданд. Падари худобиёмурзам барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд мераваду меояд. Чандин бор мераваду муваффақ барнамегардад. Ғамаш медиҳанд. Як рӯз мегӯянд мусафед биё, бигӯ писарат кай таваллуд шуд. Дигар чизе аз забонаш мебарояд, мегӯяд (механдад). Дигар инро ислоҳ карда намешавад. Замони шӯравӣ насабҳо русӣ буданд, баъд тоҷикӣ шуданд, номамро Қурбоналӣ Нусрати Собир кардам. Аммо соли таваллудамро натавонистам иваз карда, зеро аз аввал ҳамин хел навишта буданд .
-Хушбахтед, ки дар як сол ду бор таваллудатонро ҷашн мегиред.
– Бале. Муҳаббат надорам ба 20 – уми июн, бароям бегона аст, аммо одамоне ҳастанд, ки 20- уми июн ҳам бо гулу гулдаста меоянд. Буд ин гуна ҳолатҳо. Борҳо. Ҳайрон мешавам, мегӯям чӣ гап бошад? Баъд ба ёдам меояд. Як рӯз писараммаам дар ин рӯз ба табрикам омад. Мо маҷбур шудем рӯзи таваллуд муҳайё кунем.
– Биёед аз фаъолияти омўзгориятон дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат суҳбат намоем. Ба донишҷӯёни шӯъбаи журналисти телевизион ва радиои Донишкадаи фарҳанг ва санъат маҳорати актёрӣ меомӯхтед. Ҳоло ҳам онҷоед?
– На. Дарси маҳорати актёрӣ ва нутқи саҳнавиро барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигори телевизион ва радиои ин донишкада барҳам доданд. Хеле аз устодон аз он, ки донишҷӯёни риштаи рўзноманигории ин ҷо дар дарсҳои ихтисосияшон иштирок намекарданду дарсҳои маҳорати актёрӣ мехонданд ва онро аз дарсҳои ихтисосияшон боло мегузоштанд, рашкашон омад. Рафтанду ҷанҷол бардоштанд, ки чӣ даркор аст ба журналист фанни маҳорати актёрӣ, ҳаракати саҳнавӣ, нутқи саҳнавӣ?
-Чаро шӯъбаи журналисти телевизион ва радио дар донишкадаи санъат боз шуд?
– Барои он, ки журналисте омода кунем, ки ҳам пушти пардаро ҳам пеши пардаро бишносанд. То ки аз ошхонаи ҳунар гузаранд. Ва агар ҷойе журналист омода мекунанд, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянӣ, бигзор омода кунанд. Аммо донишкадаи санъат донишкадаи тахассусӣ аст. Ин ҷо аз тахассус гап меравад, бояд журналистони донишкадаи санъат маҳорати актёрӣ бихонанд. Донишҷӯёни бахши журналисти ТВ ва радиои ин даргоҳ бояд либоси саҳнавӣ мепӯшиданд, баробари актёрҳо ҷон мекоҳонданд, саҳна мерафтанд, шамшер мезаданд, мушт мезаданд, корд мезаданд, ёд мегирифтанду баъд мерафтанд журналисти соҳаи фарҳанг мешуданд. Он вақт ҳақ доштанд дар бораи ҳунар нависанд, аз ҳунар сӯҳбат кунанд.
Вой бар ҳоли он журналисте, ки дар соҳаи фарҳангии телевизион, радио ва матбуот кор мекунаду аз ин мактаб нагузаштааст. Ҳайф бар ӯ.
– Метавонед чанд мисол аз кори журналистони хатмкардаи донишкадаи санъат биёред?
– Акбари Ёр, Далер ва чанд тани дигар, ки дар телевизиони Синамо фаъолият мекунанд. Барномаҳои телевизиони Синамо бисёр диданист, аз рӯи он ки ҳамин бачаҳо ҳастанд. Онҳо ҳамин мактабро гузаштанд. Ҳам журналистанд, ҳам бозингаранд, сенария менависанд, матнҳояшонро худашон менависанд. Яъне хеле корҳои хуб анҷом медиҳанд. Магар ин бад аст? Журналистони Донишкадаи фарҳанг ва санъат бояд аз ҳамин осиёб гузаранд.
– Дар телевизионҳои марказии Русия аксаран гардонандагон ё муҷриҳои он ҳунарпеша ҳастанд…
– Онҳое, ки барномаҳои аввалиндараҷа доранд, масалан Малахов, факултаи ҳунарпешагӣ хатм карданд. Ё ҳунарпеша ҳастанд. Яъне онҳо дар ҳунар худашонро намеёбанд, аммо дар телевизион чунон корҳое мекунанд, ки биёву бубину лаззат бубар. Яъне бояд ин тавр бошад.
Мо бояд журналистони боҳунар барорем, ки худашон песа нависанд, огаҳ бошанд. Бидонад, ки як саҳифа песа навиштан чӣ маънӣ дорад, як асари саҳнавӣ навиштан чӣ маънӣ дорад, яъне чӣ гуна коркард мешавад, яъне журналист вақте барномаи фарҳангӣ месозад, ё мақолаи фарҳангӣ менависад куҷоҳоро бояд нигоҳ кунад. Вагарна чӣ даркор аст журналист тайёр кардани Донишкадаи фарҳанг ва санъат? Донишгоҳи милливу славянӣ журналист омода мекунад – ку. Ё дунёро гирифтем акнун мо бо ин корамон?
Мутаассифона, ҳоло ин дарсро барҳам додаанд. Оҳиста – оҳиста ин ҷоро Донишгоҳи миллӣ кардаанд. Ман комилан мувофиқ нестам. Ҳатто факултаро ҷудо кардаанд, дарашонро ҳам ҷудо кардаанд. Донишҷӯёни шӯъбаи журналистӣ ҳеч муносибате бо саҳнаву бозигарӣ, таҳлил надоранд ҳоло, ки хеле ҳайф аст. Мехоҳам бигӯям, аммо гӯшҳо намешунаванд, фикр мекунанд, ки ҳар чизе дар барномаи вазорати маориф ҳаст, ҳамонро бояд дарс бидиҳанд.
– Бо ректори собиқ мушкил доштед.
– Аз замоне, ки худам ин донишкадаро хатм кардам, дар ин ҷо фаъолият дорам, ҳеҷ гоҳ аз ин даргоҳ канда нашудам. Мушкиле бо ректори собиқ доштем, мехост қадами маро канда кунад аз ин макон, аммо истодагарӣ кардам. Чун ҳеҷ гоҳ барои пул кор накардам. Ин донишкада ҷоест, ки ба виҷдонам нохун мезанам ва бачаҳои мардумро ба сӯи маърифату китобхонӣ тела медиҳам. Ин ҷое ҳаст, ки одамон барои худашон хобби (шуғли дӯстдошта) мегӯянд, аммо маънии ҳастиям аст.
– Аз хонавода ҳарф бизанед. Чӣ шуд духтаратон Соро коргардони барномаи «Навид»– и телевизиони Сафина ва бозигари театру синамо дилгарм ба касби шумо шуд ва думболи касби шуморо гирифт.
– Кадом дарди Сороро бигӯям? (Ханда мекунад). Соро хеле духтари аҷиб аст. Фарзандонам мегӯянд ту ӯро бисёртар дӯст медорӣ. То ҷое ҳақиқат дорад ин гап. Имтиёзҳое дорад. Аз рӯзи пайдоишаш дар батни модар фазои зиндагиям иваз шуд. Хонаи якҳуҷрагӣ доштам, дуҳуҷрагӣ шуд. Вақте таваллуд шуд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ шудам.
-Пайи қадам?
Бале. Баракат овард. Мехостам ҳар касберо интихоб кунад, аммо саҳна наравад. Хавотириям ҳама вақт аз ин сабаб буд. Намехостам фарзандонам саҳна бираванд.
-Чаро?
– Чун ҳунари бозигарӣ барои мард хеле вазнин аст. Аслан ин касби занона аст, агар зеҳн монӣ, чуқуртар нигоҳ кунӣ. Бояд бештар занҳо ин касбро интихоб кунанд, вале дар кишвари мо мардҳо ҷо надоранд, мавқеи мардҳо дар ин мамлакат бисёр кунд аст. Ман таваҷҷӯҳ кардам, ки масалан агар ту маълумоти юридикӣ надорӣ, корат сифр аст. Касоне, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ доранд, мошинҳояшон ҳам бузургтару гаронтар аст. Барои мардҳо, ки ин гуна аст, занҳо умуман ҳуқуқ надоранд. Барои ҳамин намехостам Соро ҳамин самт биравад, аммо рафт. Гурӯҳи онҳоро аз фанни маҳорати актёрӣ дарс додам. Бисёр мехостам журналист шавад, аммо ин қадар ба фанни маҳорати актёрӣ ошиқона рафт, ки рафт. Самти ҳунар рафт ва бо гурӯҳи бачаҳои “Нигоҳи нав” ҳамроҳ шуд. Ман ҳам розӣ шудам. Зеро дидам дар зиндагӣ ҷое, ки лаззат мебарад, ҳамин ҷост. Гуфтам чаро не? Дидам корҳои ҳунарияш хеле хуб аст. Дар як филм ҳам бозӣ кард. Бо ман ва Тереза Заурбекова дар як намоишномаи муштараки Эрону Тоҷикистон дар Эрон нақш офарид. Медидам миёни ҳунармандони эронӣ хеле нуфуз дорад, дӯсташ медоштанд. Бозияш ҷоиза гирифт.
-Чанде пеш филми “Бачаи обӣ”- ро дар Маскав муаррифӣ кард.
– Бале. Ин ҳам яке аз корҳои хубаш. Сафарҳои корӣ хеле хуб анҷом дод. Норвегия, Осло, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Эрон рафт. Ин ҳам ба ҳар кас муяссар намегардад. Хелеҳо 70 сол дар кори ҳунар ҳастанд, аммо Қурғонтеппа рафта наметавонанд.
-Шунидам устоди донишкадаи санъат низ ҳаст.
– Касби омузгориро хеле дӯст медорад, 4 сол бе пул дарс дод. Ёвари ман буд. Азбаски дипломи журналистӣ дошт, ҳақ надошт ба донишҷӯёни шӯъбаи актёрӣ дарс диҳад, шӯъбаи коргардонии донишкадаро хатм кард. Ҳоло ба донишҷӯёни шӯъбаи актёрӣ аз фанни маҳорати актёрӣ дарс медиҳад. Бо коргардонҳо Барзу Абдураззоқов, Алии Обидӣ, Файзулло Файзов кор кард. Ин номҳои хеле баланданд, ки як ҳунарпеша як замон пешаш дарс гирифта бошад. Дар Норвегия курси ҳунарпешагӣ хатм кард, сертификат гирифт.
-Аз Соро гуфтед. Фарзандони дигаратон чӣ кораанд?
– Фарзанди бузургам Мунира риштаи забони англисиро хатм кард, Фаридун донишкадаи техникиро. Чун варзишгар буд, оқибат ба варзиш баргашт. Се бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Ҳоло писараш ду бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
-Аз Фаррух Қосим, ки худатонро шогирди ӯ медонед, бигӯед. Ў чӣ ҳаққе болои Шумо дора два Фаррух Қосим кист?
– Агар дар зиндагӣ як зарра обрӯ дорам, аз устод Фаррух Қосим аст. Ба ман ҳақи падарӣ дорад. Машқи зеҳниро бо як нафаре анҷом додам, ки баробараш ҳамон замон касе набуд. Дертар фаҳмидам, ки хеле ҳақҳояшро одамон гирифтан мехоҳанд. Пас аз даргузашти ӯ нафароне ман-манӣ мекунанду мегуянд “Хонасӯзон” аввал идеяи мо буд. Агар идеяи шумо буд, ку ҳоло бигиреду як “Хонасӯзон”- и дигар бикунед, ки бубинем.
Фаррух Қосим дар кори ҳунар ба авҷҳое расид, ки он одамони ман-манӣ карда боз даҳҳо сол зинда монанду қувваи ҷавонияшонро сарф кунанд, расида наметавонанд. Бар Худованд дуруд мефиристам барои он қисмати зиндагиям, ки аз хаттии зиндагии Фаррух Қосим гузашт. Ҳамеша ҳар кореро анҷом медиҳам, мегӯям агар Фаррух Қосим мебуд, чӣ мегуфт. Меписандид ё не. Ҳамсӯҳбати хаёлиям Фаррух Қосим аст.
Фирдавсиро бозӣ мекардам, мардуми зиёд ҷамъ омада буданд. Сабоҳат Қосимова хандида пешам омаду дар гӯшам оҳиста гуфт “сози Фаррух наханд”. Ин суханонро меҳрубонона гуфт. Яъне аз даргузашти
устод Фаррух Қосим даҳсолаҳо гузашт, аммо хандаҳоям аз дунёи ӯ баромадааст. Агар каме ба ӯ наздик шуда бошам, дуруд бар тақдир.
Мусоҳиб Раҳима БОБОЕВА.